ҳуқуқ
НАШЪАҶАЛЛОБӢ. МУОМИЛОТИ ҒАЙРИҚОНУНӢ АЗ ДОХИЛИ МАҲБАС
Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наздикӣ дар рафти гузарондани чорабинии вижаи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Турконии ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон автомошини тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро таҳти идораи сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин боздошт намуданд.
Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ ин хабарро тасдиқ карда, навиштааст, ки ҳангоми азназаргузаронии автомошин аз бағочи он ду борхалтаи полиэтиленӣ дарёфт ва мусодира гардид. Мутахассисони шуъбаи экспертизаи судии агентӣ муайян намуданд, ки маводи мусодирашуда воситаи нашъаовари навъи бангдона буда, вазни умумии он 24 килограмму 550 грамм будааст.
Мувофиқи маълумоти тафтишоти пешакӣ, боздоштшуда А. қаблан ду маротиба - барои дуздӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар суд шудааст. Номбурда ҳангоми иҷрои ҷазо дар муассисаи ислоҳӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон робитаи ҷиноятӣ пайдо намуда, минбаъд маводи нашъаоварро аз ӯ харидааст.
Ба иттилои манбаъ, нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои муайян ва дастгир намудани шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистон, ки ба ин ҷиноят шариканд, идома доранд.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.08.2017 №: 185 Мутолиа карданд: 1284