ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
"Ҳашиш" дар дохили "ДСП" мунҷар ба 91 солу 6 моҳи зиндон шуд
Суди шаҳри Душанбе баъд аз баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Ф.Маҳмадиев, Ҷ.Маҳмудов, Б.Тураев, М.Қуқанов ва Д.Самиев ин афродро ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард.
Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, онҳо дар тасарруфи ғайриқонунии 10 адад масолеҳи сохтмонии «ДСП», ки дар дохилашон ба миқдори 97,610 грамм воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” ҷой карда шудааст, муҷрим шинохта шуданд.
Нафарони судшуда, баъд аз он ки дар бораи мавҷуд будани чунин масолеҳ дар манзили истиқоматии А.Ҳикматов, воқеъ дар деҳаи Болошаҳри Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ огоҳ мешаванд, бо маслиҳати пешакӣ моҳи ноябри соли 2016 шабона вориди ин манзил шуда, як адад ва 12 январи соли 2017 бо ҳамин усул 9 адади дигарро бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ғайриқонунӣ ба хонаи иҷоравиашон дар ноҳияи Рӯдакӣ интиқол додаанд.
Дар робита ба ин, бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе М.Маҳмадиев 20 сол, Ҷ.Маҳмудов 19 сол, Б.Тураев 18 солу 6 моҳ, М.Қуқанов 18 сол ва Д.Самиев 16 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.
Ришва тақдири як масъули коллеҷи омӯзгориро доғдор кард
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Сафаралӣ Каримов, эдвейзери коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол шудааст.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номбурда ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 12 000 сомонӣ аз сӯи кормандони раёсати агентӣ дар вилояти Хатлон боздошт гардидааст. Сафаралӣ Каримов ин маблағро аз шаҳрванд «А» барои дохил намудани ӯ ба донишгоҳ талаб намуда, ҳангоми гирифтани он дар дафтари кориаш дастгир ва 12 000 сомонӣ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба боздоштшуда бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида буд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.08.2017 №: 186 Мутолиа карданд: 1192