logo

паёмҳо

Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон, шаҳри Душанбе, 31 августи соли 2017

Ҳамватанони азиз!
Фарорасии иди саиди Қурбонро, ки яке аз суннатҳои қадимаи мардуми мусулмони мо мебошад, ба хонадони ҳар яки шумо самимона табрик мегӯям.
Мардуми шарифи Тоҷикистон ба шарофати истиқлолият ва сулҳу суботи пойдор имрӯзҳо дар ҳамаи арсаҳо содиқона заҳмат кашида, саъй доранд, ки Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонанд, анъанаву суннатҳои неки милливу мазҳабиамонро гиромӣ доранд, онҳоро пайваста такмил диҳанд ва ин сарвати бузурги маънавиро барои тарбияи наслҳои созандаи халқамон, аз ҷумла эмин нигоҳ доштани наврасону ҷавонон аз таъсири ҳама гуна омилҳои манфӣ истифода намоянд.
Таълимоти дини мубини ислом ва ғояи усулии он дар баробари тоату ибодат, инчунин, сарчашмаи адаб ва махзани бузурги панду андарз мебошад. Зеро он ҳамеша некиву накукорӣ ва бародариву баробариро тарғибу талқин намуда, хушунату зӯроварӣ ва ифротро маҳкум мекунад.
Дар шароити рушди босуръати техника ва технология, ки ҷомеаи башариро ба сӯи кашфиёту ихтироот ва навгониҳои бесобиқа мебарад, моро низ зарур аст, ки аз замонаи пешрафт қафо намонем ва ба омӯзиши амиқи илмҳои гуногун ва васеъ намудани ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ҳар чи бештар талош кунем. Дар баробари ин, мо бояд фарҳанги миллии худро, ки арзишҳои исломӣ ҷузъи он мебошанд, ҳимоя намоем ва онҳоро барои манфиатҳои ҷомеаву давлатамон сафарбар созем.
Мардуми мусулмони мо ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот иди Қурбон ва дигар маросиму суннатҳои эътиқодии худро озодона адо менамоянд.
Ба қарибӣ тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо дарназардошти фикру дархостҳои мардуми кишвар ва бо ташаббуси қонунгузории Роҳбари давлат ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида буд, қабул шуд.
Бояд гуфт, ки ҳадафи тағйиру иловаҳои қабулшуда баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва махсусан, оилаҳои камбизоат буда, ба онҳо дар зиндагиву рӯзгордориашон ва ҳангоми гузарондани маросиму маъракаҳо сабукиҳои зиёд меоранд ва пеши роҳи исрофкориву зиёдаравиро, ки то ҳанӯз дар баъзе мавридҳо ҷой доштанд, мегиранд.
Тағйиру иловаҳои воридшуда ба идҳои динии мо низ дахл дошта, бо харҷи кам гузарондани рӯзҳои ид ва маросими азодориро пешбинӣ кардаанд. Мо бояд идро ба тӯй ва зиёфати бодабдаба табдил надода, онҳоро хоксорона, бо оростани дастархони маънавӣ доир намоем ва бештар ба ҷанбаи тарбиявию ахлоқии он диққат диҳем.
Дар рӯзи иди Қурбон низ мо бояд ба зиёдаравӣ роҳ надода, бештар ба арзиши маънавии он, ки аз сухани нек гуфтан, дасти мадад дароз кардан ба ятимону маъюбон, муҳтоҷону камбизоатҳо, аёдати падару модарон, беморону азодорон ва дигар аъмоли хайру савоб иборат мебошад, таваҷҷуҳ зоҳир намоем.
Ҳар касе тавоноӣ ва қудрати молиявӣ дорад, бояд дар ин рӯзи саид онро барои ба анҷом расондани корҳои хайру эҳсон сарф намояд ва соҳиби савоб барои худ ва аҳли хонаводааш гардад. Хушбахтона, ин раванд ҳоло дар кишварамон ба ҳукми анъана даромадааст ва бовар дорам, ки он минбаъд низ идомаи бештар ёфта, муҳаббату самимият ва дастгирии ҳамдигар дар миёни мардумамон боз ҳам қавитар мегардад.
Мувофиқи аҳкоми шариат қурбонӣ кардан танҳо ба шахсони доро воҷиб буда, касоне, ки ба ин кор имкон надоранд, бо дуо ба рӯҳи гузаштагон ва муомилаи неку ахлоқи ҳамидаи инсонӣ қаноати идро ҳосил менамоянд, ки ин низ фазилати ид ва одоби исломӣ мебошад.
Дарвоқеъ, бе хароҷоти зиёдатӣ ва бе оростани хони бодабдаба гузарондани ид аз қадим хоси мардуми мо буд. Дигар ин, ки касеро ба иҷрои коре, ки аз тавону имконаш берун аст, маҷбур кардан, хусусан, дар шароити имрӯза, қарз гирифта қурбонӣ кардан ва ҳаққи фарзандонро кам намудан низ дар ислом нораво мебошад.
Мо бояд ин масъаларо ба мардум возеҳу равшан фаҳмонем ва нагузорем, ки касони камбизоат боз ҳам қашшоқтар шаванд. Агар шахс як амали хубе ва кори савоберо ба анҷом мерасонад, ба беморе таом медиҳад, аз ҳоли шахси бесаробоне хабар мегирад ва хонаву дари худро ба тартиб дароварда, дар пайи зиндагии хубтар талош мекунад, ин ҳам ба қурбонӣ кардан баробар буда, ба савобҳои дигари ӯ зам мешавад.
Ҳамчунин, таъкид месозам, ки ҷавҳари аслии тарбиявӣ ва ахлоқии иди Қурбон дар изҳори фурӯтаниву хоксорӣ, самимияту садоқат ба Худо ва бандагони вай, ростқавливу иродатмандӣ дар эътиқод ва рафтору гуфтор ифода меёбад.
Хотирнишон месозам, ки шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёриро ба ҷо овардан, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии кишварамонро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшидан, Ватанро сидқан дӯст доштан ва барои ободиву пешрафти он содиқона заҳмат кашидан низ рисолат ва вазифаи имониву инсонии ҳар яки мост. Фаромӯш набояд кард, ки дӯст доштани Ватан шарти имондорӣ мебошад.
Дар ин рӯзи муборак, ки Худованд мустаҷоб гардондани дуову ниёиши мусулмононро ваъда кардааст. Дуо мекунем, ки дар кишвари мо сулҳу субот то абад поянда бошад ва хонадони ҳар як сокини Тоҷикистон ободу осуда, пур аз саодату некбахтӣ ва файзу баракат гардад.
Бори дигар, фарорасии иди саиди Қурбонро ба ҳамаи шумо, ҳамватанони азиз, табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо тани сиҳат, иқболи нек ва барори кор орзу менамоям.
Ид муборак бошад, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.08.2017    №: 186    Мутолиа карданд: 9877
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед