logo

маориф

ДОНИШГОҲИ ТИҶОРАТ - МАКТАБИ СОҲИБКОРОНИ МУВАФФАҚ

Боиси ифтихор ва сарфарозии ҳайати устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли 2009 дар Рӯзи дониш ба донишгоҳи мо ташриф оварданд ва он рӯз Ҷаноби Олӣ бинои нави таълимиро кушода, дар баромади хеш ба фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи низоми кредитӣ баҳои баланд доданд.

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки имсол аз таъсисёбиаш 30 сол пур мешавад, яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии пешрафтаи кишвар ба ҳисоб рафта, дар он ҷараёни таълим тибқи низоми кредитии таҳсилот пеш бурда мешавад.
Ҳангоми таъсисёбӣ донишгоҳ  ҳамагӣ аз  2 факулта ва  4 кафедра  иборат буд. Имрӯз донишгоҳ  дорои 5 факултет,  Донишкадаи  иқтисод ва савдои  шаҳри Хуҷанд, литсей, парки технологӣ, «Бонки таълимӣ», шуъбаҳои магистратура, аспирантура, докторантура ва тайёрӣ, марказҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, таҳсилоти фосилавӣ ва мудофиаи  шаҳрвандӣ  мебошад.
Дар 7 бинои таълимии донишгоҳ 140 синфхона, 7 лабораторияи таълимӣ ва 15 кабинети методӣ ҷойгир шудаанд, ки дар маҷмӯъ дорои 4924 ҷойи нишаст мебошанд. Шумораи синфхонаҳои компютерӣ 15 ва компютерҳо зиёда  аз 600 ададро  ташкил медиҳад. Аксари онҳо ба шабакаи интернет пайваст мебошанд. Дар ҷараёни таълим, инчунин, диопроектор (бо экран), лавҳаҳои электронӣ, миқдори зиёди ноутбук ва нетбукҳо, терминалҳои иттилоотӣ, принтерҳо ва дигар таҷҳизоти  ҳозиразамон истифода бурда мешаванд.
Донишгоҳ аз рӯи 18 ихтисоси замонавӣ, ки 24  зерихтисоси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯйро дар бар мегирад, тибқи барномаҳои «Бакалавр» аз рӯи 11 ихтисос, «Магистр» аз рӯи 14 ихтисоси  илмӣ, дар аспирантура, доктор PhD (доктори фалсафа) аз рӯи 19 ихтисоси илмӣ ва докторантура аз рӯи 2 ихтисоси илмӣ мутахассисон ва кормандони илмӣ - омӯзгориро тайёр мекунад. Шӯрои диссертатсионии донишгоҳ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳур аст. 
Мактаби  илмии ДДТТ машғули тадқиқоту  ҳалли масъалаҳои иқтисодии равияи соҳибкории тиҷоратӣ буда, барои табдил додани Тоҷикистони соҳибистиқлол  ба кишвари транзитӣ, эҳёи «Роҳи абрешим» ва ташкили фазои ягонаи иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ  пайваста талош меварзад. Равияи дигари масъалаҳои тадқиқотӣ дурнамои рушди соҳаи хизматрасонӣ ва  бозори истеъмолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, расондани чунин хадамот - моделҳои муосири хизматрасонӣ ба рушди сайёҳӣ  дар кишвари маҳбубамон  мусоидат менамояд.
Тоҷикистон кишвари биҳиштосо, тамошобоб ва дорои захираю имконоти  фаровон аст ва илман асоснок кардани дурнамои рушди индустрияи сайёҳии  кишвари азиз – ҳадафи корҳои илмӣ мебошад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид  гардидааст: «Минбаъд  муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро лозим аст, ки истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро дар ҷараёни таълим ба роҳ монанд, таҷрибаи байналмилалиро омӯзанд, нақшаву барномаҳои таълимиро ба талаботи бозори дохиливу ҷаҳонии меҳнат ва таҳсилот мутобиқ гардонанд».
Донишгоҳ аввалин шуда «Маркази электронии тестии дохилидонишгоҳӣ» - ро созмон дод. Тамоми санҷишу имтиҳонҳо ба тариқи электронӣ қабул карда мешаванд ва ин амал шаффофияти қабули имтиҳонҳоро баланд мебардорад.
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамчун мактаби таҷрибаи пешқадам дар Тоҷикистон ба ҳамаи муассисаҳои ҳамто барои гузаштан ба низоми нави таълимӣ  ёрии худро мерасонад.
Пояи мустаҳками технологияи иттилоотӣ ва иртиботӣ  имкон медиҳад, ки дар самти навоварӣ  ва кашфиётҳои нав комёбиҳо ба даст оянд. Тавассути  шабакаҳои  интернетӣ бо ибтикори донишгоҳ борҳо конфронсҳои байналмилалӣ баргузор шудаанд .
Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ - тадқиқотӣ ва инноватсионӣ  алҳол инҳоанд:
1. Ташаккул  ва рушди кооператсияи матлубот дар шароити гузариш ба иқтисодиёти инноватсионӣ.
2. Дурнамои  рушди соҳаи хизматрасонӣ.
3. Рушди  фаъолияти соҳибкорӣ.
Тадқиқот дар  соҳаи  тиҷорати  электронӣ  низ оғоз ёфтааст.
Рушди робитаҳои байналмилалии донишгоҳ барои амалӣ гардондани ислоҳоти соҳаи таҳсилоти олӣ ва тадриҷан  ворид шудан ба фазои  ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ нақши назаррас дорад.   Густариши робитаҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳо  бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои  хориҷӣ ва созмонҳои  байналмилалӣ дар доираи шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба роҳандозӣ мешавад. Раёсати донишгоҳ иҷрои корҳои муштараки илмӣ – тадқиқотӣ ва лоиҳаҳои инноватсиониро бо донишгоҳу донишкадаҳои ҷаҳон самти афзалиятноки  фаъолияти хеш мешуморад. Ҳоло бо 13 донишгоҳу донишкадаҳои  хориҷӣ  ҳамкории муштараки илмӣ ба роҳ монда шудааст.
Донишгоҳ дар доираи фаъолияти Шӯрои ректорони  муассисаи таҳсилоти олии кооператсияи матлуботи кишварҳои ИДМ ва шартномаю лоиҳаҳои муштарак алҳол бо беш аз 70  муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои узви ИДМ, Осиё  (Ҷумҳурии  Корея, Ҷумҳурии Мардумии  Чин, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон), Аврупо (Англия, Шотландия, Ҳолланд, Испания, Италия, Белгия,  Олмон, Лаҳистон, Австрия, Чехия, Словения, Латвия, Шветсия, Франсия) ва ИМА ҳамкориҳои  судманд дорад.
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ки аз ҷониби  барномаҳои алоҳидаи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла  барномаи  TEMPUS-и Иттиҳоди Аврупо, Институти «Ҷомеаи  кушода», Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешаванд, фаъолона иштирок менамояд. Дар тӯли 10 соли охир донишгоҳ дар татбиқи 15 лоиҳаи муштараки байналмилалӣ, ки самтҳои гуногуни ислоҳоти соҳаи  таҳсилоти олӣ, ба монанди такмили идоракунии донишгоҳ, баланд бардоштани сифати таълим ва кафолати он, байналмилалишавии таҳсилот ва тадқиқот, такмили нақшаҳои таълим, мубодилаи  омӯзгорон ва донишҷӯёнро дар бар мегиранд, иштирок намудааст. Дар амалӣ гардондани ин нақшаҳо  саҳми устодон Арбоби илму техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор С. Ҳабибов,  дотсентон Н. Сангинов, З. Қодирова, Ф. Шарофов, Н. Салимов  ва бисёр дигарон арзанда аст.
Донишгоҳ дорандаи ҷоизаҳои байналмилалии «Сифати Аврупо» (2007), «Муассисаи беҳтарини Аврупо» (2009), шаҳодатномаи аккредитатсияи барномавии  байналмилалӣ (2012) ва ғолиби чандин озмунҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошад.
Дастпарварони      донишгоҳ ифтихори моанд, онҳо  соҳибкороне мебошанд, ки бо созандагию  бунёдкории худ дар рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми назаррас доранд. Дар корхонаҳои таъсисдодаи дастпарварони донишгоҳ  Авазхони  Султони Кабир, Ғафур Муродалиев, Абдуҳалим Қодирзода, Саидалӣ Амиров, ва дигарон даҳҳо ҳазор сокинони кишвар бо ҷойи кор таъминанд.  Даҳҳо хатмкунандагони  донишгоҳ дар вазифаҳои масъули давлатӣ меҳнат мекунанд.
Дар рӯзи ҷашни 30 - солагии донишгоҳ бамаврид аст номи ташкилотчӣ ва нахустректори ин боргоҳи илму ҳунар, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии матлуботи ҷумҳурӣ, марди бунёдкору созанда, шодравон Арслонбек Ғозибековро бо некӣ  ёд намоем. Устодон Владимир Василевич Салий, И. Усмонов, М. Дониёров, А. Қодиров,  В. Набиев, Ҳ. Наҷмиддинов, В. Стетсенко Р. Исоев, Ҳ. Боқиев, Н. Сангинов, А. Юсуфов, М. Исмоилова,  В. Николаева, А. Умаров, А. Абдуназаров, К. Ҳусейнов,  Б. Қурбонмуродов, В. Давлатмамадов, З. Абдуев, О. Ғуломов ва дигарон дар рушду камоли шогирдон ва ба воя расондани кадрҳои баландихтисос саҳми арзанда гузоштаанд.
 Имрӯз  ҳайати  профессорону устодони ДДТТ пешоҳанги низоми кредитии таълим дар ҷумҳурӣ  буда, дар иҷрои вазифаҳои гузоштаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба камол расондани мутахассисони баландпоя сарбаландона талош меварзанд.

Ф. ФАҚЕРЗОДА, Р. РАҶАБОВ,
Қ. ТОЛИБОВ, С. ҲИКМАТОВ,
Ҳ. САНГИНОВ, устодони  ДДТТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.09.2017    №: 187    Мутолиа карданд: 2774
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед