logo

сафарҳо

САФАРИ ДАВЛАТИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ЧИН

МАРОСИМИ ГУЛГУЗОРӢ ДАР НАЗДИ МАҶМААИ МУҶАССАМАИ “ҚАҲРАМОНҲОИ МИЛЛӢ”
31 август дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ба таъриху тамаддун ва фарҳанги бою қадимаи мардуми кишвари дӯсту ҳамсояи Чин дар шаҳри Пекин дар назди Маҷмааи муҷассамаи “Қаҳрамонҳои миллӣ” гулчанбар гузошта, хотираи шаҳидонро пос доштанд.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамроҳӣ карданд.

МУЛОҚОТ БО ЧЖАН ДЭСЗЯН
31 август дар шаҳри Пекин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Дэсзян мулоқот намуданд.
Зимни вохӯрӣ вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаю ояндадори Тоҷикистон ва Чин, ки дар асоси маҷмӯи санадҳои муҳими ҳуқуқии ҳамкорӣ танзим мешаванд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре таъкид гардид, дар давоми солҳои барқароршавии муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин ҳар ду ҷониб ба натиҷаҳои назаррас шарафёб гардида, сохторҳои зарурии тақвиятдиҳандаи ҳамкориҳо таъсис дода шудаанд.
Аз сатҳи муносибатҳои сиёсию байни-парлумонӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ изҳори қаноатмандӣ шуда, нақши парлумонҳои ҳар ду давлат дар рушду тавсеаи муносибатҳо таъкид гардид. Барои тақвияти бештари ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ҷонибҳо таклифу пешниҳодҳои судманд баён доштанд. Дар мулоқот, ҳамчунин, масоили ҳамдастии парлумонҳои ду давлат дар мубориза алайҳи терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои нави минтақавию ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

ВОХӮРӢ БО ЛИ КЕТСЯН
31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян мулоқот намуданд.
Ҷонибҳо атрофи вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин мубодилаи афкор карда, соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, роҳу нақлиёт, саноати кӯҳию металлургӣ, молияву бонкдорӣ, кишоварзӣ, амният, фарҳанг, маориф ва туризмро аз самтҳои ояндадор ва манфиат-овар арзёбӣ намуданд.
Бо қаноатмандӣ аз раванди рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳо дар ин соҳаҳо, мусоҳибон изҳор доштанд, ки истифодаи имконоту захираҳои истифоданашуда дар ин самт ва дар доираи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, метавонад ба манфиати ду ҷониб бошад.
Таклифу пешниҳодҳои судманд атрофи иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги минтақавии сохтмони роҳҳои оҳан ва лӯлаҳои интиқоли газ, лоиҳаи бунёди хатҳои интиқоли неруи барқ ва бунёду навсозии иншооти инфрасохтории гуногун баён карда шуд.
Мусоҳибон,  ҳамчунин, атрофи масъалаҳои вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, бунёди неругоҳҳои миёнаиқтидори барқи обӣ, навсозӣ ва таҷдиди роҳҳои пайвандсози ду давлат, таъсиси паркҳои саноатию технологии муштарак, бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ ва сохтмонӣ, корхонаҳои коркарди металл ва маъданҳои кӯҳӣ, ба роҳ мондани содироти меваю сабзавоти тару тоза ва хушкмеваҳои Тоҷикистон ба Чин, таҳкими ҳамкориҳои молиявию қарзӣ, истеҳсоли маводи доруворӣ ва беҳсозии инфрасохтори сайёҳӣ дар кишвари мо табодули афкор намуданд.
Ҳамзамон дар мулоқот дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо баррасӣ шуданд.

МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН
31 август сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин бо маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ оғоз гардид.
Меҳмони олиқадр, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин самимона пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд.
Маросими истиқболи расмӣ бо сафороии ҷузъу томҳои горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии Тоҷикистону Чин, гузаштан аз назди қатори афсарону сарбозон ва арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт. Ба ифтихори сафари давлатии меҳмони олимақом тибқи муқаррароти истиқболи расмӣ аз тӯпҳо 21 маротиба шиллик парронда шуд.
Масоили ҳамкории ду кишвар дар мулоқоти хоссаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Чин идома ёфт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барои даъвати анҷом додани сафари давлатӣ изҳори сипосу миннатдорӣ карда, ин кишварро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсояи наздик ва шарики боэътимод арзёбӣ намуданд.
Аз сатҳу сифати ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарии Тоҷикистон ва Чин дар давоми 25 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ изҳори хушҳолӣ намуда, ҷонибҳо барои идомаи бобарори муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба дар ҳама сатҳу зинаҳо омодагии худ-ро таъкид доштанд.
Ҳамкории бардавом ва робитаи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ва доираҳои соҳибкорию тиҷоратии ду давлат асоси рушду таҳкими муносибатҳо  дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ арзёбӣ шуд.
Ҷонибҳо ҷиҳати рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар доираи ташаббуси таърихии «Як камарбанд - як роҳ» ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд.
Тавре таъкид гардид, дар сармоягузориҳои мустақими Ҷумҳурии Мардумии Чин имкониятҳои мавҷудаи Тоҷикистон, аз ҷумла иқтидорҳои бойи гидроэнергетикӣ то ба ҳол истифода нагардидаанд ва тақвияти ҳамкориҳоро дар соҳаҳои молия ва низоми бонкӣ тақозо менамоянд.
Тоҷикистон ҳавасманди иштироки фаъоли Чин дар татбиқи лоиҳаҳои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ мебошад, таъкид доштанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Дар кишвари мо барои амалӣ намудани чунин лоиҳаҳо имкониятҳои созгори сармоягузорӣ фароҳаманд. Барои таҳ-кими робитаҳои байнидавлатӣ дар самти навсозии иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва нақлиёту транзитӣ, аз ҷумла сохтмони роҳи оҳани минтақавии Чин - Қирғизистон - Тоҷикистон- Афғонистон - Эрон, ки метавонад шохаи ҷанубии «Роҳи бузурги абрешим»-ро эҳё созад, фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардиданд.
Имкониятҳои бузурги Тоҷикистон дар роҳандозии ҳамкориҳои самарабахш бо Чин дар соҳаҳои сохтмон ва навсозии корхонаҳои истеҳсоли алюминий, воридоти техникаю технологияи муосир аз Чин ва содироти меваю сабзавот ба Чин махсус таъкид гашт. Ҷонибҳо барои боз ҳам беҳтар гардидани робитаҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, таҳким бахшидани кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва зеркомиссияҳои дахлдор байни Тоҷикистон ва Ноҳияи мухтори Синҷону Уйғурро зарур шумурданд.
Зимни мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, коркарди нахи пахта ва маъданҳои кӯҳию металлургӣ баррасӣ шуда, ҷиҳати беҳтар гардондани муносибатҳо дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва фарҳанг ҳамфикрии амиқ зоҳир карда шуд.
Мавзӯи дигари меҳварии мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистон ва Чин ҳамдастии густурда дар асоси дуҷониба ва дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар таъмини амнияту суботи сартосарии минтақа, мусоидат ба беҳсозии авзои сиёсию низомии Афғонистон, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҷудоихоҳӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ буд.
Дар анҷоми музокироти сатҳи баланди байнидавлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон мусоид ба Тоҷикистон ташриф оранд.
Сипас, аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо иштироки сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин 13 санади нави ҳамкорӣ - Эъломияи муштарак оид ба истиқрори шарикии стратегии ҳамаҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, Барномаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати хоҷагии қишлоқи  Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба пешбурди якҷояи бунёди парки намунавии ҳамкориҳои кишоварзӣ, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои меҳнатӣ, Созишнома байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор, Ёддошти тафоҳум байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати аудитори миллии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкории фаъолияти аудиторӣ дар бахши давлатӣ, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҳамкориҳои техникию иқтисодӣ доир ба ҷудо намудани кумаки бебозгашт, Созишномаи қолабӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҷудо намудани қарзи имтиёзнок (барои лоиҳаи сохтмони хати интиқоли барқи 500 кВ - и ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ), Ёддошти тафоҳум байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва техникаи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъсис додани Комиссияи Тоҷикистон ва Чин дар бораи ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ, Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии иттилоотии Чин “Синхуа”, Созишнома оид ба барқарорсозии муносибатҳои бародарона байни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Шансии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Протокол оид ба майли истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Тайюани музофоти Шансии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз шумораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба наздики 200 - торо ташкил медод ва онҳо бахшҳои муҳимро дар бар гирифтаанд.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПРОФЕССОРИ ФАХРИИ ДОНИШГОҲИ СИНХУАИ ШАҲРИ ПЕКИН
1 сентябри соли 2017 дар шаҳри Пекин вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳи Синхуа, ҳамчунин, ҳайати донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии таълимии Чин таҳсил доранд, баргузор шуд.
Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ректори донишгоҳи Синхуа мулоқоти самимӣ доир карда, ҳамкории доираҳои илмии Тоҷикистону Чинро баррасӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки давоми солҳои ҳамкорӣ дар соҳаи маориф баробари дигар соҳаҳо  робитаи муассисаҳои олии таълимии ҳар ду кишвар бо ҳам наздику қавӣ мегардад. Айни ҳол наздики 3000 нафар донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Чин таҳсил доранд ва ин нишонаи олии ҳамкорӣ дар ин самт мебошад.
Ба ифтихори сафари давлатии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ва бинобар имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва донишгоҳи Синхуа ректори донишгоҳ иқдом кард, ки минбаъд дар  марҳилаи якум барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳи Синхуа 10 квота ва дар марҳилаи дуюм 50 квота ҷудо мегардад.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми арзанда дар рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Чин ва таҳкими ҳамкории илмӣ бо унвони Профессори фахрии соҳаи иқтисод сарфароз карда шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шарафёбӣ ба унвони Профессори фахрии соҳаи иқтисоди яке аз маъруфтарин донишгоҳҳои Чин изҳори қаноатмандӣ карда, ба ҳайати роҳбарӣ ва Шӯрои илмии ин муассисаи олии таълимӣ барои қадршиносиашон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки донишгоҳи Синхуа ба ҳайси муассисаи олии таълимии барӯманд дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва берун аз марзҳои он шуҳрат пайдо карда, намунаи манзалати байналмилалии Чин ва таҷассумгари орзуҳои насли ҷавони ин кишвар аст.
Дар суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи донишҷӯёни тоҷикро, ки дар ин донишгоҳ барои вохӯрӣ бо Сарвари давлати худ ҷамъ омадаанд, бо Рӯзи дониш, ки ҳамасола якуми сентябр дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, табрику муборакбод гуфтанд ва бори дигар таъкид бар он доштанд, ки умеду ормонҳои давлат ва миллати тоҷик аз насли наврасу соҳибмаърифати мамлакат хеле бузургу беандоза аст.

МУЛОҚОТ БО ЛУ ШАН
2 сентябр дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор ширкатҳои бонуфузи чинӣ мулоқотҳои судбахш анҷом доданд.
Дар шаҳри Пекин Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон директори генералии ширкати сохтмони роҳу пулҳои Чин («Чайна Роуд энд Бриҷ Корпорэйшн») Лу Шанро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили вобаста ба татбиқи босамари лоиҳаҳои роҳсозӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ширкати мазкур доир ба сохтмон ва навсозии роҳҳои мошингарди Тоҷикистон баҳои арзанда доданд.
Бо иштирок ва маблағгузории ширкат дар Тоҷикистон лоиҳаҳои калони сохтмони роҳи байналмилалии Душанбе - Хуҷанд - Чанақ бо нақби Шаҳристон ва қисмати Душанбе - Данғараи шоҳроҳи Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ - Кулма - Қароқурум бо нақби Чормағзак бо сифати ҷавобгӯй ба талаботи меъёрҳои сохтмонӣ ба анҷом расонда шуданд.
Дар ҷараёни мулоқот доир ба дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, аз ҷумла дурнамои ҳамкорӣ, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

ВОХӮРӢ БО ХОУ ВЕЙГУ
Дар шаҳри Пекин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Шӯрои директорони ширкати «Жонгсинг телекоммуникэйшн эквипмент зетеӣ» (ZTE) Хоу Вейгу мулоқот карданд.
Зимни суҳбат масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа ва телерадиокоммуникатсия баррасӣ шуд.
Ширкати «Зетеӣ» (ZTE) дар Тоҷикистон зиёда аз 20 сол боз фаъолият дорад ва намояндагони ширкат мақсад доранд оянда бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои гуногун, аз ҷумла кам кардани талафоти неруи барқ дар Тоҷикистон ва ҳукумати электронӣ ҳамкориҳоро густариш диҳад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳамкорӣ барои ҳамқадами рушди техникаю технологияи пешқадами ҷаҳонӣ будан ва амалӣ намудани ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон басо муҳим аст.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар дигар лоиҳаҳои ояндадори соҳа баррасӣ гаштанд.

ГУФТУГӮЙИ СУДМАНД БО ВАН СИНЙЕ
Дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари ширкати «Поли технолоҷӣ» Ван Синйе мулоқот карданд.
Дар ҷараёни суҳбат дурнамои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ширкати бонуфузи чинӣ ва масъалаҳои ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон тавассути бунёди корхонаҳои муштарак баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати дарҳои кушода барои ҷалби сармояи хориҷӣ фазои мусоиди сармоягузориро фароҳам овардааст ва ширкати «Поли технолоҷӣ» низ метавонад дар радифи дигар ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон фаъолияти судовар дошта бошад.
Роҳбарияти ширкат бо ҳавасмандӣ аз фазои мусоиди сармоягузорӣ бо итминон иброз дош-танд, ки оянда корхонаҳои муштараки саноатии истихроҷу коркарди захираҳои моддӣ, дигар коргоҳҳои навро ба манфиати ҳар ду ҷониб бунёд карда, дар самти рушди технологияҳои коммуникатсионӣ, инчунин, рушди дигар соҳаҳои ояндадор ҳамкорӣ менамоянд.

СУҲБАТИ ПУРМУҲТАВО БО САЙ СУЙ СИНГ
Ҳамчунин, як мулоқоти самимӣ  ва созандаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари ширкати «Ҷенерал найс инвестмент» хонум Сай Суй Синг доир намуданд.
Зимни суҳбат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи соҳибкорони чиниро ба захираҳои калони ангишти Тоҷикистон, истифодаи он дар истеҳсолот, ҷалби сармоя ва технологияи навтарини истихроҷ ва коркарди ангишт, истифодаи ангишт дар таъмини неруи гармӣ ба аҳолӣ ҷалб намуданд.
Роҳбарияти ширкат таъкид доштанд, ки айни ҳол бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи пурсамар доранд ва оянда бо дастгирии роҳбарияти давлату Ҳукумат бо ворид кардани технологияи муосир дар самти истихроҷу истифодаи ангишт ва дигар моддаҳои кимиёвӣ барои истеҳсолот дар Тоҷикистон ҳамкориро таҳкиму тавсеа мебахшанд.

ПАЗИРОИИ ХОНУМ ЛИН ЖУЙТСӢ
Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти ширкати технологии “Хуавей” хонум Лин Жуйтсӣ масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи телерадиокоммуникатсия баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо дарназардошти воридот ва насби технологияи муосир дар бахшҳои гуногун тақвияти ҳамкориро дар самти омода кардани мутахассисони тоҷик барои фаъолияти пурсамар дар ин соҳа таъкид намуданд.
Ҳамкории ширкати «Хуавей» бо Тоҷикистон аз соли 2009 оғоз ёфта, яке аз бузургтарин лоиҳаҳояш тарҳи “Шаҳри бехатар”, яъне насби камераҳои назоратӣ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе мебошад. Дар намояндагии ширкати «Хуавей» («Huawei») дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 140 нафар бо ҷойи кор таъмин буда, аз он 135 нафарашон мутахассисони маҳаллӣ мебошанд.
Зимни мулоқот роҳбарияти ширкати «Хуавей» омодагии худро барои дар Чин ба омӯзиш фаро гирифтани даҳҳо нафар мутахассисони ҷавони тоҷик иброз доштанд.
Ҷонибҳо доир ба дигар самтҳои муҳими ҳамкорӣ ва таҳияи лоиҳаҳои муосири ҷалби технология ба Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

МУЛОҚОТ БО ЛЮ ГУОЧАН
Дар шаҳри Пекин, ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо директори генералии ширкати “Юнан констракшн энд инвестмент групп” Лю Гуочан мулоқот карданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои тақвияти ҳамкорӣ бо ширкатҳои сармоягузории Чин баҳри рушди иқтисодиёт ва пешрафти саноати мамлакат иброз доштанд.
Ширкати “Юнан констракшн энд инвестмент групп” ташкилоти молиявию технологӣ буда, яке аз ширкатҳои пешсаф дар бахши истеҳсоли алюминий мебошад. Зимни мулоқот намояндагони ширкат ҳавасмандии худро баҳри таҳияи лоиҳаҳои муштарак, маблағгузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, воридоти технологияи наву муосир ва аз ҷиҳати экологию техникӣ дар ҷаҳон нодир барои пешрафти кори ширкати «ТАЛКО» дар самти коркарди ашёи хом изҳор доштанд.

ҲАМОИШИ ИҚТИСОДӢ – САРМОЯГУЗОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН
3 сентябр дар доираи сафари давлатии худ дар шаҳри Пекин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши иқтисодӣ – сармоягузории Тоҷикистон ва Чин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғоз чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ вазири тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин Чун Жан ифтитоҳ намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сухан дод.
Баргузории ин вохӯрӣ  боз як фурсати муносиб барои муаррифии бештару хубтари имкониятҳои воқеии ҳамкориҳои минбаъдаи тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ду кишвари ҳамҷавор арзёбӣ шуд.
Таъкид гардид, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳтар намудани фазои кории соҳибкорон ва фароҳам сохтани шароити хубу мусоид барои сармоягузорони  хориҷӣ тадбирҳои ҳадафмандона андешида, рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармояро  самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки тайи солҳои охир Тоҷикистон се маротиба ба рӯйхати  “Даҳ кишвари пешсафи ислоҳотгар” шомил гашта, мавқеи худро дар рейтинги «Пешбурди бизнес» аз рӯи нишондиҳандаҳои бақайдгирии бизнес, андозбандӣ, гирифтани қарз ва тиҷорати байналмилалӣ беҳтар кардааст ва намояндагони  доираҳои  соҳибкорӣ  ва ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин   низ имкон доранд, тақрибан аз  дусаду чил сабукиҳои андозбандӣ ва қариб ҳафтод навъи ҳавасмандгардониҳои сармоягузорӣ   дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок истифода намоянд.
Барои роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, инфрасохторӣ ва нақлиётию иртиботӣ,  саноати  металлгудозӣ, мошинсозӣ, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок, аз ҷумла  маъданҳои  кӯҳӣ,  саноати  кимиёвӣ, сабук ва хӯрокворӣ, истеҳсоли маводи сохтмон, комплекси  агросаноатӣ ва туризм, пешниҳодҳои судманд ироа шуданд.
Чор минтақаи озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  имзои  Барномаи ҳамкории миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҳамчунин,  тақвияти тадбирҳо дар роҳи бунёди минтақаи саноатии Тоҷикистону Чин аз имкониятҳои дигари тақвиятбахши муносибатҳои дуҷонибаи доираи тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистон ва Чин  маънидод гардид.
Бо қаноатмандӣ таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон тамоми шароити зарурӣ  барои роҳандозии ҳамкориҳои судманд  бо доираи тоҷирону соҳибкорони Чин  фароҳам мебошад ва истифодаи самараноки ин имкониятҳо барои ҳар ду ҷониб ҳамаҷониба манфиатбор аст.
Дар ҳамоиши иқтисодӣ – сармоягузории Тоҷикистон ва Чин доир ба имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахшҳои гидроэнергетика ва нафту газ, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулоти кишоварзӣ, алюминий, бонкдорӣ ва системаи бонкӣ, сайёҳӣ ва ғайра раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Файзиддин Қаҳҳорзода муаррифиномаи муфассал пешкаш намуд.
Дар ҳамоиш ноиби президенти Бонки содироту воридот (Эксимбонк) Сун Пинг ва директори минтақавии ширкати сохтмони роҳу пулҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Ҷинбао сухан ронданд.

ИМЗОИ ЯК ҚАТОР СОЗИШНОМАҲОИ ҲАМКОРӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН
3 сентябр дар шаҳри Пекин дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими имзои Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содиротию воридотии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҷудо намудани қарзи имтиёзнок ба маблағи 79 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи лоиҳаи таҷдиди хати баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 - киловолтаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Созишномаро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири молия Абдусалом Қурбониён ва аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин ноиби президенти Бонки содироту воридотии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сун Пинг имзо карданд.
Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Пекин маросими имзои як қатор созишномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид, аз ҷумла, Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва техника байни Донишгоҳи аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин;
Ёддошти тафоҳум байни Донишгоҳи аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин;
Ёддошти тафоҳум байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи миллии ҳастаии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои ҳастаӣ бо мақсади осоишта;
Ёддошти тафоҳум байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии рушди авиатсионии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди коркарди системаҳои бесарнишини ҳавоӣ, барои мақсадҳои гуногун;
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни ширкати “Ғаюр Саноат” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Синхуа Тиен Чен”
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни ширкати “Ғаюр” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Джинно гласс серамик групп”;
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни ширкати “ТАЛКО”- и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Юнан»;
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни ширкати “ТАЛКО” ва ширкати сохтмони роҳу пулҳои Чин («Чайна роуд энд бриҷ корпорэйшн»)
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни ширкати “ТАЛКО” ва ширкати сармоягузории ширкати «Ҷенерал найс инвестмент».
Бо итминон гуфта метавонем, ки баъди имзои чунин санадҳои муҳими ҳамкорӣ тавассути бунёди коргоҳҳои муштараки саноатӣ,  маблағҳои зиёди сармояи ширкатҳои чинӣ ба иқтисодиёти кишвари мо ворид гардида, дар таъсиси ҷойҳои корӣ, истифодаи неъматҳои моддии кишвар, рушди бахшҳои гуногун ва беҳтар намудани сатҳи иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад.
Дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар маҷмӯъ 24 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

ДАР МУЗОФОТИ ЛЯОНИНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН
4 сентябр дар роҳи сафар аз шаҳри Пекин ба шаҳри Сямэн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Далян боздид намуда, бо котиби кумитаи ҳизбии музофоти Ляонини Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Си мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили роҳандозии ҳамкориҳои доманадор ва судовар байни вилоятҳои Тоҷикистон ва ин музофоти пешрафтаи Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷонибҳо самтҳои сармоягузорӣ, иқтисоду тиҷорат, энергетика, коркарди маъданҳо, сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду миёна, фарҳангу мао-риф, хусусан ба роҳ мондани робитаи мустақими байни муассисаҳои олии таълимӣ ва тарбияи мутахассисони ботаҷриба дар муассисаҳои олии таълимии Ляонин барои Тоҷикистон ва сайёҳиро аз бахшҳои муҳим ва манфиатбори ҳамкориҳо маънидод намуданд.
Ҷалби бештари сармояи ширкату идораҳои саноатию сохтмонии Чин ба татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла ҷалби сармоя ба соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон, таҷдиду навсозии инфрасохтори роҳу нақлиёт, коркарди канданиҳои фоиданок, кишоварзӣ ва бунёди иншооти сайёҳӣ, иқдоми муҳим барои ба сатҳу сифати беҳтар расондани муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ арзёбӣ шуд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо баррасӣ гардиданд.

МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ШИРКАТИ КӮҲКОРӢ
4 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Сямэни музофоти Футсзян барои иштирок дар ҳамоиши IX сарони давлатҳои узви БРИКС бо президенти ширкати кӯҳкории «Зиҷин» Чэн Ҷин Хэ мулоқот намуданд.
Дар суҳбат ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои минбаъдаи миёни ширкати кӯҳкории «Зиҷин» ва Тоҷикистон дар бахши афзоиши истихроҷ ва коркарди саноатии тилло дар корхонаи муштараки Зарафшон мубодилаи афкор намуданд.
Зикр гардид, ки ин ширкат тайи 10 соли фаъолияти хеш дар Тоҷикистон беш аз 450 миллион доллари амрикоӣ сармоя гузоштааст. То имрӯз истеҳсоли тилло ба 20 тонна ва шумораи коргарон ба бештар аз 2 ҳазор нафар расонда шудааст, ки 98 дарсади онро мутахассисони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.
Тибқи нақшаҳои оянда ширкат ният дорад, ки дар Тоҷикистон як корхонаи истеҳсолии коркарди мис бо тамоми таҷҳизоту технологияи муосир бун-ёд намояд.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин, доир ба татбиқи як қатор лоиҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла барои кормандони корхонаи муштараки Зарафшон, сурат гирифт.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.09.2017    №: 187    Мутолиа карданд: 6603
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед