logo

номаҳо

МАҲБУБИ ДИЛҲО

Агар авроқи таърихро саҳифагардон кунем, мебинем, ки миллати заҳматкашу меҳнатдӯст, ободкору созандаи тоҷик бархӯрду таҳдидҳои зиёдеро аз сар гузарондааст. Аммо, бо вуҷуди ҳамаи ин фишору ноадолатиҳо, тоҷикон бинобар ҳунарманду боистеъдод, бурдбору пуртамкин буданашон дар бисёр самтҳои фаъолияташон рақибе надоштанд ва боҷуръатона ба пеш гом мебардоштанд.

Дипломати рус Е. К. Мейендорф соли 1826 дар бораи тоҷикон чунин гуфтааст: «Тоҷикон мардуми коршинос, меҳнатдӯст ва ҳунарманданд. Бештар ба кишоварзӣ, косибӣ ва тиҷорат машғуланд ва ба ҳаёти кӯчиёна таваҷҷуҳе надоранд. Аксарияти онҳо босавод буда, сокинони мутамаддини Осиёи Миёнаро ташкил медиҳанд». Бале, тоҷикон аз қадимтарин халқҳои дунё буда, дар ҳама давру замон забону миллати хешро нигоҳ доштаанд, аз ҳама гуна фишору таъқибу таҳқирҳо сарбаландона раҳо ёфтаанд.
Баъд аз он, ки 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон Истиқлолияти давлатӣ касб кард ва дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии кишвар вакилон сарвари арзандаи худро интихоб карданд, ин падида ба душманони миллату давлати тоҷикон хуш наомад. Мухолифони давлат байни мардум тухми низоъ коштанд. Пайомад он шуд, ки ҳазорҳо нафар куштаву даҳҳо ҳазор нафар гуреза шуд. Ҳама ҷоро тороҷ кардаву ба яғмо бурданд, иқтисодиёт ба зинаи пасттарин фаромад. Он солҳо тоҷикону давлати ягонаи онҳо дар вартаи хатарнок қарор дошт. Шахсе, ки ин давлату миллатро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшид, бешубҳа, Сарвари хирадманду инсондӯст ва адолатпешаи мо Эмомалӣ Раҳмон аст.
Таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон бо сарварии Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бисёр давлатҳои ҷаҳон мавриди баррасиву омӯзиш ва истифода қарор гирифт. Пешвои миллати мо дар ҷаҳон чун роҳбари сулҳдӯсту сулҳпарвар шинохта шудаву маъруфияти калонеро соҳиб гаштанд. Ин барои ҳар кадоми мо бояд боиси ифтихор бошад.
Хизматҳои дигари Пешвои муаззами миллат дар пешбурди давлати тоҷикон, эҳёи арзишҳои тамаддуни мардуми ориёинажод, шукуфоии ҳамаҷонибаи кишвар, таъмини сулҳу суботи сартосарӣ пеши назари мардум аст. Махсусан, имрӯзҳо, ки қисме аз сайёраи моро оташи ҷангҳои миллатгароиву мазҳабӣ, харобсозии осори фарҳангиву таърихӣ фаро гирифтааст, фазои ороми кишвар ва ҳаёти хушу хуррами мо туҳфаи арзишманди сарвари тоҷикону тоҷикистониёни ҷаҳон ба халқи азизаш мебошад, ки ӯро маҳбуби дилҳо гардонидааст.
Юнусалӣ СИДДИҚОВ, 
ноҳияи Ашт, узви Иттифоқи журналистони  Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.09.2017    №: 188    Мутолиа карданд: 2629
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед