ҳуқуқ
ИСТИҚЛОЛИЯТ
ВА РУШДИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ
Дар замони Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ санадҳои асосии марбут ба ҳуқуқи инсонро эътироф намуда, дар Конститутсияи худ ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон кард. Ин меъёр ба он далолат мекунад, ки шинохти тамоми арзишҳои дигар дар доираи манфиату манзалати инсон имконпазир аст. Ҳеҷ як манфиат, неъмат ва дороӣ аз инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ боло буда наметавонад, ки ин ҳам аз файзи истиқлолият аст.
Тибқи қонунгузорӣ, барои таъмини ин кафолати конститутсионӣ яке аз шохаҳои алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ - ҳокимияти судӣ вазифадор гардид, ки ин раванд аз ҳар як корманди мақомоти судӣ масъулияти баланди касбиро тақозо мекунад. Роҳбарият, судяҳо ва кулли кормандони мақомоти судӣ ин рисолати пуршарафро ба хубӣ дарк намуда, дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини ҳамаҷонибаи қонунияту адолат дар ҷомеа талош меварзанд.
Таҳкими фаъолияти мақомоти судӣ ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Президенти маҳбуби кишвар қарор дошта, корҳои зиёде дар ин самт анҷом ёфтаанд. Чунончи, қабул ва татбиқи барномаи вижаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ, ки маҳз бо эҳтимоми Пешвои муаззами миллат сурат гирифт, дар шаклгирии низоми боадолатона, таҳкими сохтори судӣ нақши муассир гузошт. Аз ҷумла, барои баланд бардоштани нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, таъмини ҳамаҷонибаи қонунияту адолат бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар се давра (солҳои 2007 - 2010, 2011 - 2013 ва 2015 - 2017) қабул шуданд. Дар ин замина кодексҳои мурофиаи гражданӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, мурофиаи иқтисодӣ ва мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабул гардида, дар сохтори Суди Олӣ, суди ВМКБ, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ ва маъмурӣ таъсис ёфтанд.
Таҳлили фаъолият нишон медиҳад, ки татбиқи барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар баланд бардоштани масъулияти кормандони мақомоти судӣ ва ба талаботи қонунгузорӣ ҷавобгӯ будани фаъолияти онҳо нақши муассир гузоштааст. Ин ҳама тадбирҳои анҷомшуда охири кор набуда, ислоҳоти судӣ дар мамлакат идома дорад ва ҳадафи ниҳоӣ иқтидори бештар бахшидани ҳокимияти судии воқеан адолатпарвар, мустақилу беғараз ва касбӣ мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ оид ба нақши ҳокимияти судӣ дар татбиқи амалии адолат ибрози назар намуда, таъкид карданд: «Мустақилияти ҳокимияти судӣ чун рамзи адолат аз обрӯву нуфузи он дар ҷомеа, сатҳи омодагии касбии судяҳо дар мавриди доварии софдилонаи онҳо ба нафъи инсон, ҷомеа ва давлат вобаста аст. Вазифаи асосии ҳокимияти судӣ татбиқ ва таъмини адолати судӣ мебошад. Аз ин рӯ, адолат дар фаъолияти мақомоти судӣ фақат дар сурате амалӣ мегардад, ки онҳо парвандаҳоро воқеъбинонаю беғаразона ва бо риояи қатъии талаботи Конститутсия ва қонунҳо ҳаллу фасл намоянд».
Ин таъкиди Президенти мамлакат кулли кормандони мақомоти судиро муваззаф месозад, ки зимни иҷрои вазифаи ба зимма доштаашон ба хатоӣ роҳ надиҳанд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонуну адолатро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ҳифз намоянд.
Абдулҳафиз АШӮРЗОДА,
муовини якуми раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.09.2017 №: 191 Мутолиа карданд: 1505