ҳуқуқ
ҚОЧОҚ.
ИН ДАФЪА ДОРУ
Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон як ҳолати интиқоли ғайриқонунии маводи дорувориро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Тоҷикистон пешгирӣ карданд.
Ҳангоми муоинаи гумрукӣ дар дидбонгоҳи гумрукии Панҷи Поён аз дохили як нақлиёти боркаш, рақами қайди давлатиаш ТҶ 3614 ВК 01, ки онро Илҳомҷон Турдиалиев, сокини ноҳияи Вахш, идора мекард, се халта маводи дорувории “Gelofusine” ба миқдори 186 дона, 300 қуттича «Diazepam injection 10mg/2 ml, 25x2 ml» ба миқдори 7500 ампула ва 7 қуттича малҳами «Clometasol 0.05%” - ро ба теъдоди 840 дона дарёфт ва мусодира гардид.
Ронандаи нақлиёт мехост маводи дорувориро бидуни назорати гумрукӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда барои муомилот ба бозори фармасевтии Тоҷикистон ворид созад. Гузашта аз ин, тибқи хулосаи кимиёию фармасевтии Раёсати Хадамоти давлатии фаъолияти фармасевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон маводи дорувории «Diazepam injection 10mg/2 ml, 25x2 ml» шомили гурӯҳи маводи психотропии дар тиб истифодашаванда мебошад.
Нисбат ба шаҳрванд Илҳомҷон Турдиалиев бо моддаи 200, қисми 2, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, аз рӯйи тобеият ба прокуратураи ноҳияи Ҷайҳун ирсол гардидааст.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.09.2017 №: 192 Мутолиа карданд: 1236