logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН

Субҳи 13 сентябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои бунёдкориву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими хоҷагии халқ ва суҳбату мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва сокинони сарбаланду меҳнатқарини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо самимияти хосса ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Сарвари давлат ба нафъи давлату миллат истиқбол гирифтанд.
Пазироии самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сокинони ин ноҳияи кӯҳистон нишонаи пуштибонии онҳо аз сиёсати бунёдкоронаву созандаи роҳбарияти олии мамлакат мебошад.
Дар деҳоти Шӯрообод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ бинои маъмурии шуъбаи раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Аснои шиносоӣ бо бинои маъмурии навбунёд ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонии иншоот моҳи марти соли 2014  оғоз гардида, он бо харҷи як миллиону 700 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳи бинои навро, ки дар он шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст, дар рӯзҳои таҷлил аз 26 - солагии Истиқлолияти давлатӣ туҳфаи арзанда барои кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин арзёбӣ карданд ва онҳоро ба хизмати софдилонаву содиқона ба нафъи халқу Ватан ва таъмини амнияту оромӣ ҳидоят намуданд.
Бинои мазкур аз 3 ошёна иборат буда, дорои 6 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ  ва  дигар  иншооти зарурӣ мебошад. Дар бинои навсохт барои кормандони шуъба манзили истиқоматӣ бунёд карда шудааст, ки шароити хуби зист дорад. Дар ҳамин рӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони соҳа калиди хонаҳои таъмин бо ашёи рӯзгорро тақдим намуданд.
Фармоишгари иншоот Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пудратчии он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сабр» мебошад. Масоҳати умумии мавзеи шуъбаи раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бунёдшуда 0,29 гектарро ташкил медиҳад.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани чунин бинои хуштарҳу замонавиро кормандони ин ниҳоди қудратии мамлакат ҳамчун туҳфаи беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни 26 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфтанд.
Умуман, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва фаъолият барои кормандони мақомоти қудратии мамлакат пайваста дар мадди назари аввали роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои онҳо марҳила ба марҳила дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо шароити арзандаи корӣ ва зиндагонӣ фароҳам оварда мешавад.

Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот фаъол шуд
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон дар маҳаллаи Ҷавонони Ҷамоати деҳоти Шӯрообод бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот оғози расмӣ бахшиданд.
Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли равон оғоз гардида, дар як муддати кӯтоҳ бо сифати баланд ба анҷом расонда шуданд. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ асосан мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида буданд.
Бинои дуошёнаи корхонаи саноатӣ бо фармоиши Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қомат афрохта, бо сабку услуби муосири меъморӣ ба ин гӯшаи зебои кишвар ҳусни дигар зам намуд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо дастгоҳу технологияи муосири корхона ва басту банди маҳсулоти ватанӣ шинос гардида, бо кормандон суҳбати озоду самимӣ доир карданд.
Корхонаи мазкур имкон дорад дар як шабонарӯз 1 тоннаву 500 килограмм маҳсулоти боғдоронро коркард ва басту банд намояд. Дар назди коргоҳ сардхона низ ҷойгир мебошад, ки дар он 200 тонна маҳсулоти боғпарваронро захира мекунанд.
Барои корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизондани иншоот бо технологияи пешрафта 6 миллион сомонӣ харҷ гардида, бинои хуштарҳ дар майдони 0,48 садяк замин сохта шудааст.
Таҷҳизоти дӯзандагӣ ва коркарди мева аз Олмон ворид карда шуда, аз ҷониби мутахассисони ватанию хориҷӣ васлу насб гардидаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаи дуюми бино бо чеварони коргоҳи дӯзандагӣ суҳбати самимӣ доир намуданд.
Занону духтарони хонашин дар ин коргоҳ бо мошинаҳои дарздӯзӣ таъмин шуда, ба омода намудани либосҳои гуногун машғуланд.
Чеварон пеши худ мақсад гузоштаанд, ки дар оянда дар таъмини хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия бо либосҳои ягонаи мактабӣ саҳми худро гузоранд. Бинои номбурда дорои ҳуҷраҳои алоҳидаи корӣ, 3 толор ва 5 ҳуҷра бо масоҳати умумии 782 метри мураббаъ мебошад.
Бо ифтитоҳи иншооти нав 22 нафар дар корхонаи коркарди меваю сабзавот ва 130 нафар дар коргоҳи дӯзандагӣ бо шуғли доимӣ ва маоши хуб ва дар маҷмӯъ 160 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Оғози сохтмони варзишгоҳ ва қасри фарҳанг
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба сохтмони варзишгоҳ барои 6000 ҷойи нишаст санги асос гузоштанд.
Зимни муаррифии лоиҳаи варзишгоҳ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки масоҳати замини барои сохтмон пешбинигардида 4,00 гектар буда, аз чор минбари мунаққаш иборат мебошад. 
Минбари ғарбӣ аз 9 қатор барои 1 ҳазору 876 ҷойи нишаст ва шимолӣ аз 8 қатор барои 1028 ҷой, ҷанубӣ аз 8 қатор барои 1028 ҷой ва шарқӣ аз 10 қатор барои 2 ҳазору 340 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Варзишгоҳ дорои чор даромадгоҳ буда, бо тарҳ ва услуби меъмории миллӣ сохта мешавад.
Варзишгоҳи мазкур дар тарҳ шакли чоркунҷаро доро буда, минбари ғарбӣ аз ду ошёна иборат мебошад ва дар он толори VIP низ ҷойгир карда мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи мутахассисону лоиҳакашонро ба сифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардида ва масолеҳи аълосифати ватанӣ ҷалб намуданд.
Дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксар ноҳияҳои кишвар бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат варзишгоҳҳои зебою замонавӣ сохта ба истифода дода шуда, рушди соҳаи варзиш дар кишвар таъмин гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин мавзеъ бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии қасри фарҳанг ҳусни оғоз бахшиданд.
 Зимни муаррифии лоиҳаи бинои қасри фарҳанг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки арзиши корҳои сохтмонии  иншоот 8 миллиону 272 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Масоҳати умумии қитъаи замини ҷудогардида барои бунёди қаср 0,55 гектар буда, масоҳати умумии бино 1 ҳазору 247,6 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Дар ошёнаи аввали бино толори фарҳангӣ барои 500 ҷойи нишаст ва дар қабати дуюм миёнсарой, ҳуҷраҳои корӣ, техникӣ ва ҳуҷраҳои санъаткорон ҷойгир мебошанд.
Фармоишгари бинои замонавии қасри фарҳанг Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳаи биноро Ҷамъияти саҳомии кушодаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ - лоиҳакашию ҷустуҷӯии «САНИИОСП» омода намудааст.
Паймонкории иншоотро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хизматрасонии сохтмони асосӣ» ба уҳда дорад.
 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини соҳаро барои бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳо ҷалб намуда, иброз доштанд, ки қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бояд солҳои дароз ба мардум хизмат намояд.
Тибқи лоиҳа корҳои сохтмонӣ соли 2018-ум ба нақша гирифта шуда, дар муҳлати пешбинишуда, мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд.

Меҳмонхонаи замонавӣ дар маҳаллаи Сино
Дар маҳаллаи Синои ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншооти муосири хизматрасонӣ аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сохта шуда, барои қабули то 26 нафар меҳмон  дар як шабонарӯз пешбинӣ гардидааст.
Меҳмонхона аз 15 ҳуҷраи як ва дунафара, ошхона, ҳуҷраҳо барои ҳайати кормандон, ҳуҷраи нигоҳдории асбобҳои мусиқӣ, ҳуҷраи нигоҳдории таҷҳизот ва даҳлез иборат буда, ба маблағи 7 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст. Дар маҷмӯъ масоҳати умумии бино 6 440 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Зимни шиносоӣ бо шароиту имконоти меҳмонхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои мутобиқ ба талаботи замон ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба масъулину кормандон ҳидоятҳои муфид доданд.
Фармоишгари иншоот Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон-Орзу» мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани меҳмонхона ба масъулон супоришҳои мушаххас доданд.
Бинои меҳмонхона аз 3 ошёна иборат буда, дар асоси тарҳи муосир бо назардошти сохти меъмории замонавӣ сохта шудааст. Атрофи бинои меҳмонхона ба таври замонавӣ назаррабо гардонда шуда, қомат афрохтани он ба намои зоҳирии маркази ноҳияи Шамсиддини Шоҳин зебоии дучанд зам кардааст.

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Навободи ноҳияи  Шамсиддини Шоҳин ба фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 расман  оғоз  бахшиданд.  Дар  саҳни  мактаб Пешвои  миллатро омӯзгорону хонандагон бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.
Мактаби мазкур барои 760 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дорои шароити муосири дарсомӯзист. Сохтмон соли 2015 оғоз ёфта буд ва мактаб дар зарфи ду сол бо назардошти талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ дар майдони 2 гектар ба истифода дода шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сифати корҳои анҷомёфта ошно гардида, ба кори сохтмончиён баҳои баланд доданд. Зимни боздид ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки таълимгоҳ аз чор бино иборат буда, дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, ҳуҷраҳои муосир барои омӯзгорон, кабинетҳои инкишофи кӯдак, ҳамшираи шафқат, муҳосибот, синфхонаҳо барои дарсҳои иловагӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.  Ҳамчунин, барои мактабиён толори варзишии муосир бо 200 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ бо 24 ҷойи нишаст, ошхона бо 60 ҷой ва китобхона бо 32 нишастгоҳ бунёд ёфтаанд.
Синфхонаҳои муассисаи навтаъсис тариқи буғхона, ки бо технологияи ҳозиразамон сохта шуда,  бо ангишт фаъолият мекунад,  гарм карда мешаванд.
Фармоишгар муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаи "Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо" буда,  лоиҳаи мактаб аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  "Панасиа ЛТД"  таҳия шудааст.
Иншооти мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд бо харҷи  15,5 миллион сомонӣ  бунёд карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии аҳли заҳмати ноҳияи Шамсиддини  Шоҳин  дидан карда, бо фаъолияти кишоварзон аз наздик шинос шуданд.
Деҳқонон маҳсули дастранҷи худро, ки иборат аз меваҳои тару тоза, зироат ва  сабзавот буд, ба намоиш гузоштанд. Гуфта шуд, ки бо ба роҳ мондани тадбирҳои саривақтӣ дар ин ноҳияи дурдаст ҳамасола кишоварзон ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, ба ин васила дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳиссаи арзанда мегузоранд. Ҳамзамон, занони ҳунарманди ноҳия низ дар ин рӯз маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд, ки аз анвои гуногуни маҳсулоти нонӣ иборат буд.
Бешак, намоишгоҳи имрӯза аз кори пурмаҳсули деҳқонони ноҳия, истифодаи дурусту оқилонаи ҳар порча замин ва дар маҷмӯъ, рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шаҳодат медод.
Пас аз ифтитоҳи муассисаи таълимӣ ва боздид аз намоишгоҳи кишоварзӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боғи фарҳангиву фароғатии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоти самимиву судманд анҷом доданд.
Пешвои миллат бо таҳлили дақиқу амиқи вазъи дирӯзаву имрӯзаи ноҳия, барои пешбурду рушди бештари  бахшҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин пешниҳодҳои дақиқу асоснок карданд.

Ифтитоҳи қитъаи роҳи Шӯрообод - Шоҳон ва гузоштани санги асоси қитъаи Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳини роҳи мошингарди Кӯлоб - Қалъаихумб
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва директори Бонки исломии рушд Бандар Ҳамза Ҳаҷҷар бо гузоштани санги асос ба бунёду навсозии қитъаи Кӯлоб - Шамсиддини Шоҳини роҳи мошингарди Кӯлоб - Қалъаихумб оғози расмӣ бахшиданд.
Ин қитъаи роҳ 32 километрро ташкил дода, бо харҷи зиёда аз 51 миллион доллар мавриди таҷдиду азнавсозӣ қарор мегирад. Дар асоси лоиҳа, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карда шуд, дар ин масир корҳои тахту ҳамвор ва васеъсозии роҳ, гузоштани 39 лӯлаи обгузар, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ ба дарозии 40 ҳазор метр, бунёди пойдеворҳои муҳофизатӣ дар масофаи 10 ҳазор метр, 2 пули мошингузар ва дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ гардидаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд намудани роҳи мошингарди Кӯлоб - Шамсиддини Шоҳин ба масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ин қитъаи роҳ, ки ҷузъи асосии роҳи мошингарди Кӯлоб - Қалъаихумб ба ҳисоб меравад, бо таҷдиду навсозии он рафтуомади доимии сокинон дар тамоми фасли сол таъмин гардида, интиқоли молу маҳсулот афзоиш хоҳад ёфт.
Баъди оғози корҳои сохтмонӣ дар қитъаи Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо директори Бонки исломии рушд Бандар Ҳамза Ҳаҷҷар қитъаи Шӯрообод - Шоҳони роҳи автомобилгарди Кӯлоб - Қалъаихумбро дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Масофаи роҳи мошингарди Кӯлоб - Қалъаихумб, қитъаи Шӯрообод - Шоҳон 40 километр буда, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки исломии рушд, Фонди саудии рушд,  Фонди қувейтии рушди иқтисодии араб, Фонди Абу – Дабӣ ва Фонди «ОПЕК» бо харҷи қариб 85 миллион доллар куллан навсозӣ шуда, корҳои сохтмониро асосан дар ин масир коргарону мутахассисони ширкати муштараки «Комбайнд групп Контрактинг-Текар Лимитед» ва дигар ширкатҳои роҳсозии бонуфузи ҷаҳонӣ дар асоси нишондоди лоиҳавӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расонданд.
Дар асоси лоиҳаи “Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб - Қалъаихумб, қитъаи Шӯрообод - Шоҳон 10 пули мошингузар бо 1 ҳазору 121 метр бунёд гардидааст, ки бузургтарини онҳо пулҳои Шӯробак бо дарозии 306 метр, Хутхам 297 метр ва Оби Ниёб 265 метр мебошанд.
Ҳамзамон дар ин масир 85 лӯлаи обгузар насб гардида, 50 ҳазор метр ҷӯйборҳои бетонӣ, 8 ҳазору 834 метр пойдеворҳои муҳофизатӣ бунёд карда шудаанд, ки аслан анҷоми ин корҳо дар пешгирӣ аз вайроншавии роҳ нақши басо созгор доранд.
Мутобиқи талабот дар қитъаи Шӯрообод - Шоҳони роҳи мошингарди Кӯлоб - Қалъаихумб, ҳамчунин, зиёда аз 1600 адад аломатҳои роҳ насб гардидаанд.
Қисмати роҳи Шӯрообод – Шоҳон идомаи бунёди шоҳроҳи мошингард ба самти шарқии мамлакат буда, дорои аҳамияти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва стратегӣ мебошад.
Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳу пулҳои то ба имрӯз бунёдгардида - шоҳрагҳои рушди минбаъдаи мамлакат буда, бояд барои имрӯзу фардои миллату давлат хизмат намоянд.
Дар асоси лоиҳаи “Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб - Қалъаихумб”, қитъаи Шӯрообод - Шоҳон чароғонсозии маркази ноҳия ва маҳаллаҳои аҳолинишин амалӣ гардида, истгоҳҳои замонавӣ низ бунёд карда шудаанд.
Барои корҳои таъмирию азнавсозӣ ва равшаннамоии роҳҳои марказии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар соли 2018  ҷудо намудани 3 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Дар рафти таҷдиду азнавсозии қитъаи Шӯрообод - Шоҳон 1000 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардида, ҳамаи онҳо оянда ҳамчун мутахассисони соҳибтаҷриба дар бунёди қитъаи Кӯлоб - Шамсиддини Шоҳин ва Шкев - Қалъаихумб саҳми назарраси худро мегузоранд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.09.2017    №: 192    Мутолиа карданд: 8235
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед