logo

номаҳо

ХОРУҒ. АВТОБУСҲОИ ТАҚДИМШУДА КУҶО ШУДАНД?

Ҳукумати мамлакат ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, барои расидан ба ин ҳадаф барномаҳои вижа низ қабул кардааст. Мо он ободию бунёдкориҳои азими тайи солҳои охир дар мамлакат баамаломадаро, ки маҳз ба ҳамин мақсад роҳандозӣ шудаанд, бо чашми сар дида, хушҳол мегардем.

Ифтихор аз он дорем, ки ин ҳама пешравию дастовардҳо бо заҳмату талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадаанд. Вале, дар ҷомеа афроде ҳастанд, ки бо амалҳои носавобашон мардумро нороҳат мекунанд. Барои он, ки бо далел сухан гуфта бошам, аз як сафарам ба ноҳияи Роштқалъа қисса мекунам.
Чанд рӯз пеш мо азми сафари Роштқалъа кардему шоҳиди ҳодисаи ғайричашмдошт гардидем. Ба терминали бозори шаҳри Хоруғ омада, мошинҳои Шоҳдараро пурсидем. Ба мо гуфтанд, ки як сол боз истгоҳи ноҳияи Роштқалъа дар маҳаллаи «Хлебзавод» ҷойгир аст. Мо ба он ҷо рафта, мусофирони зиёдеро дидем, ки дар истгоҳ ҷамъ шуда буданд.
Ҳамон рӯз шамоли сахт мевазид. Соат ду шуда бошад ҳам, аз мошинҳои мусофиркаш дарак набуд. Баъди чанде як мошин омаду мо ба он савор шудем. Аз ронанда сабаби ба ин ҳол афтидани мардумро пурсидам. Гуфт, ки ман кайҳо ронандаи ин терминал нестам. Сабабаш ин будааст, ки онҳоро ба ин ҷо маҷбурӣ овардаанд. Соҳибони терминал баъди ба ин ҷо овардани ронандаҳо қоидаву талаботи худро ҷорӣ кардаанд.
Ба суҳбати мо дигар мусофирон низ ҳамроҳ шуданд. Гуфтанд, ки пештар нархи роҳкиро то маркази ноҳия ҳафт сомонӣ буд, ҳоло ба ҳашт сомонӣ расидааст. Мо дар як рӯз аз маркази ноҳия то шаҳри Хоруғ  ва аз ин ҷо то маркази ноҳия 20 сомонӣ сарф мекунем. Ронандаҳои нақлиёти мусофирбари шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳо нархро баланд накарданд. Ба ин амал танҳо ронандагони ин ноҳия даст заданд. Зеро медонанд, ки ягон кас ба онҳо чизе намегӯяд. Чаро автобусҳо кор намекунанд, пурсидам аз ҳамсафаронам. Сарвари давлат барои ноҳия се автобус тақдим карданд, вале онҳо дар куҷоянд касе намедонад.
Хуллас, то ба маркази ноҳия расиданамон гап фақат атрофи арзиши роҳкиро мерафт. Мардуми Шоҳдара аз бемасъулиятии соҳибони терминал ва беназоратии мақомоти дахлдор дар ташвишанд, вале ба арзу додашон касе намерасад. Ин ҳолат то ба кай давом мекарда бошад? Масъулон чӣ мегӯянд?

Сафдаршоҳ ДАВЛАТШОЕВ,
собиқадори меҳнат, сокини шаҳри Хоруғ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.2017    №: 193-194    Мутолиа карданд: 2542
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед