ҳуқуқ
«КӮКНОР - 2017». МАРҲАЛАИ ЯКУМИ АМАЛИЁТ ЧӢ НАТИҶА ДОД?
Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои марҳалаи якуми амалиёти ҷумҳуриявии «Кӯкнор - 2017» бо иштироки намояндагони сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ин амалиёт, ки марҳалаи якуми он аз 20 май то 31 август идома ёфт, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, инчунин, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки дар рафти баргузории марҳалаи якуми амалиёт аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар 410 ҳолати вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкор шуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 тоннаву 542 килограмму 582 грамм маводи мухаддир ва 4 746 дона ҳаби синтетикӣ дарёфт ва мусодира гардид. Инчунин, дар ин давра 1 миллиону 346 ҳазору 649 бех ниҳоли нашъадори худрӯй дарёфт ва бо роҳи сӯзондан нобуд карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, бо мақсади пешгирии суиистеъмоли маводи нашъаовар нақшаи чорабиниҳои муштарак таҳия ва тасдиқ гашта, дар асоси он байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва эмин нигоҳ доштани аҳолӣ аз ин хатарҳо, корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ аз ҷониби ситодҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба ҷараёни иҷрои марҳалаи якуми амалиёт маълумотнома пешкаш гардид. Пешниҳодҳои намояндагони як қатор вазорату идораҳо дар мавриди беҳтар гардондани фаъолияти ситодҳои шаҳриву ноҳиявӣ ба инобат гирифта шуданд.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.09.2017 №: 196 Мутолиа карданд: 1181