ҳуқуқ
ТАНЗИМ. СУДИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД ТАДБИРҲОИ МУАССИР МЕАНДЕШАД
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ҳадафи асосии он гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ мебошад, ахиран як қатор тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки асосан барои ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ равона шудаанд. Аз ҷумла дар рӯзҳои идҳои Рамазон ва Қурбон оростани дастархони маънавии хоксорона ва роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ, яке аз онҳост.
Имрӯзҳо гурӯҳҳои таблиғотӣ дар ҳайати намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат вохӯрию мулоқотҳои судманд анҷом дода, ба мардум мазмуну муҳтавои тағйиру иловаҳои ба қонун воридгардидаро фаҳмонда истодаанд. Ин амр, бешубҳа, барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва дар доираи қонун амал кардани шаҳрвандони кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.
Воқеан, баъди мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Тоҷикобод ҳолатҳои вайрон кардани муқаррароти ин санади меъёрии ҳуқуқӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ин дар ҳолест, ки суди ноҳия танҳо дар моҳи август ду парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро бо моддаи 481 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар мурофиаҳои сайёри судӣ мавриди баррасӣ қарор дода буд. Яъне, соҳибони маъракаҳо ҳангоми баргузории тӯйи домодию арӯсӣ талаботи сархати 3 моддаи 14 - и қонуни мазкурро (зиёда аз се соат баргузор намудани маърака) риоя накардаанд. Суди ноҳия нисбат ба ҳар як ҳуқуқвайронкунанда ҷазои ҷарима ба андозаи 5000 сомонӣ таъйин кард.
Моддаҳои 5 ва 6-и қонун муайян кардааст, ки дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот комиссияҳои доимии маҳаллӣ таъсис дода шуда, яке аз самтҳои асосии фаъолияти онҳо назорати танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, расондани ёрии амалӣ ба раисони маҳаллаҳо, шахсони воқеӣ ва ғайра мебошад. Инчунин, моддаи 9 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» муқаррар намудааст, ки раиси маҳалла муваззаф аст дар ташкил ва гузарондани ҷашну маъракаҳо, чорабиниҳои фароғатию фарҳангӣ саҳм гирад, риояи қонуни танзимро таъмин намояд. Аммо масъулони комиссияҳои танзим ва раисони маҳаллаҳо на ҳама вақт ваколату вазифаҳои худро мувофиқи талаботи қонун иҷро менамоянд. Бо назардошти муҳимияти масъала, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати таҳкими фаъолияти комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва ҷамъиятӣ, салоҳияти ин комиссияҳо меъёрҳо пешбинӣ шудаанд.
Суди ноҳияи Тоҷикобод, дар доираи салоҳияти худ, барои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ба ин васила риояи муқаррароти қонуни танзим, ҳамзамон таблиғу ташвиқи тағйиру иловаҳои ба ин санади миллӣ воридгардида, тадбирҳои саривақтӣ ва муассир андешидааст.
Сайвалӣ МИРШАРИФЗОДА, раиси суди ноҳияи Тоҷикобод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.09.2017 №: 196 Мутолиа карданд: 1177