logo

маориф

МАСЪУЛИЯТ. ҲАМКОРИИ ОИЛАВУ МАКТАБ ДАР ТАРБИЯИ ФАРЗАНД НОГУЗИР АСТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ изҳор доштанд, ки омӯхтани илму дониш ва аз худ кардани касбу ҳунар танҳо дар сурати пойдории сулҳу оромӣ ва амнияти ҷомеаву давлат имконпазир мебошад. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «Омӯзгорон бояд ба шогирдони худ аҳамият ва нақши сулҳу ваҳдати миллиро барои суботи ҷомеа, рушди муназзаму муътадили кишвар ва пойдориву устувории давлат шарҳ диҳанд ва наврасону ҷавононро дар рӯҳияи сулҳпарварӣ тарбия намоянд».
Дар Тоҷикистон Рӯзи дониш баробари дарси сулҳ арзиши баланд дорад. Агар ба мероси адабии ниёгонамон ба дидаи таҳқиқ назар андозем, хулоса кардан мумкин, ки онҳо аксаран панду насиҳатанд ва аз таҷрибаи рӯзгор гирифта, ба таълиму тарбияи насли наврас, хусусан ба донишандӯзӣ нигаронда шудаанд.
Дар Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки бо ташаббус ва пешниҳоди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 қабул гардид, масъалаҳои хеле муҳими тарбияи насли наврас ба назар гирифта шудаанд. Дар қонуни мазкур, пеш аз ҳама, масъулияти асосӣ ба зиммаи волидон гузошта шудааст.  Дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ яккаву танҳо гаштугузор кардани кӯдакони то шашсола боиси беназоратии фарзанд ва бавуҷудоии падидаҳои номатлуб ба монанди оворагардӣ, талбандагӣ ва ғайра мегардад. Бинобар ин, ба мақсад мувофиқ аст, ки кӯдакони то шашсола ба таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шаванд. Дар моддаи 15 қонуни мазкур ҷавобгарии падару модар ва омӯзгор дар таълиму тарбияи фарзанд омадааст: «Дар ҳолати иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд, ки дар қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, падару модар ва омӯзгор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд».
Амали ин қонун дар маҷмӯъ масъулияти ҳам волидон ва ҳам омӯзгоронро дар ростои таълиму тарбияи фарзандон баланд бардошт. Бо вуҷуди аз байн нарафтани камбудиҳо, дар ин самт пешравиҳои назаррас ба миён омада, сифати таълиму тарбия ба гунаи мусбат тағйир ёфт. Аз ҷумла, дар муассисаи таълимии томактабии № 154 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар доираи татбиқи ин қонун робитаи мураббиён бо падару модари тарбиятгирандагон васеъ ба роҳ монда шуда, натиҷаҳои босамар ба миён овард. Ин кӯдакистон муассисаи таълимии махсусгардондашуда маҳсуб меёбад ва фарогири 420  кӯдак буда, аз чор гурӯҳи русӣ ва даҳ гурӯҳи тоҷикӣ иборат аст. Имсол мо 114 кӯдакро ба мактаб гусел кардем. Волидону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ барои таълиму тарбияи намунавӣ аз мураббиён хеле сипосгузоранд.
Бо  падару модарон дар мавзӯъҳои зарурӣ семинарҳо мегузаронем ва онҳо ҳар се моҳ аз пешравию дастовардҳо ва камбудиҳои фарзандонашон огоҳ мегарданд. Мо ҳамеша мекӯшем, ки фарзандони мо насли ватандӯст, баору номус ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя расанд.
Мадина ҲАМИДОВА,
мудири муассисаи
таълимии томактабии
№ 154 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2017    №: 197    Мутолиа карданд: 2321
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед