logo

номаҳо

ҲАҚРО БА ҲАҚДОР РАСОНД

Дар асоси Қарори маҷлиси умумии намояндагони колхози ба номи Ленини ноҳияи Москва (ҳозира Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) – и вилояти Хатлон аз 16 феврали соли 1994, таҳти № 01 ва қарори Кумитаи иҷроияи шӯрои депутатҳои халқии Ҷамоати деҳоти «Даштигуло» - и ноҳияи Москва аз 18 феврали соли 1994, таҳти № 8  дар ҳудуди колхози мазкур дар масоҳати 1980 метри мураббаъ бозори колхозӣ кушода шуд. Бинобар сабаби он ки колхозчии пешқадами ноҳия ба ҳисоб мерафтем, роҳбарияти хоҷагӣ ва Ҷамоати деҳоти «Даштигуло» - и ноҳияи Москва бо қадрдонӣ аз меҳнати мо дар ҳаҷмҳои гуногун бароямон қитъаҳои замин ҷудо карда доданд. Инчунин, соли 1994 бинобар вазнин будани шароити зиндагӣ ба мо дастур дода шуд, ки дар қитъаҳои замини мазкур дуконҳои хусусӣ сохта, ба савдои маҳсулоти ниёзи мардум машғул шавем. Ҳамин тавр, аз ҳисоби худамон дуконҳои хусусии тиҷоратӣ бунёд намудем ва аз ҳамон вақт то инҷониб ба фаъолияти соҳибкорӣ машғулем.
Аммо аввалҳои соли 2007 кормандони вақти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва кумитаи идораи замини ноҳия бе ҳеҷ огоҳӣ сохтан, пинҳонӣ қитъаҳои заминро ғайриқонунӣ ба номи шаҳрванд Султоншо Ҳоҷатов ҳуҷҷатгузорӣ намудаанд. Инчунин, кормандони шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия низ лоиҳаи бозорро тарҳрезӣ карда, ба мақомот бо далелҳои беасос пешниҳод сохтаанд. Бинобар ғайриқонунӣ будани амали мазкур мо ба суди иқтисодии вилояти Хатлон муроҷиат кардем. Аммо даъвои моро рад намуданд.
Зарур шумурдем, ки ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоем. Шикояти кассатсионии мо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар натиҷа ҳалномаи суди иқтисодии вилояти Хатлон бекор карда ва парванда барои баррасии нав дар дигар ҳайат ба ҳамин суд ирсол гардид. Аз ин рӯ, дар симои раиси суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода аз тамоми кормандони ин ниҳод миннатдорем, ки муроҷиати моро ба инобат гирифта, ба поймол шудани ҳуқуқҳоямон роҳ надоданд. Воқеан, Мавлуда Қаландарзода аз зумраи мансабдорони баландпояи мақомоти судиест, ки нисбат ба ҳеҷ як муроҷиат бепарвоӣ зоҳир намекунад. Ӯ дар як ҳафта ду бор рӯзи қабули шаҳрвандонро ба роҳ мондааст, ки корафтодагонро шахсан қабул карда, дарди дилашонро мешунавад ва барои рафъи мушкилоташон дар доираи қонун тадбирҳои зарурӣ меандешад. Бо истифода аз гӯшаи «Шаҳрванд» - и рӯзномаи бонуфуз ба ин бонуи адолатпеша арзи сипос менамоем.

Бо эҳтиром Мирзоалӣ Дӯстов, Аҳрор Муродов, Соҳибназар Одинаев, Саидшо Муминов, Ҷумъа Носиров, Насрулло Асроров, Абдулмаҷид Сафаров, Муъмин Қурбонов, сокинони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2017    №: 197    Мутолиа карданд: 2399
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед