ҳуқуқ
АМАЛИЁТИ БОБАРОР. МАРЗБОНОН ДУ ҲОЛАТИ ИНТИҚОЛИ МАВОДИ МУХАДДИРРО ПЕШГИРӢ КАРДАНД
Марзбонони тоҷик дар ҷануби мамлакат ду мавриди кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешгирӣ карданд, ки муқовимати мусаллаҳона дар пай дошт.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳодисаи аввал рӯзи 14 сентябр дар яке аз минтақаҳои муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии отряди сарҳадии «Панҷ» ба вуқӯъ пайваста, дар амри пешгирии интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир кормандони ШВКД-и ноҳияи Панҷ низ бо сарҳадбонон вориди амал шуданд. Зимни убури ғайриқонунии марзи давлатӣ байни хизматчиёни ҳарбӣ ва қочоқбарони номаълуми афғон задухӯрди мусаллаҳона ба амал омада, як нафар қочоқчӣ безарар ва дигар ҳайати гурӯҳ ба ҷониби Афғонистон фирор кард.
Муҳаммад Улуғхоҷаев, масъули маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ, ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ки баъд аз анҷоми амалиёт аз ҷойи ҳодиса тақрибан 50 килограмм маводи мухаддири навъи ҳашиш, 1 адад яроқи оташфишони АКМ-47, 5 адад тирдон, 81 дона тир, 2 норинҷаки дастии Ф-1 ва як телефони мобилии тамғаи «Samsung» дарёфт ва мусодира шуд.
Мавриди дигари кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир зимни амалиёти муштараки марзбонон бо кормандони Агентии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми 15 сентябр дар минтақаи зертобеи отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» ҷилавгирӣ шуд. Дар ин амалиёт низ, ки бо даргирии мусаллаҳона анҷом шуд, як қочоқчӣ кушта, тақрибан 13 килограмм маводи мухаддири навъи афюн, 1 килограмм бангдона, 1 адад яроқи оташфишони АКМ-7,62, панҷ адад тирдон, 132 дона тир дарёфт ва мусодира гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, вобаста ба ҳар ду ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Ф. ҶУМЪАЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.09.2017 №: 198 Мутолиа карданд: 1149