logo

номаҳо

КОТИБИ ҶАМОАТ ОДАМДОР АСТ?

Писарам, Ҳаким Саидмуъминов, бо сабаби ба фалаҷ гирифтор шуданаш, маъюби гурӯҳи дуюм аст. Баъди муолиҷаи дуру дароз ӯро хонадор кардем. Келину домод моҳи декабри соли 2016 ба Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Бохтар омаданд. Маросими қайди никоҳ аз рӯи қоидаҳои муқаррарӣ гузаронда шуд. Ҷумъахон Шарифов, котиби ҷамоат, гуфт:

- Домод маъюб будааст, ба ӯ бепул шаҳодатномаи ақди никоҳ медиҳем. Баъди 2-3 моҳ биёед. Ҳоло дафтарчаи шаҳодатнома надорем.
Баъди гузаштани муҳлати муқарраркардаи котиб, Азим, бародари домод, ба идораи ҷамоат барои гирифтани шаҳодатномаи ақди никоҳ омад. Аммо котиб ба ваъдаи пагоҳ биё, ӯро расо шаш моҳ овора кард.
Ҳар гоҳе ки ӯ бо котиб рӯ ба рӯ мегашт, як ҷавоб мешунид: «Бланка нест. Бланка гирем, баъд биё».
Дар ин миён навхонадорон соҳиби писар шуданд. Акнун барои ба даст овардани шаҳодатномаҳои ақди никоҳ ва таваллуд худам миён бастам. Пас аз ба қабули Ҷумъахон шараф-ёб шуданам, ниҳоят котиби ҷамоат иқрор шуд:
-Ҳуҷҷатҳои пешина гум шудаанд. Арӯсу домодро аз сари нав бояд ба қайд гирем. Рӯзи душанбе, соати 7 дар идораи ҷамоат ҳозир шаванд.
Пеш аз вақти муайяншуда омадем. Соат 8 шуду аз котиб дарак набуд.
Ба номи раиси ноҳия мактуби шикоятӣ навиштам.
26 августи соли 2017 мактуби шикоятӣ дар ҳузури намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Ғайбулло Ҳоҷиев, раиси деҳоти Меҳнатобод Раҷаб Ҳурматов, ман ва Ҷумъахон Шарифов мавриди баррасӣ қарор гирифт. Фактҳои шикоятнома тасдиқ шуданд. Котибро уҳдадор карданд, ки «корро буд кунад».
Арӯсу домодро бори дуюм «ботантана» аз қайди никоҳ гузаронданд.
Ниҳоят ба гирифтани шаҳодатномаи ақди никоҳи фарзандонам ноил гаштам. Вале дар матни шаҳодатнома аксари калимаҳо шикаставу ғалат буданд. Ба ҳаминаш ҳам шукр кардам, аммо то ҳол шаҳодатномаи таваллуди набераамро гирифта наметавонам.
Котиби Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод Ҷумъахон Шарифов мегӯяд: «Ҳуҷҷате биёред, ки падар будани Ҳакимро тасдиқ намояд».
Ҳангоми рафтуомадҳо ба идораи ҷамоат, интизориҳо дар пушти дари дафтари кории котиб, бо одамони зиёде ҳамсуҳбат шудам, ки мисли ман овораву сарсон гаштаанд. Ба корафтодагон гуфтам: - Биёед, оид ба фаъолияти Ҷумъахон ба раиси ноҳия номаи шикоятӣ нависем. Гуфтанд, ки фоида надорад, вай одамдор аст. Онҳо ҳақанд. Агар ҳамин тавр намебуд,котиби ҷамоат қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намуда, ба мо «ҳуҷҷате биёред, ки падар будани Ҳакимро тасдиқ кунад» намегуфт.

Сотим САИДМУЪМИНОВ,
ноҳияи Бохтар


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.09.2017    №: 199    Мутолиа карданд: 2450
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед