ҳуқуқ
“ОДНОКЛАССНИКИ” ЯК СОКИНИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУНРО БА ЗИНДОН БУРД
Суди вилояти Хатлон як сокини 38 - солаи ноҳияи Ҷайҳунро бо ҷурми “даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет” пушти панҷара равон кард.
Чуноне аз ҳукми суд бармеояд, Акобиров Муҳсин Абдулазизович 28 майи соли 2012 дар сомонаи иҷтимоии “Одноклассники” зери унвони “Устоди уламои Тоҷикистон – домулло Муҳаммадӣ” гурӯҳе таъсис дода, дар он матолиби иғвобарангез нашр мекардааст.
Мувофиқи хулосаи мутахассисони Муассисаи давлатии маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводи ин гурӯҳ даъватҳои оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ, дигар кардани сохти конститутсионӣ ва вайрон кардани тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар гирифтаанд.
Далели шайъӣ - 13 саҳифа маводи дар гурӯҳ паҳнкардашуда ба парвандаи Муҳсин Акобиров зам гардидааст.
Мувофиқи моддаи 307, қисми 2, банди “г” - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба М. Акобиров барои ин кирдорҳояш ба муҳлати 8 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низоми сахт таъйин гардид.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.09.2017 №: 199 Мутолиа карданд: 1244