logo

маориф

ЛАЁҚАТ ВА НУФУЗИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе аз зумраи муассисаҳои таълимиест, ки хонандагони он бо сазовор гардидани ҷойҳои ифтихорӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ парчами Тоҷикистонро пайваста баланд мебардоранд. Соли ҷорӣ дар олимпиадаи фосилавӣ “British Chemistry Olympiad”, ки аз фанни кимиё дар Британияи Кабир баргузор гардид, хонандагони литсей соҳиби 1 медали тилло, 2 нуқра, 3 биринҷӣ ва дар олимпиадаи фанни биология “British Biology Olympiad” 1 медали тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ ва 1 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Хонандагони синфи 10 Шоҳрух Насимиён ва Шоҳрух Сангов дар олимпиадаи лоиҳавӣ аз фанҳои дақиқ, ки дар шаҳри Пенанги давлати Малайзия, баргузор шуд, соҳиби шоҳҷоиза ва медали тилло гашта, лоиҳаи ихтироотии Маҳаддӯсти Азим соҳиби ҷойи 3 - юм ва медали биринҷӣ шуд. Хонандагони литсей, ҳамчунин, иштирокчии ҳамасолаи олимпиадаи байналмилалии Жаутков мебошанд. Ин олимпиада аз фанҳои математика, физика ва информатика дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад ва дар он намояндагони 16 кишвари Осиё ва Аврупо бо ҳам сабқат мекунанд. Соли равон талабагони литсей Мурод Мирҷалолов ва Зикруллоҳ Хужақулов дар олимпиадаи мазкур медали биринҷиро соҳиб шуданд.
Дастовардҳояшон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ низ кам нест.
Соли 2017 хонандагон аз олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ аз фанҳои гуногун 15 медал ба даст оварда, соҳиби 2 ҷойи ифтихорӣ ва ғолиби олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ гардиданд. Аз рӯи маълумотҳо ҳамасола 99 дарсади хатмкардагони он ба донишгоҳу донишкадаҳои дохил ва хориҷи кишвар шомил мешаванд. Ин ва дигар дастовардҳои хонандагон шаҳодат аз он аст, ки таълим дар муассисаи мазкур мувофиқи талаботи замон роҳандозӣ шуда, устодон барои таълими фанҳо таҷриба ва лаёқати хуб доранд.
Аммо сирри муваффақияти таълимгирандагони литсей танҳо дар ин нест.
Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе муассисаи худмаблағгузор буда, дар он барои шогирдон шароити хуби таҳсил фароҳам оварда шудааст. Синфхонаҳо бо технологияҳои навтарин, таҷҳизоти таълимии муосир таъминанд.
Барномаҳое, ки тибқи он хонандагон ба таълим фаро гирифта шудаанд, аз барномаҳои муассисаҳои таълимии пешрафтаи Аврупо мебошанд ва дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидаанд. Аз ин рӯ, фанҳои дақиқ аз рӯи барномаи Кембриҷ бо забони англисӣ, гуманитарӣ бо забони давлатӣ таълим дода мешаванд. Устодон дар таълим, ҳамчунин, аз таҷрибаи кишварҳое чун Русия ва Қазоқистон низ истифода мебаранд. Забони русиро хонандагон ҳамчун забони хориҷӣ меомӯзанд
- Ба андешаи роҳбари муассиса Насим Туманов зарурати пиёда сохтани барномаҳои мазкур дар он аст, ки литсей имрӯз пешбарандаи сиёсати ҳаракати олимпӣ дар кишвар мебошад ва дар бештари олимпиадаҳои фаннӣ дар сатҳи байналмилалӣ Тоҷикистонро аз рӯи панҷ фанни таълимӣ - математика, физика, химия, биология ва асосҳои техникаи компютерӣ муаррифӣ мекунад.
- Ҳоло литсей намояндаи расмии як қатор олимпиадаҳои байналмилалии фосилавӣ, мебошад.
Соли гузашта литсей олимпиадаи «Кенгру математекс» - ро дар Тоҷикистон гузаронд, ки дар он зиёда аз 2000 хонанда ширкат намуд. Ин олимпиада баҳои баланд гирифт ва моҳи октябр Литсей барои хонандагони болаёқат ба Ҷумҳурии Швейтсария даъват шуд.
Барои таълими фанни кимиё, биология ва физика низ озмоишгоҳи хуб дорем ва барои омӯзиши фанҳои мазкур кофӣ аст, аммо ҷиҳати омода намудани хонандагон барои олимпиадаҳои ҷаҳонӣ не. Ба ин хотир, талош дорем дар литсей озмоишгоҳеро ташкил намоем, ки бо навтарин дасгоҳҳо таъмин бошад. Зеро як қисмати асосии олимпиадаҳои ҷаҳонӣ ин кори амалӣ, яъне кори озмоишӣ мебошад. Мо намунаҳои озмоишгоҳҳои беҳтаринро ба Вазорати маориф ва илм, Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо пешниҳод намудем. Умед дорем, ояндаи наздик пешниҳоди мо дастгирӣ меёбад. Ин имкон медиҳад, ки хонандагони мо ба дастовардҳои беҳтар ноил шаванду дар сатҳи байналмилалӣ шаъну шарафи Тоҷикистонро боз ҳам баландтар бардоранд, - мегӯяд Насим Туманов.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.09.2017    №: 201    Мутолиа карданд: 3115
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед