ҳуқуқ
ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН ТАҒЙИРОТ БА РӮЗГОРИ ШАҲРВАНДОН АСТ
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои идоракунии воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ пурзӯр мекунанд, нақша - чорабинӣ таҳия карда, дар асоси он амал карда истодааст.
Амирхон Ҳасанов, сардори шуъбачаи амалияи маъмурии шуъбаи хадамоти роҳбонии РБДА Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки пас аз ворид шудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мо дар байни кормандони шуъбаҳои ВКД дар шаҳру навоҳӣ ва дигар сохторҳо вохӯриву корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда истодаем. Ин иқдом дар оянда низ идома меёбад. Ҳадафи асосӣ ба мардум фаҳмондани мазмуну моҳияти тағйиру иловаҳои ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ воридшуда мебошад.
Бар пояи тағйироти воридгардида ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ва «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» минбаъд хонандагон, таълимгирандагон ва донишҷӯён ҳуқуқи бо нақлиёти механикӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ ва муассисаи таълимӣ омаданро надоранд. Дар сурати риоя накардани талаботи мазкур хонандае, ки ба синни 16 расидааст аз муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ хориҷ карда мешавад. Таълимгирандагон ва донишҷӯён бошанд, мутобиқан бе ҳуқуқи барқарор шудан ба муҳлати аз як то се сол аз муассисаи таълимӣ хориҷ мешаванд. Нозирони БДА дар ҳолати ошкор кардани қонуншикании хонандагону донишҷӯён санад тартиб дода, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамоянд ва вазорат дар доираи салоҳияти худ ҷазоро муайян мекунад.
Дар моддаҳои 37 ва 42 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи махсус ҳамчун ҷазои иловагӣ муқаррар гардида, муҳлати аз ҳуқуқи махсус маҳрум намудан то даҳ сол зиёд карда шудааст. Дар моддаи 332 - и кодекс барои идора намудани воситаи нақлиёт ба шахсе, ки дар ҳолати мастӣ қарор дорад, ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати панҷ сол таъйин карда мешавад.
Ворид шудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳолест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зиёд шудани садамаҳои нақлиётӣ ва бо мошини шахсӣ ба дарс омадани хонандагону донишҷӯён, бахусус фарзандони баъзе мансабдорон, борҳо зимни суханрониҳояшон изҳори нигаронӣ кардаанд. Сарвари давлат ахиран ба вазорату идораҳои дахлдор дастури қатъӣ доданд, ки ҷиҳати ҳалли ин мушкилот чораҷӯӣ намоянд ва ҳар мансабдоре, ки фарзандаш бо мошини шахсӣ ба дарс меояд, аз вазифа озод карда шавад.
Амирхон Ҳасанов дар посух ба суоли мо, ки тағйиру иловаҳои ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ воридшуда то чӣ андоза метавонанд ба манфиати ҷомеа ва тартибу низом дар муассисаҳои таълимӣ хизмат карда бошанд, гуфт: «Вақте ҷазо вазнинтар мешавад, қонуншиканӣ низ коҳиш меёбад. Баъди ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба қонуни танзим мушоҳида карда истодаем, ки шаҳрвандон моҳияти онро дуруст дарк кардаанд. Мувофиқи маълумоти дастрас, сатҳи қонуншиканӣ дар саросари мамлакат паст шудааст».
Сарвиноз ШОДМОНОВА,
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.09.2017 №: 201 Мутолиа карданд: 1318