ҳуқуқ
НАШЪАҶАЛЛОБӢ. БОЗДОШТИ ЗАНЕ, КИ МЕХОСТ МАВОДИ МУХАДДИР ИНТИҚОЛ ДИҲАД
Дар доираи чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ 22 сентябри соли равон, дар даромадгоҳи шаҳри Хоруғ, шаҳрванд Мамадназарова София Саидшоевна, зодаи ноҳияи Рӯшон, истиқоматкунандаи деҳаи Вогзи Ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим боздошт гардид. Номбурда мехост тавассути автомашинаи кироя як килограмм маводи мухаддири навъи ҳашишро аз ноҳияи Ишкошим ба шаҳри Хоруғ интиқол диҳад.
Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» аз маркази робитаҳои ҷамъиятии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, ҳангоми таҳқиқи пешакии ҷиноят С. Мамадназарова нишондод пешниҳод кардааст, ки маводи мухаддирро ба ӯ шавҳараш Замон Миравазбеков, истиқоматкунандаи деҳаи Вогзи Ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим додааст. Мувофиқи маслиҳати пешакӣ С. Мамадназарова мебоист ин миқдор маводи нашъаоварро ба маркази вилоят бурда, ба сокинони шаҳри Хоруғ Отамшо Ниёзбеков ва Кавсар Асаншоев мерасонд.
Дар асоси нишондоди С. Мамадназарова кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ шаҳрвандон З. Миравазбеков ва О. Ниёзбековро барои даст доштан ба ин амали ҷинояткорона боздошт намуданд. Тавре аз баёноти номбурдагон бармеояд, онҳо маводи мухаддирро аз Гулбек ном шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дастрас кардаанд. Маводи нашъаовар дар асоси дастури Кавсар Асаншоев, бо маслиҳати пешакӣ, аз ҷониби Гулбек интиқол дода шудааст.
Тибқи маълумоти расмии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳрванд Кавсар Асаншоев аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ буда, пештар барои содир кардани ҷиноят-даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.
Ба иттилои манбаъ, танҳо дар давоми ду соли охир дар қаламрави ВМКБ 106 нафар дар натиҷаи суиистифода аз маводи мухаддир ба ҳалокат расидааст, ки 46 нафараш сокини шаҳри Хоруғ мебошад. Дар робита ба ин, таъкид мешавад, ки Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои қудратии вилоят тамоми чораҳоро баҳри муборизаи беамон ба муқобили гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ки ба қочоқи маводи мухаддир ва дигар аъмоли ҷинояткорона даст доранд, амалӣ хоҳад кард.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.09.2017 №: 202 Мутолиа карданд: 1445