ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
Масъулони ширкатҳои истисморгар ба ҷавобгарӣ кашида шуданд
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон алайҳи кормандони ширкатҳои «Абдулкарим», «Ҷамол-2012», воқеъ дар шаҳри Душанбе ва «Имкон-2015», воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, бо ҷурми харидуфурӯши одамон, бо мақсади суиистифодаи кор ё хизматрасонии маҷбурӣ, ғуломӣ ё расму одатҳои ба ғуломӣ мушобеҳ тибқи моддаи 1301 қисми 2, бандҳои «г» ва «ё» - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз намудааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, дар пайи санҷишҳои прокурорӣ муайян шудааст, ки ин ширкатҳо ба таъмини муҳоҷирон бо ҷойи кор машғул буда, дар соли 2016 ва нимаи аввали соли равон даст ба ҷиноят задаанд. Аз ҷумла, шаҳрвандон Ш. Асаналишоева, С. Сироҷова, Д. Келдиев, Р. Делаева ва дигаронро ба Шоҳигарии Арабис-тони Саудӣ ба муҳоҷирати корӣ фиристода, дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандони ин кишвар ба корҳои маҷбурӣ ҷалб намуда, музди маошашонро пардохт накардаанд.
Билети ҳарбии қалбакӣ корманди комиссариатро ба суд бурд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Авазхон Шайховро баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти агентӣ, Авазхон Шайхов, ки дар вазифаи сардори зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии комиссариати ҳарбии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ фаъолият менамуд, бо суиистифода аз мақоми хизматӣ барои тайёр намудани билети ҳарбии ғайри қобили хизмати ҳарбӣ аз шаҳрванд С. Орифов 400 доллари амрикоӣ ва 250 сомонӣ гирифта, ба номбурда билети ҳарбии қалбакӣ тайёр карда додааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.09.2017 №: 203 Мутолиа карданд: 1330