суханрониҳо
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 17-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 8 сентябри соли 2008
Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ муқаддасоти ҷовидонӣ мебошанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 17-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 8 сентябри соли 2008
Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони арҷманд!
Ҳозирини мӯҳтарам!
Ҳабдаҳ сол пеш миллати куҳанбунёд, соҳибфарҳанг ва тамаддунсози тоҷик ба дастоварди бузург ва муқаддас - истиқлолияти давлатӣ ноил гардид, ки ҳоло мову шумо ин рӯйдоди муборак, яъне тантанаи адолати таърих ва бо силсилаи давлатдориҳои чандинҳазорсолаи ниёгонамон пайвастани оини давлатдории навини худро бо камоли ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем.
Дар баробари ин иди бузурги умумимиллӣ мо ҳамчунин 1150-солагии зодрӯзи қофиласолори адабиёти классикии тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро, ки бо қарори ЮНЕСКО дар саросари олам ҷашн гирифта мешавад, инчунин Соли бузургдошти забони тоҷикиро таҷлил менамоем, ки ин нишонаи ростини пайванди фарҳангу суннатҳои деринаи давлатдории мо бо истиқлолияти воқеии миллатамон мебошад. Ба ин муносибат ҳамватанони азиз, кулли тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ва ҳамаи шумо - меҳмонони арҷманду ҳозирини гиромиро самимона табрику таҳният мегӯям.
Аслан ҳабдаҳ сол дар муқоиса бо таърихи гузаштаи миллатҳои бостонӣ, аз ҷумла тоҷикон, фосилаи чандон тӯлонӣ нест, вале бо вуҷуди ин метавонад дар сарнавишти миллат, тақдири давлат ва роҳи тараққиёти он дигаргуниву таҳаввулоти азимеро ба бор оварад. Чунончи, дар интиҳои асри ХХ дар давоми ҳамагӣ чанд сол дар натиҷаи дигаргуниҳои амиқ ва бар асари равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ харитаи сиёсии ҷаҳон тағйир ёфта, як қатор кишварҳои соҳибистиқлол, яъне давлатҳои мустақили миллӣ арзи ҳастӣ намуданд, ки Тоҷикистони мо низ аз ҷумлаи онҳо буд. Вале шароит ва авзои сиёсии кишвари мо дар он рӯзҳо аз дигар ҷумҳуриҳои ҳамсоя ва собиқ Шӯравӣ фарқи ҷиддӣ дошт.
Дар арафаи ба истиқлолият расидани мо бадхоҳони миллати тоҷик бо истифода аз таҷрибаи таърихӣ ва усулҳои озмудаи худ, яъне ба роҳ андохтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсие, ки таҳти таъсири онҳо ҳазор сол пеш давлати бузурги Сомониён аз байн рафта буд, тавонистанд аввал миллати моро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ кашида, баъдан давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонанд.
Бар асари сари вақт ва дуруст дарк накардани ҳадафҳо ва ғаразҳои сиёсиву мафкуравии баъзе доираҳои сиёсии хориҷӣ, ҳамчунин мазмуну моҳияти аслии равандҳои мураккаби минтақавию байналмилалӣ, инчунин дар натиҷаи ба доми фиреби бегонапарастон афтодани як қисми мардуми камтаҷриба дар кишвари мо арзиши муқаддаси истиқлол ва давлатдории миллӣ, ки аз ҳама гуна манфиатҳои маҳдуди сиёсиву иҷтимоӣ ва ҳадафҳои ҳизбиву гурӯҳӣ волотар аст, поймол гардид. Вале, бархилофи азму талошҳои гурӯҳҳои бегонапараст, нерӯҳои тундрави дохилӣ ва доираҳои манфиатдори хориҷӣ қувваҳои солими ҷомеаи мо роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллиро, ки мардуми мо онро дер боз интизор буданд, интихоб карданд, ки чанде нагузашта, ҳаёт дуруст будани онро собит намуд. Зеро мардуми Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ диданд. Маҳз аз ҳамин хотир сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои муқаддастарин қадру қимати бузург доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҷониву имонии тамоми халқи мамлакат мебошад.
Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли ҳабдаҳ соли истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид. Зеро дар ин давра дастёбӣ ба шинохти асолати таърихии миллат, мақому мартаба ва ҷойгоҳи он дар таърихи тамаддуни башарӣ аз ҷумлаи муҳимтарин самтҳои сиёсати давлати Тоҷикистон буд, ки ин сиёсати ваҳдатсоз аз бузургдошти таъриху фарҳанги деринаи тоҷикон ва симоҳои барҷастаи фарҳангӣ оғоз гардида, барои пешрафти корҳои мо дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин фазои мусоид фароҳам овард. Бинобар ин, мо бояд ҳамеша аз истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти ҷовидонӣ мебошанд, шукрона карда, онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем.
Истиқлолият соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти воқеии давлатро дар танзим ва пешбурди сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ инъикос намуда, дар бахшҳои сиёсат, иқтисод, фарҳанг, иҷтимоиёт ва дигар аркони зиндагии ҷомеа соҳиби қарор будани кишварро нишон медиҳад.
Бинобар ин, аз нахустин солҳои истиқлолият сар карда, дар назди мо илова ба таъмини сулҳу субот, ба даст овардани ризоияти нерӯҳои мухталиф ва ваҳдати миллӣ зарурати эҷоди давлату давлатдории нави ҷавобгӯй ба манфиатҳои миллат ва ниёзҳои мардуми Тоҷикистон қарор дошт.
Мо таҷрибаи мавҷудаи давлатсозиву давлатдориҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ, омилҳои сиёсиву таърихӣ ва фарҳангии миллиро дар марҳалаҳои гуногуни таърихи халқамон омӯхта, рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Нишон, Парчам ва Суруди миллиро қабул кардем, Артиши милливу Қӯшунҳои сарҳадиро ташкил додем ва бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва майлу ормонҳои мардуми кишвар аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуда, роҳи эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтем.
Дар марҳалаи нави давлату давлатдорӣ тибқи Конститутсияи нави мамлакат асосҳои сохтори ҷомеа ва давлат, инчунин идоракунии он танзим гардида, ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии шаҳрвандон муайян карда шуданд.
Ҳамзамон бо ин, фаъолияти мақомоти олии қонунгузорӣ ва иҷроияи мамлакат таҳким ёфта, пояҳои истиқлолияти сиёсии давлат устувор гардонида шуданд.
Пеш гирифтани роҳи тозаи сиёсӣ, низоми ҷадиди демократӣ ва муносибатҳои нави иқтисодӣ ба мо имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи рукнҳои давлатдорӣ, рушди тадриҷиву бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчунин раванди созандагиву бунёдкориҳо қадамҳои устувор гузорем ва имрӯз дилпурона гуфта метавонем, ки дар ин роҳ ба хеле дастовардҳо ноил шудем.
Дар марҳалаи кунунӣ ҳадафҳои муҳимтарин ва стратегии давлати мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.
Дар ин замина ҳоло Тоҷикистон ба давраи сифатан нави рушди иҷтимоиву иқтисодии худ ворид гардидааст, ки он муносибати комплексӣ ва таъсиси низоми ягонаи рушди миллиро тақозо менамояд. Вазифаҳои асосии ин давра вусъатбахшии пайгиронаи ислоҳот дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат, таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ва бо ҳамин роҳ паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии мардум мебошанд.
Дар натиҷаи кӯшишу талошҳои давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи ду ҳуҷҷати барои рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат муҳим – Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009 сатҳи камбизоатӣ аз 64 фоизи соли 2003 дар айни ҳол ба 53 фоиз расонида шуд. Дар асоси барномаҳои зикршуда Ҳукумати кишвар дар назди худ вазифа гузоштааст, ки сатҳи камбизоатиро то соли 2015-ум 32 фоиз паст гардонад ва мо ҳатман ба ин нишондиҳанда ноил хоҳем гашт.
Дӯстони арҷманд!
Дар охири асри ХХ ва оғози садаи XXI вазъи геополитикии ҷаҳон куллан тағйир ёфт ва дар натиҷаи суръат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ, инчунин авҷ гирифтани талошҳои ошкору ниҳони давлатҳои абарқудрат барои аз нав тақсим кардан ва ба даст овардани манбаъҳои сӯзишворӣ ва ашёи хом дар минтақаҳои алоҳидаи сайёра мухолифату даргириҳо шиддат пайдо карданд. Ҳамчунин бар асари таҳаввулоти ҷиддӣ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва вусъат ёфтани истеҳсоли сӯзишвории биологӣ хатари бӯҳрони озуқаворӣ низ ба миён омад. Ин талошҳо дар шароите ҷараён доранд, ки захираҳои ҷаҳонии нафт ду баробар коҳиш ёфтаанд ва тибқи хулосаи коршиносон кишварҳои олам дар давоми як сол нафтро дар ҳаҷме истихроҷ ва истифода менамоянд, ки сарчашмаҳои табиии он дар тӯли ду миллион сол ба вуҷуд омадаанд.
Дар чунин шароит, албатта, талабот ва эҳтиёҷоти кишвари мо низ ба нерӯи барқ ва дигар манбаъҳои энергетикиву сӯзишворӣ торафт афзоиш меёбад, ки ин раванд андешидани тамоми чораҳои заруриро барои рушди соҳаи гидроэнергетика ва бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузург ҳамчун самти стратегии фаъолияти давлат тақозо менамояд.
Дар давоми 16 соли охир мо барои рушди соҳаи энергетикаи кишвар зиёда аз панҷ миллиард сомонӣ сарф кардем. Баъди ба даст овардани истиқлолият нерӯгоҳи “Помир-1” ва ду агрегати Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1»-ро ба кор андохта, ният дорем, ки то охири соли ҷорӣ онро пурра ба истифода диҳем.
Дар айни ҳол бо ҷалби маблағҳои давлатӣ ва сармоягузории хориҷӣ нӯҳ лоиҳаи инвеститсионӣ татбиқ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо беш аз як миллиарду ҳаштсад миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар доираи онҳо сохтмони як силсила нерӯгоҳҳои хурд, таҷдиду барқарорсозии нерӯгоҳҳои Норак, Қайроққум, Варзоб ва марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ёвон солҳои наздик анҷом дода хоҳанд шуд.
Дар баробари ин, сохтмони нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-2» ва Роғунро босуръат идома дода истодаем. Ҳамчунин имкониятҳои дар ҳавзаи дарёҳои дохилӣ бунёд намудани даҳҳо нерӯгоҳи хурду миёна мавриди омӯзиш қарор доранд, ки солҳои наздик сохтмони онҳо шурӯъ хоҳад шуд. Умуман, дар давраи соҳибистиқлолӣ мо 120 нерӯгоҳи хурди барқи обиро сохта ба истифода додем. Танҳо то аввали сентябри соли ҷорӣ 15 нерӯгоҳи хурд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд ва илова бар ин, то охири ҳамин сол боз 10 нерӯгоҳи хурди дигар ба кор оғоз хоҳад кард.
Ҳадафи мо дар соҳаи энергетика пайваст намудани шабакаҳои энергетикии ҷануб ва шимоли кишвар, беҳтар кардани сифати таъминоти аҳолӣ бо барқу газ, азхудкунии конҳои нави газ ва ангишт мебошад. Дар ин замина бо бунёди хати интиқоли қувваи барқи Ҷануб – Шимол, ки то охири соли 2009-ум ба анҷом расонида мешавад, шабакаи ягонаи энергетикии кишварро ташкил хоҳем кард.
Мехоҳам таъкид намоям, ки сарвати асосии миллии Тоҷикистон захираҳои гидроэнергетикии он мебошанд. Бинобар ин, бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ барои мо масъалаи ҳаёту мамот аст. Ва мо ҳамаи чораҳоро меандешем, ки дар давоми се соли оянда истиқлолияти энергетикии кишварамонро таъмин намоем.
Мувофиқи пешгӯии мутахассисон дар қаъри замини Тоҷикистон зиёда аз се триллион метри мукааб газ мавҷуд аст, ки ҷиҳати иктишофу истихроҷи он Ҳукумати мамлакат ҳоло ба 14 ширкати ватанию хориҷӣ иҷозатнома додааст. Илова бар ин, мо ҳамаи корҳои омодагиро ба роҳ мондаем, ки то зимистони ҳамин сол чор шаҳру ноҳияи вилояти Хатлонро бо гази истеҳсоли худӣ пурра таъмин намоем. Бо андешидани чораҳои дахлдор мо ният дорем, ки дар муддати се-чор соли оянда эҳтиёҷоти аҳолии кишварамонро пурра бо гази истеҳсоли худӣ қонеъ созем. Хотирнишон месозам, ки дар ин самт корҳо аллакай шурӯъ гардидаанд.
Тоҷикистон аз рӯи захираҳои ангишт, ки зиёда аз 4 миллиард тоннаро ташкил медиҳад, дар миёни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Дар давоми солҳои истиқлолият дар натиҷаи ба роҳ мондани истихроҷи захираҳои 14 кони нав зиёда аз якуним миллион тонна ангишт истеҳсол карда шуд ва дар айни ҳол талаботи аҳолӣ, муассисаҳои таъиноти иҷтимоӣ, инчунин субъектҳои хоҷагидор пурра бо ангишти истеҳсоли худӣ таъмин карда мешаванд. Ҳоло мо бо истифодаи ангишт сохтмони якчанд нерӯгоҳи барқӣ ва марказҳои барқу гармидиҳиро ба нақша гирифтаем, ки солҳои наздик ба сохтмони онҳо низ оғоз мекунем.
Ҳадафи дигари стратегии мо аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат мебошад. Мардуми Тоҷикистон шоҳиди ҳол аст, ки чанд сол пеш кишвари мо бар асари вуҷуд надоштани робитаҳои нақлиётӣ дар як сол шаш-ҳафт моҳ ба се қисми алоҳида тақсим мешуд. Аз ин хотир, дар тӯли ҳабдаҳ соли истиқлолият мо сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлобро анҷом дода, ба сохтмони шоҳроҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо ва пулҳои байнимарзӣ шурӯъ намудем ва имрӯз кишвари мо ба қаламрави воҳид табдил ёфта, барои рафтуомади доимӣ ба тамоми минтақаҳои мамлакат ва аз чор сӯ ба давлатҳои ҳамсоя имконият фароҳам омадааст.
Бунёду азнавсозии роҳҳои автомобилгарди Шоҳон – Зиғар ва Шкев – Зиғар, Душанбе - Чанак, Душанбе – Саритош, сохтмони нақбҳои Истиқлол, Шаҳристон ва Шаршар имкон медиҳанд, ки ҳаракати доимии нақлиётӣ байни минтақаҳои мамлакат, инчунин ба давлатҳои ҳамсоя бемамониат таъмин гардад.
Бо мақсади фароҳам овардани шароиту имконияти зарурӣ барои сарфаи сӯзишворӣ ва дар мӯҳлатҳои кӯтоҳ анҷом додани ҳамлу нақли молу маҳсулот, инчунин баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мусофирон татбиқи якчанд лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавопаймоии мулкӣ, аз ҷумла бунёди хати нави роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон, терминали замонавӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе дар назар аст, ки сохтмони онҳо соли оянда оғоз меёбад. Ҳамчунин солҳои наздик ба азнавсозии роҳҳои мошингарди Қӯрғонтеппа – Панҷ, Душанбе – Данғара, Душанбе-Турсунзода ва сохтмони нақби Чормағзак шурӯъ хоҳем кард. Имконияти бо роҳи оҳан ба якдигар пайваст кардани ҳамаи минтақаҳои мамлакат ҳоло мавриди омӯзиш ва таҳқиқи мутахассисону коршиносон қарор дорад. Бо амалӣ гардидани лоиҳаҳои инвеститсионии мазкур ва дигар нақшаҳои пешбинишуда мо то охири соли оянда Тоҷикистонро пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ мебарорем.
Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар давоми солҳои истиқлолият ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти саноатӣ, беҳтар гардонидани сифати маҳсулот ва қобилияти рақобати он, афзоиш додани коркарди ашёи хоми ватанӣ ва содироти маҳсулоти тайёр, таҳкими сатҳи техникии истеҳсолот ва ворид намудани технологияи нав, ки ҳама дар маҷмӯъ омили пешрафти иқтисодии мамлакат мебошанд, хеле корҳои назаррас анҷом дода шуданд.
Ҳоло саноати Тоҷикистони соҳибистиқлол зиёда аз 80 соҳаи гуногунсамт, аз ҷумла металлургияи ранга, маъданҳои кӯҳӣ, гидроэнергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ, истеҳсоли маводи сохтмон, нафту кимиё, мошинсозӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва бахшҳои дигарро фаро мегирад ва суръати миёнаи афзоиши солонаи он зиёда аз 10 фоизро ташкил медиҳад. Ҷиҳати боз ҳам вусъат ёфтани саноати Тоҷикистон ба мо зарур аст, ки бештар барои воридоти техникаву технологияи муосири истеҳсолӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, инчунин фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ кӯшишу талош намоем.
Таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва ҳарчи бештар бо маҳсулоти озуқавории худӣ таъмин кардани аҳолӣ ҳадафи сеюми фаъолияти Ҳукумати кишвар мебошад. Бинобар ин, барои рушди бемайлони соҳаи кишоварзӣ, оқилонаву самаранок истифода бурдани замин ва пеш аз ҳама заминҳои обӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва ривоҷ додани коркарди саноатии маҳсулот то имрӯз як силсила тадбирҳои мушаххас ва муассир амалӣ карда шуданд.
Дар ин самт мехоҳам махсус зикр намоям, ки ислоҳоти бахши аграрӣ, ба ихтиёри деҳқонону фермерҳо вогузор намудани замин ва дар ин асос густариш додани соҳибкории хурду миёна, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ ҳоло саҳми бахши хусусиро дар истеҳсоли аксари намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ ба 90 фоиз расонидааст.
Воқеан, яке аз роҳҳои асосии ҳифзи бозори истеъмолии кишвар ва пешгирӣ кардани афзоиши нархҳои маводи ғизоӣ истифодаи самараноку оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳосилнокии он, дар як сол аз заминҳои обӣ рӯёнидани ду-се ҳосил ва бо ҳамин роҳ зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти озуқавории худӣ мебошад. Ба ибораи дигар, мо амнияти озуқавории кишварро танҳо дар сурате таъмин карда метавонем, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ватаниро ҳарчи бештар афзоиш дода, аз маводи ғизоии воридотӣ камтар вобаста бошем.
Ба хотири таъмини амнияти озуқавории мамлакат ба мо зарур аст, ки ҳар сол дар майдони на камтар аз 160 ҳазор гектар заминҳои обӣ кишти такрорӣ гузаронида, истифодаи самараноки ҳар ваҷаб заминро ба роҳ монем. Инчунин талаботи бозори дохилӣ ва нишондиҳандаҳои воридоту содироти маҳсулоти озуқавориро ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ карда, доир ба паст кардани сатҳи вобастагии бозори дохилӣ аз маҳсулоти воридотӣ, инчунин қабул ва татбиқ намудани барномаи амнияти озуқавории кишвар тадбирҳои мушаххас андешем.
Барои ҳалли масъалаҳои зикршуда ва умуман рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар доираи лоиҳаҳои гуногун ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ самти муҳимтарини фаъолияти Ҳукумат мебошад.
Дар ин ҷо зикри як мисолро лозим медонам, ки баъд аз соли 1997-ум дар доираи зиёда аз 200 лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ 15 миллиард сомонӣ ё 4 миллиарду 400 миллион доллар маблағ ҷалб шудааст ва мо кӯшиш мекунем, ки ин корро минбаъд низ идома диҳем. Ин амр тақозои асри ҷадид аст, зеро дар ибтидои асри XXI халқи Тоҷикистон ба иқтисодиёту истеҳсолоти замонавии ҷавобгӯи манфиатҳои давлатдории миллӣ, татбиқи дастовардҳои пешрафтаи иқтисоди ҷаҳонӣ ва илму технологияи нав, ҳамчунин тарбияи насли дорои тафаккури созанда, ҷаҳонбиниву дониши муосир, зираку соҳибмаърифат ва ватанпараст ниёз дорад, ки барои тараққиёту ободии ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо иродаи мустаҳкам ва содиқона хизмат намуда, дар арсаи ҷаҳонӣ аз давлату миллати худ пуштибонӣ карда тавонанд.
Тарбияи чунин насли соҳибмаърифат, огоҳу бедордил, забондону ҷӯянда ва донандаи техникаву технологияи муосир минбаъд низ ҳамчун самти муҳими сиёсати давлат боқӣ мемонад. Зеро пешрафту тараққиёти ҳар як давлатро маҳз кадрҳо ва мутахассисони баландихтисосу кордон таъмин мекунанд.
Вобаста ба масъалаи таълиму тарбия мехоҳам як нуқтаи муҳимро хотирнишон созам, ки мо бояд ҳамаи имконияту захираҳои маънавию зеҳнии худро барои ислоҳот ва таҷдиди шуури насли наврас ва ҷавонон, инчунин соҳибмаърифату соҳибихтисос гардонидани онҳо сафарбар намоем.
Дар доираи ин вазифаи муҳим Ҳукумати Тоҷикистон рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ шумурда, дар тӯли ҳабдаҳ соли истиқлолият ҳамасола маблағгузории соҳаро зиёд намуд, ки дар натиҷа имрӯз шароити моддиву техникӣ ва раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, касбӣ ва олӣ хеле беҳтар шудааст. Чунончи, дар соли 1995 маблағгузории соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳамагӣ якуним миллион сомонӣ буд, вале ҳоло он ба 700 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки ин 16 фоизи буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Танҳо дар ҳашт соли охир маблағгузории давлатии соҳаи маориф 16 маротиба афзудааст.
Дар баробари ғамхориҳои давлат ба соҳаи маориф вазифаи муқаддаси падару модарон, роҳбарону кормандони соҳаи маориф, инчунин зиёиён ва аҳли ҷомеа аз он иборат аст, ки бо роҳи баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълиму тарбия, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои насли наврас ҳамчун давомдиҳандагони кору фаъолияти наслҳои имрӯза саҳми арзандаи инсонӣ ва ватандӯстонаи худро гузоранд.
Ҳамзамон бо ин, сиёсати иҷтимоии давлати мо ба ислоҳот ва инкишофи соҳаҳои тиб, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, инчунин баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, рушди зеҳниву ҷисмонии ҷавонон ва тараққӣ додани варзиш нигаронида шудааст. Дар ин самтҳо мо дар тӯли солҳои соҳибихтиёрӣ ба пешрафти назаррас ноил гардидем, лекин мо бо ин дастовардҳо маҳдуд нашуда, татбиқи самарабахши сиёсати давлатиро дар ин ҷода идома хоҳем дод.
Бояд гуфт, ки яке аз воситаҳои беҳтарини ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим варзиш мебошад. Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат рушди варзиш дар кишварамон суръати тоза пайдо кард, ки дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ гувоҳи он мебошад. Дар таърихи навини мо аввалин бор ду нафар варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқоти олимпии Пекин дастболо шуда, бо медалҳо ба Ватан баргашт. Пеш аз истиқлолият Тоҷикистон ҳамагӣ даҳ нафар қаҳрамони ҷаҳон дошт, вале ҳоло шумораи онҳо 30 нафарро ташкил медиҳад, ки ин боиси ифтихор аст.
Ҳукумати мамлакат барои рушди варзиш, сохтмони иншооти варзишӣ ва гузаронидани чорабиниҳои гуногун дар давоми якчанд соли охир бо сарфи зиёда аз 50 миллион сомонӣ дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо даҳҳо варзишгоҳи замонавиро сохта, ба истифода супурд. Сохтмони чандин варзишгоҳ ва дигар иншооти варзишӣ идома дорад. Мо ният дорем, ки ин равандро минбаъд низ густариш бахшем. Зеро даврае, ки ба ҳаёти инсоният, бахусус ҷавонон падидаҳои номатлуб, аз ҷумла нашъамандӣ, костагии одобу ахлоқ ва ба ҷунбишҳои иғвоангезу ифротгаро шомил гардидани онҳо таҳдид менамояд, мо рушди варзиш ва оммавӣ гардонидани онро кори муҳим меҳисобем. Илова бар ин, мехоҳам хотирнишон созам, ки варзишро беҳуда қосиди сулҳ нагуфтаанд. Рушди варзиш ва вусъати рафтуомади варзишгарон ба кишварҳои ҳамдигар боиси таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқу миллатҳои гуногун мегардад.
Ҳамватанони азиз!
Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки рушди давлатдории навини миллии мо дар шароити бисёр мураккабу ҳассоси ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳои мухталиф сурат гирифта истодааст. Дар чунин шароит бо ҳамдигар пайванди қавӣ додани муборизаву талошҳои гузаштагонамон дар роҳи расидан ба истиқлолият бо нерӯи созандаи насли нав ва ҳифзи арзишҳои фарҳангиву маънавии гузаштаву имрӯза барои мо масъалаи ҳаётӣ ва тақдирсоз мебошад.
Ба ин хотир, мо гиромидошти номи фарзандони фарзонаи миллатамонро, ки барои офаридани осори ҷовидона, афзун гардонидани хазинаи маънавии халқи куҳанбунёди мо ва умуман тамаддуни башарӣ хизматҳои бузурги таърихӣ кардаанд, вазифаи муқаддаси худ медонем.
Яке аз чунин бузургмардони миллати тамаддунсози мо устод Рӯдакӣ мебошад, ки имсол ба зодрӯзи ӯ 1150 сол, яъне ёздаҳуним аср пур мешавад. Қофиласолори назми тоҷику форс устод Рӯдакӣ тараннумгари даврони тиллоии давлату давлатдории ниёгони мо - сулолаи Сомониён буд, ки нақши ҷовидонаи онҳо имрӯз ҳам илҳомбахши кору пайкори давлатсозии миллии мо дар марҳилаи нави таърихӣ мебошад.
Дар саҳифаҳои таърихи халқамон сабт шудааст, ки дар замони давлатдории Сомониён арзишҳои бузурги милливу фарҳангӣ заминагузорӣ ва эҳё гардида, номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ин давра ҳашамат ва азамати ҷовидона мебахшад.
Рӯдакӣ аввалин сухансарои адабиёти тоҷику форс аст, ки таҷриба ва осори пешиниёнро ҷамъбаст карда, ба қавли рӯдакишиноси машҳури фаронсавӣ Дармстетер «шеърро аз ҳайси бузургӣ ба тахт нишонд ва роҳи минбаъдаи рушду такомули онро муайян сохт». Ин хизмати бузурги Рӯдакӣ пеши роҳи нуфузи фарҳанги бегонаро дар қаламрави Сомониён гирифта, истиқлоли воқеии адабиётро бо забони модарии мо фароҳам овард ва балоғату фасоҳати сухани тоҷикиро нишон дод. Устод Рӯдакӣ натанҳо шаклу навъҳои шеъри моро ба ҳадди такомул расонид, балки дурдонаҳои ноби забони тоҷикиро ба силки тасвир кашида, ба тозагии забони адабии тоҷикӣ аҳамияти ҷиддӣ додааст. Забони ашъори ӯ имрӯз забони ширадор, шаҳдрез ва абадзиндаи тамоми мардуми қаламрави форсигӯёни ҷаҳон аст.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки номи Рӯдакӣ ҳамчун парчамбардори забони ширину шоиронаи тоҷикӣ то ҷовидон зинда хоҳад буд ва шеъри оламгири ӯ то абад дар қалби тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ҷӯш хоҳад зад. Мо имсол ба чорабиниҳои бузургдошти забони тоҷикӣ, пеш аз ҳама, ба хотири ҳимояту пуштибонии асолати чандинҳазорсолаи забони нобу шевои модариамон дар раванди рӯзафзуни хатарҳои ҷаҳонишавӣ, ҳамчунин рӯҳу равони тоза бахшидан ба решаҳои бегазанди пайванди наслҳо, пойдории рукнҳои давлатдории миллӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатамон рӯ овардем. Зеро хатари мудҳиши беному нишон гаштан ва ба фаромӯшхонаи таърих рафтан ба миллати тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо на як бору ду бор таҳдид кардааст. Вале тоҷикон маҳз ба шарофати забони модарӣ, фарҳанги безавол ва андешаи миллии худ тавонистаанд, ки аз мушкилтарин озмоишҳои таърих раҳоӣ ёфта, ба ҳастии худ нерӯву равони тоза бахшанд. Аз ин рӯ, мо дар низоми давлату давлатдории худ ба хотири баланд бардоштани ифтихори ватандориву худшиносӣ, ҳифзи фазои орому осуда ва сулҳу субот дар ҷомеа, ҳамчунин таҳкими ваҳдати миллӣ кӯшишу талош менамоем.
Фаромӯш набояд кард, ки худшиносӣ танҳо гирифтори дастовардҳои гузашта шудан ва аз мероси илмиву адабӣ ва фарҳангии ниёгон ифтихори хушкухолӣ доштан нест, балки он пойгоҳи устувори маънавиест, ки фарзандони бонангу номус ва огоҳу бедордили миллатро ба қиёсу хулосабарориҳои таҳлилӣ ва бо дарки воқеияти замони нав пайрезӣ кардани ҳадафҳои неки созанда барои даҳсолаҳои минбаъда ҳидоят месозад.
Ба пешрафту тараққиёти замона мутобиқ ва ҳамоҳанг сохтани шуури аъзои ҷомеа, истифодаи огоҳона ва дурусти арзишҳои милливу динӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи мардум, аз олоишҳои ифротгароӣ, таассубиву хурофотӣ пок сохтани онҳо ва доғдор нагардонидани дини мубини ислом талаботи рӯз аст. Шукронаи истиқлолияти давлатӣ, ки имрӯз халқи мо барои риояи тамоми рукнҳои дини мубини ислом шароит ва имконияти заруриро доранд ва дар ин самт ягон монеа вуҷуд надорад. Мардуми Тоҷикистон, бахусус аҳли уламо ва пешвоёни дин бояд фаромӯш насозанд, ки дар натиҷаи тафриқаандозӣ дар миёни мусулмонони кишвар ва тундравии гурӯҳҳои алоҳидаи диндорон дар соли 1992-юм ба сари халқи мо чӣ гуна ғаму кулфат ва фоҷиаҳо омада буд.
Сарзамини бостонии тоҷикон, ки дорои тамаддуни чандинҳазорсола мебошад, бузургмардони зиёдро ба дунё овардааст. Аксари онҳо дар осори бебаҳояшон ҷавҳари илму фарҳанги замони худро хулоса карда, имрӯз ба мояи ифтихори башар табдил ёфтаанд. Мероси таърихии фарзандони барӯманди миллатамон имрӯз низ барои худшиносии миллӣ, муаррифӣ намудани тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва дар гуфтугӯи тамаддунҳо аҳамияти муҳими байналмилалӣ дорад.
Қобили зикри махсус аст, ки тоҷикон дар давоми асрҳои зиёд пайваста дар таҳаввулу инкишофи тамаддун ва фарҳанги исломӣ саҳми бузург гузоштаанд. Шинохти комили таърихи ислом бе омӯзиш ва баҳои муносиб додан ба нақши махсуси тоҷикон аз имкон берун аст. Аз ин ҷиҳат, исломро аз фарҳанги миллӣ ва фарҳанги миллиро аз ислом ҷудо ҳисобидан хатост. Мутаассифона, дар кишварамон баъзе равияҳои тундрави бунёдгароёна пайдо шуда истодаанд, ки мехоҳанд ба мардум исломро ҷудо аз арзишҳои миллӣ маънидод намоянд. Чунин муносибат боиси ба миён омадани кинаву адовати динӣ ва низои миллӣ дар ҷомеа шуда метавонад. Фаромӯш набояд кард, ки 97 фоизи мардуми Тоҷикистон пайрави мазҳаби ҳанафия мебошанд.
Мо ифтихори хоса дорем, ки бунёдгузори бузургтарин ва бонуфузтарин мазҳаб дар дини мубини ислом фарзанди арҷманди халқи тоҷик Имом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит маъруф ба Имоми Аъзам мебошад. Таърихи дини ислом собит намудааст, ки дар шинохт ва маърифати фиқҳи исломӣ ҳама ниёзманди мактаби Абӯҳанифа мебошанд. Бояд гуфт, ки ба шарофати талошҳои фидокоронаи ин фақеҳ ва мутафаккири бузург ҳувияти аҷамӣ ҳифз ва арзишҳои миллӣ инкишоф ёфтаанд.
Маҳз бо кӯшишҳои Имоми Аъзам ба забони тоҷикӣ ҳамчун забони ибодати динӣ нақш ва аҳамияти махсус дода шуда, он дар байни диндорон ҳамчун забони дуюми аҳли биҳишт эътироф гардидааст.
Мазҳаби Абӯҳанифа ҳам таърихан ва ҳам амалан омили муҳими ваҳдати умумиинсонӣ, ҳифзи субот ва амнияти низоми ҷамъиятӣ аст. Ба ақидаи ӯ ягонагии мақсад, ягонагии гуфтор ва ягонагии кирдори аҳли ҷомеа шарти бақо ва ҳастии ҳар як миллат мебошад.
Дар робита ба ин Имоми Аъзам фармудааст: «Худои азза ва ҷалла расули худро ба инсоният ҳамчун раҳмат барои рафъи тафриқа ва афзудани дӯстӣ ва на барои тафриқаю ихтилофи гуфтор ва шӯронидани одамон бар зидди ҳамдигар фиристодааст».
Барои мо, тоҷикон, шинохти чунин шахсияти камназир дар раванди ташаккули худшиносии миллӣ ва инкишофи андешаи миллӣ аҳамияти бузурги ҳаётӣ ва байналмилалӣ дорад.
Бо дарназардошти хизматҳои таърихии ин мураббии маънавии миллатҳо пешниҳод менамоям: соли 2009-ум, ки баробар ба 1310-солагии ин шахсияти барҷаста мебошад, Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон карда шавад.
Ҳозирини гиромӣ!
Барои мо худшиносӣ дар тарозуи замон баркашидани бурду бохтҳои давлатдорӣ, арзишҳои фарҳангиву маънавӣ ва муайян намудани дурнамои оянда ва ҳадафҳои созандагӣ мебошад.
Худшиносӣ қутбнамоест, ки моро ба сӯи асолати милливу ҳувияти ватандорӣ раҳнамоӣ карда, бароямон роҳи душвори пешрафти оянда, кору пайкори навбатии давлатсозиву давлатдорӣ, расидан ба рӯзгори ободу осуда ва ҷомеаи мутамаддинро осонтар мегардонад.
Худшиносӣ насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои аҷдодӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихиву фарҳангии ниёгон ва дастовардҳои умумибашарӣ ҳидоят мекунад ва онҳоро чун ҳомиёни воқеӣ ва номбардори миллати хеш ба камол мерасонад.
Бинобар ин, ба тамоми халқи Тоҷикистон, ҳар фарди худогоҳ ва бонангу номуси миллат зарур аст, ки ба қадри соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеа расида, онҳоро ҳамчун неъмати бебаҳо қадршиносӣ кунанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳамеша барои ҳифзи манфиатҳои олии миллат ва давлат азму талош намоянд.
Итминони комил дорам, ки кулли фарзандони бонангу номуси халқи Тоҷикистон бо дарки масъулияти ватандорӣ ҳадафҳои наҷиби созандагӣ ва ободонии Ватани азизамонро минбаъд низ қарзи инсонӣ ва шаҳрвандии худ мешуморанд ва садоқати хешро ба Тоҷикистони ободу соҳибистиқлол бо кору пайкори амалии ҳаррӯзаашон собит месозанд.
Дар охир бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистон, кулли тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ва шумо – ҳозирини арҷмандро ба ифтихори 17-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 1150-солагии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Соли забони тоҷикӣ табрик мегӯям.
Биёед ҳама якҷо дар ин моҳи муборак ва шарифи рамазон ба даргоҳи Худованди мутаол дуо кунем, ки рӯҳи бузургон ва абармардони гузаштаи миллатамон роҳи фардои нек ва дастовардҳои ояндаро барои мо равшан созад!
Бигзор муқаддасоти давлатдории миллӣ, забони модарӣ, ваҳдату ягонагӣ ҳамсафари доимии мову шумо ба сӯи ҷомеаи мутамаддин ва фардои ободу осуда бошанд!
Бигзор ормонҳои волои истиқлолият, ҳадафҳои наҷиби созандагӣ ва кору пайкори ҳамешагӣ илҳомбахши ояндаи нек ва зиндагии осоиштаву осудаҳолонаи мардуми мо гарданд!
Зиндаву поянда бод халқи бунёдкор, созанда ва фарҳангофарини тоҷик!
Саломату сарбаланд ва пирӯз бошед!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 9829