logo

ҳуқуқ

АВБОШӢ ДУ НАФАРРО НУҲ СОЛУ ШАШ МОҲ БА ЗИНДОН БУРД

Суди шаҳри Ваҳдат ду сокини маҳаллӣ - Файзалӣ Нозимшоев ва Ҷамшед Сангзодаро дар содир намудани ҷинояти авбошӣ муҷрим шинохта, онҳоро мутаносибан аз 8 солу шаш моҳ то 1 сол равонаи зиндон кард.

Тавре Маҳмадназари Шуҳратҷон, судяи суди шаҳри Ваҳдат, ба “Ҷумҳурият” иттилоъ дод, судшаванда Файзалӣ Нозимшоев 14 феврали соли 2017 бо ҳамроҳии Ҷамшед Сангзода дар бозори марказии шаҳри Ваҳдат тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, бо таҳдиди истифодаи зӯроварӣ бо шаҳрванд Амирбек Ғиёсов баҳс мекунанд. Ин баҳс ба муноқиша печида, дар ҷараёни он маҳкумшудагон бо зарби қайчӣ ва латукӯб Амирбек Ғиёсовро маҷруҳ менамоянд, ки номбурда аз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бистарии беморхона мегардад.
Бино ба нишондоди маҳкумшудагон ва шоҳидони ҳодиса, ин моҷаро дар пайи таҳқири як писарбача бо номи Шаҳром рух додааст. Гуфта мешавад, ки ҳанӯз моҳи феврали соли ҷорӣ судшаванда Файзалӣ Нозимшоев дар роҳ ба сӯи сартарошхонаи бозори “Стансия”- и шаҳри Ваҳдат бо ин писарбача рӯ ба рӯ омада, ба чеҳраи зоҳирии ӯ эрод  мегирад.  Амирбек, ки ҳамроҳи Шаҳром буд, ин амалро таҳқир ҳисобида, дар хитоб ба Файзалӣ мегӯяд, ки чунин муносибат дар баробари як ноболиғ кори хуб нест. Ба ҳамин далел байни тарафҳо баҳси лафзӣ ба миён омада, боиси ниқоргирӣ аз Амирбек мешавад.
Баъд аз баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ин ҳодиса бо ҳукми суд Файзалӣ Нозимшоев тибқи талаботи қисми 3 моддаи 67-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳои таъйиншуда, ҷазои ниҳоӣ - маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 солу 6 моҳ таъйин карда шуд. Ҷамшед Сангзода бо моддаи 237 қисми 2 банди “б”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор ва барои як сол равонаи зиндон гардид.
Лашкар ШАРИФ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2017    №: 204    Мутолиа карданд: 1242
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед