logo

туризм

ИШКОШИМ БА ЯКЕ АЗ МАВЗЕЪҲОИ МУҲИМИ САЙЁҲӢ ТАБДИЛ МЕЁБАД

Ноҳияи Ишкошим дар масири Шоҳроҳи абрешим ҷойгир буда, дар ҳудуди он мавзеъҳои зиёди сайёҳӣ мавҷуданд. Ин минтақаи Бадахшон аз замонҳои пеш бо табиати пурасрору нотакрори худ таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳро ба худ ҷалб менамояд. Ба ақидаи коршиносон, рушди туризм дар ин ҷо тавассути густариши бахшҳои сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ, таърихиву фарҳангӣ ва муолиҷавӣ таъмин хоҳад гашт.

Ноҳия яке аз мавзеъҳои зеботарини Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо табиати асрорангез, чашмаҳои гарму шифобахш машҳур гардидааст.
Тибқи иттилои бахши сайёҳии ноҳияи Ишкошим, мавҷудияти чашмаҳои гарм аз қабили Биби Фотимаи Заҳро, Сист, Баршор, Гармчашма, Авҷ, Удит, Даршай, Ямчун, Вранг, Шринг, Зонг ва маконҳои таърихӣ ба монанди қалъаҳои Қаҳқаҳа ва Ямчун барои рушди соҳаи сайёҳии дохилӣ ва хориҷӣ заминаи воқеӣ мегузорад.
Ноҳияро водиҳои Ғорону Вахон ташкил медиҳанд. Водии Ғорон бо чашмаҳои шифобахш - Авҷ, Гармчашма, Сист ва водии Вахон бошад аслан бо ҷойҳои таърихӣ берун аз Тоҷикистон ҳам шуҳрат пайдо кардаанд.
Тавассути водии Вахон роҳи наздиктарин аст, ки Тоҷикистонро тариқи Покистон ба роҳи баҳрӣ мепайвандад ва онро коридори Вахон ном мебаранд. Сарҳади шимолии коридори Вахон Тоҷикистонро аз Покистон бо роҳи борик (аз 20 то 50 км) - у дароз (200 км) -и ҳудуди Афғонистон ҷудо мекунад.
Қатъи назар аз он ки коридори Вахон мавзеи мушкилгузар аст, он аз замонҳои қадим, чун яке аз шохаҳои Шоҳроҳи бузурги абрешим, ба сифати масири тиҷоратӣ истифода мешуд. Маҳз аз ҳамин ҷо соли 1271 савдогар ва сайёҳи машҳури итолиёвӣ Марко Поло гузаштааст.
Солҳои охир ин минтақа ба макони маъруфи сайёҳӣ табдил ёфтааст. Дар Водии Вахон сайёҳон имкон доранд аз деҳаҳои хушманзараи Ямг, Ямчун, Лангар, Вранг, қалъаҳои қадимаи Қаҳқаҳа, Ямчун, Ратм аз расадхонаи Суфи Муборакқадами вахонӣ, сангнавиштаҳо, чашмаҳои гарм ва қаторкӯҳҳои барфпӯши Ҳиндукуш дидан намоянд.
15-20 км дуртар аз роҳи мошингард, назди деҳаи Намадгут қалъаи қадимаи Қаҳқаҳа (асри III пеш аз милод – VII  милодӣ) воқеъ аст. Қаҳқаҳа аз номи яке аз шоҳҳои сиёҳпӯшон – оташпарастон гирифта шудааст. Он дар масоҳати 675 метр тӯл кашида, паҳноияш 200 метрро ташкил медиҳад. Деворҳои дуқабатаи пурқуввати аз санг ва хишти хом сохташуда бо 56 манораи ҳалқашаклу чоркунҷа, ки дорои тиркашҳо мебошанд, мустаҳкам шудаанд. Назди қалъа дар харсангҳои азим метавон сангнавиштаҳои қадимаро дид. Дар деҳа садҳо метр дуртар макони барои исмоилиҳо муқаддас мазори Шоҳи Мардон –  қадамгоҳи ҳазрати Алӣ воқеъ аст. Дар кунҷҳои он сангҳои нимдоираи сабз гузошта шудаанд ва тибқи ривоятҳо арабҳо онҳоро аз Шарқи Наздик овардаанд.
Дигар объекти ҷолиби диққати водии Вахон деҳаи Ямчун ба шумор меравад. Дар ҳудуди деҳа қалъаи бузурги водӣ - Ямчун ҷой гирифтааст. Қалъа аз се ҳалқаи деворҳои дуқабата, бо дарозии 950 метр ва паҳноии 400 метр, иборат мебошад. Вайронаҳои қалъа, боқимондаҳои деворҳо ва манорҳо аз азамати қаблии он шаҳодат медиҳанд. Ба андешаи олимон, он 2000 сол пеш бунёд ёфтааст.
Мавзеи дигари ҷолиби Ишкошим чашмаи Биби Фотимаи Заҳро мебошад. Ҳарорати оби чашма давоми сол аз 400 С баландтар мешавад. Оби чашма аз радон ва дигар элементҳое, ки барои табобати бемориҳои гуногун муфиданд, иборат аст. Чашма аз ду ҷой ҷорӣ шуда, онҳоро «остинҳои пероҳани Фотима» мегӯянд. Ин «остинҳо» аз боқимондаҳои рангини элементҳо (сабз, зард, мешӣ) пайдо гаштаанд. Алҳол барои меҳмонону сайёҳон дар гирду атрофи чашма иншооти гуногун сохта шудаанд. 
Солҳои охир ба инфрасохтори соҳаи сайёҳии ноҳия диққати махсус дода шуда, он ба яке аз марказҳои рушдёфтаи туризми табобативу фароғатӣ табдил ёфта истодааст. Дар осоишгоҳҳои «Гармчашма», «Авҷ», «Биби Фотимаи Заҳро», «Ширгин» ва «Зонг» барои истироҳату табобати меҳмонону сайёҳон шароитҳои мусоидро фароҳам овардаанд. Бо бунёди меҳмонхонаҳои замонавӣ шароити табобату истироҳати мизоҷон ва фаъолияти шифохонаҳо нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гашта, ин иқдом дар маҷмӯъ ба рушди сайёҳии дохиливу воридотӣ мусоидат менамояд.
Ба бовари коршиносон, солҳои наздик дар сурати андешидани тадбирҳои саривақтӣ дар самти рушди сайёҳӣ ноҳияи Ишкошим ба яке аз мавзеъҳои муҳими сайёҳии минтақа табдил хоҳад ёфт.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2017    №: 204    Мутолиа карданд: 2747
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед