ҳуқуқ
РУКНИДДИН БЕАСОС БОЗДОШТ НАШУДААСТ
Дар шумораи № 176 - и рӯзномаи «Ҷумҳурият», аз 21 августи соли 2017, дар «Гӯшаи номаҳои бетаҳрир» зери сарлавҳаи «Қиссаи як ташвиш» навиштаи сокини шаҳри Душанбе Қ. Шоҳзодаҳасанова ба чоп расидааст, ки дар Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муаллифи матлаб аз боздошт ва ба шуъбаи милитсия дастрас гардидани набераи ноболиғаш изҳори нигаронӣ намудааст. Баррасии мавод нишон дод, ки дар ҳақиқат, Рукниддини 13 - сола - набераи шаҳрванд Қ. Шоҳзодаҳасанова рӯзи 28 июли соли 2017 дар ҳудуди фурудгоҳи пойтахт аз ҷониби кормандони милитсияи Минтақаи хизматии маъмурии № 8, ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ буданд, боздошт ва ба шуъбаи милитсия дастрас гардида буд. Боздошт ва ба шуъбаи милитсия овардани ин ноболиғ, пеш аз ҳама, ҷиҳати таъмини иҷроиши талаботи банди 22-и моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки бе ҳамроҳии шахси болиғ гаштугузор кардани фарзанди то шонздаҳсоларо дар ҳудуди биною иншооти техникӣ, таҳхонаҳо ва болохонаҳои биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, ҳудуди нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, саристгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо ва саристгоҳҳои нақлиёти мусофирбар манъ менамояд, сурат гирифтааст. Ва он ҳолате, ки бо ноболиғ Вазиров Рукниддин Зокирович дар ҳудуди Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе рух дод, маҳз бар асари беназоратии волидону наздикон ва танҳо гаштугузор намудани ӯ дар ин мавзеи ҷамъиятӣ сурат гирифт.
Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣбайни ноболиғон ва ҷавонони
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.09.2017 №: 205 Мутолиа карданд: 1375