logo

туризм

БОҒИ НОДИР. БАРДОШТЕ АЗ ТАМОШОИ БОҒИ БОТАНИКИИ ПОМИР

На онқадар дуртар аз маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ, дар баландии 2320 метр аз сатҳи баҳр, дар ҷойи омезиши дарёҳои Ғунд ва Шоҳдара  Боғи ботаникии Помир, ки  дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баландтарин боғи ботаникии кӯҳӣ ба ҳисоб меравад, ҷой гирифтааст. Шиносоӣ бо маҷмӯаҳои ботаникиро метавон дарҳол аз даромадгоҳи  боғ оғоз кард. Он дорои чор ҳазор навъҳои гуногуни дарахту бутта мебошад.
Боғи ботаникӣ соли 1940 таъсис ёфта, дар масоҳати 624 гектар доман густурдааст ва беш аз 100 гектари онро ҳудудҳои обёришаванда ташкил медиҳанд. Обу ҳавояш камбориш ва байниқитъавӣ буда, ҳарорати миёнаи солона ба +7,80 С мерасад.
Боғи ботаникии Помир барои омӯзиши нашъунамои рустаниҳо дар шароити баландкӯҳ озмоишгоҳи табиии нодир мебошад ва дар байни боғҳои ботанкии ҷаҳон ҷойи махсусро ишғол менамояд. Зеро он ҳамчун манбаи тухмиҳои рустаниҳои баландкӯҳ эътироф мегардад.
Дар боғ осорхонаи «Табиати Помир» фаъолият дошта, дар он нигораҳои тавсифкунандаи хусусиятҳои табиӣ ва навъҳои асосии олами набототу ҳайвоноти ВМКБ ба намоиш гузошта шудаанд. Инчунин, дар он роҷеъ ба  география, геология ва хокҳои минтақа маълумоти зиёд пешниҳод гардида, дар лавҳаи васеъ манзараҳои Помири Ҷанубӣ ва Шарқӣ тасвир ёфтаанд. Махсусан, навъҳои гуногуни арча бештар диққатҷалбкунанда мебошанд. Арчаи маҳаллӣ барои сабзгардонӣ дар ҳудуди вилоят зиёд истифода мешавад.
Бахши Осиёи Шарқӣ дар Боғи ботаникии Помир ҷойи намоёнро ишғол мекунад. Аз шумораи умумии навъҳои дарахтон ва буттаҳо 35 дарсад ба набототи осиёишарқӣ рост меояд. Дар ин бахш беш аз 500 намуди дарахтон ва буттаҳо мутобиқ гардонда шудаанд, ки ватани аслии онҳо  Чин, Ҷопон, Шарқи Дур ва Сибир мебошад.
Дар қисмати шимолии боғ шуъбаи рустаниҳои Амрикои Шимолӣ ва дар нишебии ҷанубу шарқӣ шуъбаи набототи Ҳимолой ва Ҳиндукуш ҷой гирифтаанд. Тасаввурнопазир аст, чӣ меҳнати зиёд лозим, то чунин боғро парвариш кард ва дар ҳолати хуб нигоҳ дошт.
Боғ макони дӯстдоштаи сайёҳони дохиливу хориҷӣ мебошад. Имрӯзҳо ҳар нафари ба  шаҳри Хоруғ омада ҳатман аз ин боғи сарзабу хуррам дидан мекунад ва аз манзараҳои зебои он ва аз боду ҳавои фараҳбахшаш таассуроти рангин мебардорад.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.09.2017    №: 205    Мутолиа карданд: 2836
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед