мулоқотҳо
Гуфтугӯйи судманди Эмомалӣ Раҳмон бо Аксел Шиммелпфенниг
18 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари гурӯҳи Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфеннигро ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкорӣ бо ин муассисаи бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.
Таваҷҷӯҳи асосӣ ба татбиқи тадбирҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯмаки кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии мададрасон баҳри коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба кишвар зоҳир карда шуд.
Аксел Шиммелпфенниг ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки Хазинаи байналмилалии асъор барои дастгирии тадбирҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати Тоҷикистон илова ба 116 миллион доллари амрикоӣ, ки дар аввали соли равон ҷудо гашта буд, боз 30 миллиони дигар дар нимаи дуюми сол ва 100 миллион соли оянда ҷудо хоҳад кард.
Аксел Шиммелпфенниг аз тадбирҳои Ҳукумати мамлакат оид ба бекор кардани қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки Хазинаи байналмилалии асъор дар ин самт низ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ хоҳад кард.
Ҷонибҳо оид ба самтҳои ҳамкории оянда ва ҷалби бештари кӯмакҳои молиявӣ ва сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
www.president.tj
-Ҳайати вакилони Хазинаи байналмилалии асъор аз 14 сентябри соли равон дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар ин муддат мо якҷо бо иқтисоддонҳои варзидаи кишвари шумо вазъи рушди иқтисодиёти Тоҷикистонро дар нимсолаи аввали соли 2009 ва дурнамои онро дар моҳҳои боқимондаи сол мавриди омӯзиш ва таҳлили амиқ қарор додем. Мо дар ҷараёни сафари дуҳафтаинаамон ба татбиқи Барномаи зиддибӯҳрони Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки бо ХБА мувофиқа шудааст, таваҷҷӯҳи махсус медиҳем. Ман аз натиҷаи фаъолияти намояндагони хазина ба Ҷаноби Президент иттилоъ додам, -иброз дошт Аксел Шиммелпфенниг, роҳбари гурӯҳи ХБА оид ба Тоҷикистон, пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зикр гардид, ки бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон таъсири манфии худро расондааст. Аз ҷумла, ин ба коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқоли маблағҳо мусоидат намуд, ки он дар моҳи август наздики 35 дар садро ташкил дод.
Ба гуфти Аксел Шиммелпфенниг дар нимсолаи дувуми соли 2009 ва дар давоми соли 2010 иқтисодиёти Русия рӯ ба пешравӣ хоҳад ниҳод. Ин имкон медиҳад, ки интиқоли маблағҳо аз ин кишвар ба Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ниҳад.
Роҳбари Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон рафти татбиқи Барномаи зиддибӯҳронии Ҳукумати ҷумҳуриро то моҳи июни соли равон қаноатбахш арзёбӣ намуд. Мавсуф тазаккур дод, ки дар соли оянда дар соҳаи кишоварзии кишвари мо ислоҳоти куллӣ ба амал меояд.
Аксел Шиммелпфенниг ба саволи хабарнигорон оид ба ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ ба кишвари мо чунин посух дод:
-Ҳайати вакилони ХБА баъди бозгашт ба Вашингтон дар бораи корҳои анҷомдода ба Шӯрои иҷроияи хазина гузориш пешниҳод менамояд. Шӯрои иҷроия онро ҳамаҷониба омӯхта, дар бораи ҷудо кардани маблағ қарор қабул мекунад. Дар назар аст, ки то охири сол ХБА ба Тоҷикистон ба илова боз 30 миллион доллар ҷудо намояд. Дар давоми соли 2010 бошад, ду маротибаи дигар барои дастгирии Барномаи зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ тахсис дода мешавад.
Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1926