ҳуқуқ
ПОРА. БОЗДОШТИ МАНСАБДОРЕ БО 490 000 ДОЛЛАРИ ИМА
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мансабдореро боздошт намуд, ки барои гирифтани пора дар ҳаҷми калон муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои маркази матбуоти агентӣ, 28 сентябри соли ҷорӣ шаҳрванд «А» бо ариза ба ин ниҳод муроҷиат намудааст, ки муовини сардори Сарраёсат - сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурализода Аскар Шералӣ барои дохил намудани лоиҳаи ташкил ва рушди соҳаи мурғпарварӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020 ва дар ин замина мусоидат намудан барои ба номбурда ҷудо намудани маблағҳои грантӣ ба миқдори 10 миллион доллари амрикоӣ аз ӯ 10 дарсади маблағи ҷудошаванда, яъне 1 миллион доллар талаб намудааст. Бар асоси маслиҳати тарафҳо шаҳрванд «А» 500 000 доллари амрикоиро бояд то иҷрои амали ваъдашуда ва қисми дигари онро баъди иҷрои ин амал ба Аскар Нурализода ҳамчун пора диҳад.
Дар ин робита, ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оперативӣ - тафтишотӣ шоми ҳамон рӯз номбурда бевосита баъди аз шаҳрванд «А» ба сифати пора гирифтани 490 000 доллари ИМА дар кӯчаи Шамсии шаҳри Душанбе назди тарабхонаи «Афсона» дастгир шуда, далели шайъӣ - 490 000 доллар аз ӯ ёфта гирифта шуд.
Сомонаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шарҳи ҷузъиёти боздошт навиштааст, ки «зимни гузарондани чорабиниҳои оперативӣ - тафтишотӣ аз манзили истиқоматӣ ва ҳуҷраи кории Аскар Нурализода дигар далелҳои шайъӣ, аз ҷумла аз манзили истиқоматияш, 10 000 долларе, ки қаблан барои ин амал гирифта буд, шартномаи саҳмгузорӣ барои манзили истиқоматӣ ва расиди даромади хазинавӣ ба миқдори 115030 сомонӣ, ки аз ҷониби шаҳрванд «А» ба хазинаи ширкати сохтмонии «В» ба номи Холиқова С. М. пардохт шудааст», дарёфт гардидааст. Ӯ ин маблағро барои харидани манзили истиқоматии сеҳуҷрагӣ дар шаҳри Душанбе ба номи ҳамсараш Савринисо Холиқова аз шаҳрванд «А» талаб намудааст.
Ба иттилои манбаъ, вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Аскар Нурализода бо моддаи 319 қисми 4 бандҳои «в, г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Ф. ҶУМЪАЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.10.2017 №: 207 Мутолиа карданд: 1608