logo

ҳуқуқ

АМНИЯТИ МИНТАҚАВӢ АНДЕШИДАНИ ЧОРАҲОИ ҚАТЪИРО ТАҚОЗО МЕНАМОЯД

Имрӯз дар Тоҷикистон дар самти мубориза бо зуҳуроти номатлуби замони муосир, назири даҳшатафканию ифротгароӣ,  корҳои зиёде ба анҷом расида, ҳамзамон, заминаи  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар мубориза бо терроризм ва экстремизми байналмилалӣ  такмил дода шудаанд. Бо назардошти таҳдидҳои ифротгароию радикалӣ ва террористӣ ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, кишварҳои минтақаро зарур аст, ки дар доираи ҳамкории муштарак ва табодули таҷриба  муборизаро дар ин самт тақвият бахшанд.
Ин матлабро  Ҷонибек  Холиқзода, муовини сардори Раёсати  мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар конфронси байналмилалие, ки ахиран дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Мубориза бо терроризм ва экстремизм дар АвруОсиё: таҳдидҳои умумӣ ва таҷрибаи муштарак» доир гашт, баён намуд. Сипас, сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон И.С.Лякин-Фролов, муовини  директори Маркази минтақавии зиддитеррористии Соз-мони ҳамкории Шанхай А. Мукашев, муовини Муншии умумии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ А. К. Жанкулиев, раиси Кумитаи Думаи давлатии Федератсияи Русия оид ба кишварҳои ИДМ, ҳамгироии АвруОсиё ва робита бо ҳамватанон В. М.Заварзин, муовини якуми раиси Кумитаи шӯрои Федеролии Федератсияи Русия оид ба мудофиа ва амният Ф. А. Клинтсевич, инчунин, роҳбарияти пажӯҳишгоҳ ва марказҳои тадқиқоти стратегии кишварҳои Осиёи Марказӣ перомуни маҷмӯи масъалаҳои мубрами амнияти минтақавӣ, аз ҷумла чолишу хатарҳои мураккабу бисёрсамтӣ, ки ба масоили меҳварии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварҳои минтақа таҳдид мекунанд, мубодилаи афкори судманд намуданд.
Дар қисмати аввали конфронси байналмилалӣ, ки «Осиёи Марказӣ дар шароити тағйирёбии геополитикӣ: хатару таҳдидҳои минтақавӣ» унвон дошт,  масъалаҳои таъсири ҷараёнҳои муосири геополитикӣ ба амнияти умумии Осиёи Марказӣ; «омили Афғонистон» дар системаи таъмини амнияти минтақавӣ; фаъолияти созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ дар Осиёи Марказӣ: таҳдидҳо ва роҳҳои муқовимат; тамоюлҳои асосии танзими зиддитеррористӣ ва зиддиэкстремистӣ дар Осиёи Марказӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Дар ҳамоиш самтҳои муҳимтарини таъмини амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, омилҳои минтақавии мушкилоти амният ва таҳдидҳои нави муосир, аз қабили тафаккури ифротгароӣ ва тундгароӣ, мубориза бо «Давлати исломӣ» ҳамчун самти асосии таъмини амнияти минтақавӣ, сенарияҳои эҳтимолии инкишофи вазъият дар Афғонистон ва таъсири он ба амнияти минтақавӣ ба риштаи баҳс кашида шуданд. Коршиносони соҳа дар робита ба масъалаҳои бартарафсозии мушкилоти мавҷуда дар таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳалли мусолиматомези муноқишаи Афғонистон, ҳамкориҳои мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ, қочоқи маводи мухаддир андешаҳои судманд баён карданд.
Дар иҷлосияи дуюми конфронс, ки таҳти унвони «Нақши Русияву Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ дар муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар Осиёи Марказӣ» баргузор гашт, масъалаҳои таҷриба ва ҳамкориҳои Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, самтҳои афзалиятнок ва механизмҳои ҳамкориҳои бисёрҷонибаи зиддитеррористӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай, таҷриба ва роҳҳои нави ҳалли муноқишаҳои байнидавлатӣ ва байналмилалӣ барои таъмини субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ матраҳ шуданд. 
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.10.2017    №: 209    Мутолиа карданд: 1540
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед