logo

ҳуқуқ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. САФИ ҶАВОНОНИ ҶАВОНМАРД ДАР НОҲИЯҲОИ ДАРВОЗУ НОСИРИ ХУСРАВ МЕАФЗОЯД

Аз  1 октябри соли 2017 дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардида, дар нахустин рӯзи ин маъракаи муҳими сиёсӣ ноҳияҳои Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Носири Хусрави вилояти Хатлон аз иҷрои нақша гузориш доданд. 
 
Бино ба иттилои Фариддун Маҳмадализода, сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа, иҷрои нақшаи даъват дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
- Лозим ба ёдоварист, ки ниҳодҳои масъули даъвати тирамоҳӣ, махсусан комиссариатҳои ҳарбӣ бо мардум ҳамкории зич доранд. Дар ин замина, чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ ва варзишӣ роҳандозӣ гардидаанд, то таваҷҷуҳи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ зиёд гардад. Маҳз натиҷаи ҳамин тадбирҳои пешаздаъватӣ буд, ки  дар нахустин рӯзи гусели наваскарон ба Артиши миллӣ натиҷаҳои мусбат ба назар мерасид.  Дар ҷумҳурӣ шумораи даъватшавандагон хеле зиёд аст ва ин имкон медиҳад, ки аз байни қишрҳои гуногуни ҷомеа ҷавонони солиму қобили хизмат, ки ба талаботи Артиши миллии Тоҷикистон ҷавобгӯ бошанд, интихоб ва ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шаванд, - иброз дошт Ф. Маҳмадализода.
Ба қавли манбаъ, як моҳ пеш ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳӣ, алалхусус фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ, ҷузъу томҳои тобеи Вазорати мудофиа гузориш пешниҳод карданд, ки омодаанд дар қисмҳои низомӣ наваскаронро ба курсҳои кӯтоҳмуддати тайёрии ибтидоии наваскарӣ фаро гиранд. Ин курсҳо аслан аз бист рӯз то як моҳ идома меёбанд. Афсароне, ки таҷрибаи на камтар аз панҷсола доранд, муваззаф шудаанд, ки ба ҳар як аскари ба хизмат сафарбаршуда, аз рӯзҳои аввал ғамхорӣ намоянд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки хизмати ҳарбӣ барои ҷавонон муҳимтарин мактаби обутоби зиндагӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ гирифта, ҳифзи марзу буми Ватанро меомӯзанд. Имрӯз барои сарбозон дар ҳамаи қисмҳои низомӣ шароити зарурӣ муҳайёст.
Лашкар ШАРИФ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.10.2017    №: 209    Мутолиа карданд: 1534
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед