logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти сатҳи олӣ доир ба тағйироти иқлим ва энергетика, ш. Нию-Йорк, 23 сентябри соли 2009

Мӯҳтарам ҷаноби Раис!                  
Хонумҳо ва ҷанобон!

Пеш аз ҳама мехостам ба созмондиҳандагони чорабинии муҳими имрӯза барои фароҳам овардани имконияти ширкат ва суханронӣ дар он изҳори сипос намоям. 
Энергетика аз қисматҳои асосӣ ва таркибии иқтисоди муосир мебошад ва аз ин лиҳоз, ҳама гуна тағйироте, ки дар ин бахш ба вуҷуд меояд, ногузир ба дигар ҷанбаҳои фаъолияти инсон таъсир мегузорад.
Яқин аст, ки таҳти таъсири тағйирёбии глобалии иқлим дар бахши энергетика низ дигаргуниҳои муайян ба вуҷуд меоянд. Афзоиши шумораи падидаҳои экстремалии вобаста ба вазъи ҳаво, ки мувофиқи пешгӯии Гурӯҳи байниҳукуматии коршиносон дар натиҷаи тағйирёбии иқлим имрӯз инсоният бо онҳо рӯ ба рӯ мебошад, боиси ба вуҷуд омадани дигаргуниҳои муайян дар истифодаи энергия мегардад.
Бинобар ин, дақиқ кардани эҳтиёҷот, қабули тадбирҳои мутобиқгардонӣ ва таъмини субот дар бахши энергетика бо дарназардошти иқлими тағйирёбанда, бояд аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун масъалаи афзалиятноки расидан ба рушди устувор баррасӣ гардад.
Мӯҳтарам ширкаткунандагони мулоқот!
Дар Конфронси сеюми ҷаҳонӣ доир ба иқлим дар Женева Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Пан Ги Мун аз давлатҳои ҷаҳон даъват ба амал овард, ки ихроҷи партови газҳоро ҳарчи камтар намоянд ва роҳи «иқтисоди экологӣ»-ро пеш гиранд.
Маълум аст, ки ҳиссаи асосии партови газҳо ба соҳаи энергетика ва саноат рост меояд, ки онҳо барои таъмини эҳтиёҷоти истеъмолкунандагон асосан захираҳои сӯзишвориро истифода мебаранд. Бинобар ин, мо чунин мешуморем, ки зарурати қабули тадбирҳои фаврӣ доир ба рушд ва азхудкунии манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва ҷорӣ кардани технологияҳои каммасраф ба вуҷуд омадааст.
Чунин иқдом сатҳи вобастагиро аз дигар навҳои анъанавии энергия, ки ба муҳити зист таъсири бузург мерасонанд, паст мегардонад.
Дар Осиёи Марказӣ мисли бисёр минтақаҳои сайёра ҳиссаи асосии энергияи барқи истеҳсолшаванда (қариб 70%) ба нерӯгоҳҳои барқи ҳароратӣ рост меояд, ки онҳо ҳар сол ба атмосфера миллионҳо тонна партовҳои газро хориҷ мекунанд. Дар ҳоле, ки минтақа иқтидори ниҳоят бузурги гидроэнергетикӣ дорад, имрӯз танҳо 10 фоизи он истифода мегардад. Танҳо дар Тоҷикистон иқтидори солонаи захираҳои гидроэнергетикӣ беш аз 527 миллиард киловатт - соатро ташкил мекунад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба эҳтиёҷоти имрӯзаи ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ се баробар зиёд мебошад.
Азхудкунии онҳо на танҳо боиси кам шудани ҳаҷми партови газҳо ба атмосфера шуда метавонад, балки имконият медиҳад, ки нерӯи барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол карда шавад, ки дар навбати худ ба мо барои дастрасии «кредити карбонӣ» тибқи Протоколи Киото имкон фароҳам меорад. Ба ҳайси мисол мо Тоҷикистонро зикр карда метавонем, ки аз лиҳози партови газҳо дар Осиёи Марказӣ дар ҷои охирин қарор дорад. Бо дарназардошти ин масъала Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи азхудкунии комплексии иқтидорҳои мавҷудаи гидроэнергетикиро пеш гирифтааст, ки ин раванд имкон медиҳад эҳтиёҷоти афзояндаи на танҳо кишвари мо, балки кишварҳои ҳамсоя низ, ки намудҳои зеризаминии сӯзишвориро ҳамчун манбаи асосии истеҳсоли нерӯи барқ истифода мекунанд, қонеъ гардонида шавад.
Таҳқиқоти гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки дар давраи аз соли 1956 то соли 1990 сеяки захираи пиряхҳои Осиёи Марказӣ кам шудааст ва ин тамоюл идома дорад. Зиёда аз ин, пиряхҳои Тоҷикистон, ки манбаи ташаккули қариб 60 фоизи оби дарёҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, дар асри ХХ беш аз 35 фоизи ҳаҷми худро гум кардаанд.
Дар чунин шароит, яъне гармшавии фарогири иқлим аҳамияти обанборҳое, ки дар назди нерӯгоҳҳои барқи обӣ сохта мешаванд, ба маротиб меафзояд. Дар даврае, ки дар Осиёи Марказӣ бар асари коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо ва афзоиши истеъмоли он камбуди захираҳои об торафт шиддат мегирад, обанборҳо дар масъалаи таъмини амнияти об дар минтақа нақши бисёр муҳим мебозанд.
Афзоиши аҳолии минтақа, ки аз 20 миллион нафари соли 1956 то 63 миллион нафар дар рӯзҳои мо расидааст, шиддати масъаларо тақвият мебахшад. Чунин таркиши демографӣ, табиист, ки боиси азхудкунии босуръати заминҳои обёришаванда гардида, майдони чунин заминҳо аз 2,5 миллион гектари ибтидои асри ХХ то 9 миллион гектар дар охири аср расидааст.
Чунин тамоюлҳои асосан манфӣ бо дарназардошти ҳаҷми торафт афзояндаи истеъмоли об наметавонанд, ки боиси ташвишу изтироб нагарданд.
Хонумҳо ва ҷанобон!
Вохӯрии имрӯза дар шароите доир мегардад, ки коршиносон ва олимон лоиҳаи нави созишномаи фарогирро доир ба тағйирёбии иқлим таҳия карда истодаанд ва ин кор бояд дар арафаи Конфронси 15-уми ҷонибҳо моҳи декабри ҳамин сол дар Копенгаген ба анҷом расад.
Дар хотима мехостам таъкид намоям, ки кишварҳои рӯ ба тараққӣ беш аз дигарон бо оқибатҳои манфӣ ва ҷиддии тағйирёбии иқлим дучор мегарданд, ки ин, дар навбати худ, метавонад боиси коҳиши сатҳи меъёрҳои зиндагӣ, ҳаҷми маблағ барои рӯзгузаронӣ, сустшавии рушди иқтисодӣ ва тақвияти раванди осебпазирии одамон гардад.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳамкории самарабахши миёни давлатҳои аз лиҳози саноатӣ тараққикарда ва кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар татбиқи чорабиниҳои мушаххас дар ин самт ҳамаҷониба вусъат дода шавад. Бахшҳои асосии чунин ҳамкориро бояд афзоиши ҳаҷми дастгирии молиявию намудҳои дигари кӯмак ва тавсеаи имконот ҷиҳати ёрӣ ба мардуми осебдида ва барқароргардонӣ ташкил диҳанд.
Аз таваҷҷӯҳатон сипосгузорам!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2989
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед