logo

ҳуқуқ

АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ ВА НАҚШИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ ДАР ТАЪМИНИ ОН

Дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми муосири ҳокимияти судӣ таъсис шуда, ба сифати шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Дар ҳамин давра се барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ қабул шуд, ки татбиқи онҳо ба таҳкими ҳокимияти судӣ, такмили қонунгузории соҳа ва кафолати амалишавии меъёри конститутсионии баробарии ҳама дар назди қонун мусоидат кард.
Тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  22 майи соли  2016, ворид шуданд, дар баробари рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа, бешубҳа, ба таҳкими ҳокимияти судӣ ва нақши он дар ҷомеа мусоидат хоҳанд кард. Дар моддаи ҳаштоду панҷуми Конститутсия, ки ба он тағйиру иловаҳо ворид шуд, сухан дар хусуси талабот нисбат ба шахсе меравад, ки ба вазифаи судягӣ интихоб ё таъйин мешавад. Ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои ВМКБ, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе интихоб ё таъйин мешавад, ки танҳо  шаҳрвандии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 5 сол собиқаи кории судягӣ дошта бошад.
Ба вазифаи судяҳои судҳои шаҳр ва ноҳия, суди ҳарбӣ, судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоят ва шаҳри Душанбе бошад, шахсе таъйин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 25 кам набошад ва ҳадди ақал 3 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъйин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд мекунад. Ин тағйирот муҳим будани вазифаи судягӣ ва масъулиятнок будани онро таъкид мекунад.
Яъне, дар низоми ҳуқуқии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон судя шахсе мебошад, ки адолати судиро аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад. Судяҳо дар фаъолияти худ  мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст. Вазифаи судягӣ тақозо менамояд, ки судя ба ғайр аз ҳуқуқшиноси варзида будан, бояд дорои фазилатҳои хуби инсонӣ бошад, санадҳои судии қабулкардааш таҷассумгари адолати судӣ бошанд.
Ҳамза АКРАМЗОДА,
раиси суди ноҳияи Балҷувон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.10.2017    №: 209    Мутолиа карданд: 1513
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед