logo

ҳуқуқ

ҚОНУНШИКАНӢ. 19 ҲОЛАТ ДАР НУҲ МОҲИ ЯК НОҲИЯ

Бахши оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ барои риояи қатъии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзини анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои муайянеро ба сомон расондааст.

 Тавре Комрон Набиев, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, дар давраи сипаригашта 181 рейди муштарак гузаронда шуда, 19 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардидааст. Ҳамзамон, дар ноҳия 1249  ҷашну  маросим сабт шудааст, ки хароҷоти  умумӣ наздик ба 4 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз ин, ба ҳар маърака 3198 сомонӣ рост меояд.
Ҳоло дар ноҳия 245 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунад, ки ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни сокинони маҳаллаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва идораву ташкилот суҳбату вохӯриҳои судманд анҷом медиҳанд.
- Сокинони ноҳия тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридшударо амиқ дарк карда, маъракаҳои худро камхарҷ ва бе зиёдаравӣ гузаронда  истодаанд. Зеро, мақсад аз ворид шудани тағйиру иловаҳо ба қонуни танзим беҳтар намудани сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва ба ин васила коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат мебошад, - иброз дошт К. Набиев.
Барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки ба амнияти кишвар низ таҳдид мекунад, дар ноҳияи Шоҳмансур аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд. Барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб дар шаҳраку маҳаллаҳо ва масҷидҳои панҷвақтаву ҷомеъ корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ шудаанд.
Масъалаи дигаре, ки боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст, ин рӯ овардани занону духтарон ба фарҳанги бегона, яъне сатру ҳиҷоб мебошад. Бахши оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ноҳияи Шоҳмансур барои аз байн бурдани фарҳанги бегона ва тарғиби либоси миллӣ дар байни бонувон тадбирҳои муассир андешидааст.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.10.2017    №: 210    Мутолиа карданд: 1444
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед