logo

маориф

Ӯ ОМӮЗГОР БУД...

Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Бо ин мисраъҳо бастагии мақсади мо низ сабабе дорад. Мехоҳем ёди нафаре кунем, ки дар дилу дида ва саҳфаи хотироти шогирдону кормандони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷой гирифтааст. Ин шахсият омӯзгори соҳибтаҷриба, сахтгиру некбин ва қавиирода, муаллима Боғигул Ҳасанова мебошанд. Ҳарчанд ки имрӯз  дар байни мо нестанд, лекин симои нуронии он кас, табассуму суҳбатҳои гарму дилкашашон дар қалбамон мавқеи хешро аз даст надодаанд.
Саҳфаи хотироти мо бо муаллима Боғигул Ҳасанова чун боғи гулзор аст. Бо варақ задани ин саҳфаҳо вохӯрии аввалин ба ёд мерасад. Мо дар синфхона менишастем. Ногоҳ зани сабзинае бо чашму абрувони сиёҳ, бо чеҳраи хандон дохил гаштанд ва бо овози баланди марғуладори худ  диққати ҳамаро ба худ ҷалб карданд.
Мо аз ёд намебарорем лаҳзаҳоеро, ки ба наздашон мерафтем ё  дар дарсҳояшон иштирок мекардем. Бо тамоми ҳастияшон додаи дарс шуда, дар дунёи мавзӯъ ғарқ мешуданд. Воқеан, муаллима фидоии кори худ, маслиҳатгару машваратчии ҳамаи омӯзгорони муассиса буданд.
Солҳои охир тани дардманде доштанд, аммо боре нашунидем, ки аз он ҳарфе зада бошанд. Доимо бо як рӯҳияи қавӣ ба мактаб меомаданд ва ҳеҷ гоҳ аз зиндагӣ дилмонда намешуданд.
Аз он омӯзгороне буданд, ки тамоми ҳастию иродаашонро ба мактабу шогирдон бахшиданд. Замоне ки дар бистари беморӣ буданду мадори ҷунбидан надоштанд, аз илмомӯзии шогирдон, аз муваффақияту камбудии онҳо суҳбат кардан мехостанд. Бо суханҳои ҷиддӣ, ки хоси табиати эшон буд, мегуфтанд: «Ман сиҳат ёбаму ба кор бароям, робитаамро бо шогирдонам бештар карда, аксари вақти худро дар муассиса, дар ҳалқаи муаллимон мегузаронам. Дар зеҳни ман бисёр мавзӯъҳои таълимие ҳастанд, ки онҳоро ҳанӯз ба шогирдон нагузаштаам....». Ин фикрҳо бори дигар қавииродагӣ ва ҷасорати муаллимаро рӯшан мекунанд.
Афсӯс.... Ин орзуҳои муаллима пиёда нагаштанд. Лекин мо - ҳамкорону шогирдони  муаллима   ваъда медиҳем, ки  кору  фаъолияти эшонро идома дода, барои халқу Ватани маҳбубамон содиқона хизмат намоем.
Г. САЙФИДДИНОВА, 
З. ТАҒОЙХОНОВА,  Л. ШАРИФЗОДА, омӯзгорони МТМУ  № 24
ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.10.2017    №: 210    Мутолиа карданд: 2609
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед