logo

ҳуқуқ

ХУҶАНД. ТАТБИҚИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

Бояд дарк намоем, ки анъана ва ҷашну маросимҳо ҳамчун ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ зарурат ба назорати пайваста доранд. Расму оин ва анъанаҳо дар рӯзгори мардуми тоҷик мавқеи муҳим дошта, баробари пешрафт ва рушду такомули ҷомеа ташаккул меёбанд. Қобили таъкид аст, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баробари дигар тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат яке аз омилҳои муҳими паст кардани сатҳи камбизоатӣ гардид.
Ин нуктаро Арабшо Солизода, прокурори шаҳри Хуҷанд, дар як суҳбати озоду ошкоро, ки бо иштироки роҳбарони сохтору идораҳо ва фаъолони шаҳр вобаста ба татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сурат гирифт, баён дошт.
Дар ин бора Маъмури Юсуфзод, сардори маркази матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, ба мо иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, дар мулоқот таъкид шудааст, ки  тибқи талаботи қонуни мазкур шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд, ки ба рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва сарулибоси миллӣ эҳтиром гузошта, онҳоро аз таъсири фарҳанги бегона эмин нигоҳ доранд. Ба таъкиди прокурори шаҳр, ин маънии онро дорад, ки мо зимни пӯшидани либосҳои ба фарҳангии миллиамон бегона эътибори ҷиддӣ диҳем. Хусусан, ҳангоми иштирок дар тӯю маъракаҳо.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ, ҳамчунин,  вобаста  ба тағйиру иловаҳои  ба  Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, шарҳу тавзеҳи амиқ баён гардид. Аз ҷумла, ҳадафи тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 37, 42, 332, 336, 337 ва 342 матраҳ гардида, оқибатҳои риоя накардани он, ки ҷазои вазнинтарро пешбинӣ менамояд, ба ҳозирин фаҳмонда шуд. Чунончи, агар қаблан  моддаи 332 барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ танҳо ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиётро ба муҳлати ду сол пешбинӣ менамуд, ҳоло бар асоси тағйиру иловаҳои воридшуда, барои ин кирдор ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне понздаҳ ҳазор сомонӣ) ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол таъйин карда мешавад.
Дар ҷараёни суҳбат маълум гардид, ки сокинони шаҳри Хуҷанд аз тағйиру иловаҳои ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридшуда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавриди назар истиқбол намуда, дар татбиқи босамари онҳо ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Сарвиноз ШОДМОНОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.10.2017    №: 210    Мутолиа карданд: 1524
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед