logo

туризм

МУРҒОБ. АВЛАВИЯТ БА САЙЁҲИИ КӮҲӢ

Агар инсон аз  офаридаҳои табиати афсункор дидан хоҳад, пас ӯ бояд ба Мурғоб сафар кунад. Чунин андеша доранд, сайёҳоне, ки аз ин минтақаи дурдасти кишвари азизи мо боздид ба амал овардаанд.

Ноҳияи Мурғоб дар иҳотаи қаторкӯҳҳои Помиру Олой ва Ҳиндукуш, дар баландии 3600 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, яке аз ноҳияҳои баландкӯҳи на танҳо Тоҷикистон, балки Осиёи Миёна мебошад. Ғайр аз ин, он ноҳияи аз ҳама калонтарини шарқи мамлакат аст. Масоҳати ноҳия 38 442,2 ҳазор км2-ро ташкил медиҳад.
Аз ин ҷо шоҳроҳи маъруф мегузарад, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон, Қирғизистон ва Чин мепайвандад. Ин роҳ дар замонҳои қадим Шоҳроҳи бузурги абрешим ном дошт. Онро на танҳо тоҷирону ҳарбиён тай мекарданд, балки миссионерону зоирон низ аз ин роҳ гузар кардаанд. Бинобар ин, ширкатҳои сайёҳии ҳамсоякишварҳо Мурғобро беҳтарин минтақа барои оғози шиносоӣ аз Бадахшон меҳисобанд ва аз ин имконот ба хубӣ истифода мебаранд.
Мурғоб дорои маконҳои бойи сайёҳӣ мебошад. Яке аз онҳо Қарокӯл мебошад, ки дар баландии 3900 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, кӯли калонтарин ва табиии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Масоҳаташ 380 км2 ва умқи он 238 метро ташкил медиҳад. Он 33 км дарозӣ ва 23 км паҳноӣ дорад. Ҳарчанд ҳавои мавзеи Қарокӯл сард бошад ҳам, вале бо табиати дастнорас ва ҳифзшудаи худ зебост. Аз ин рӯ, ҳамасола сайёҳони зиёд барои дидани зебоиҳои кӯл ба ин мавзеъ меоянд. Бино ба гуфти сайёҳони хориҷие, ки ба ин манотиқ по ниҳодаанд, онҳо барои ҳамешагӣ зебоиҳои дидаашонро аз ёд нахоҳанд баровард.
Ҳамчунин, дар доманаи шимолии қаторкӯҳҳои Аличур дар баландии 4000 метр аз сатҳи баҳр шаҳри конканон Бозордара мавҷуд аст. Ба ақидаи бостоншиносон, он ба асрҳои X-XI тааллуқ дорад. Дар замони нашъунамо дар он тақрибан 1200 - 1500 нафар ба сар мебурданд, ки асосан ба истихроҷи нуқра машғул буданд.
Ба шарофати табиати нотакрору зебояш Мурғоб яке аз ноҳияҳои ҷолиби сайёҳӣ эътироф мегардад. Туризми кӯҳӣ бахши аз ҳама рушдёфтаи сайёҳии ноҳия аст. Дар қисмати ҷанубӣ – ғарбии ноҳия пойгоҳҳои сайёҳӣ ва лагерҳои тобистона ҷойгиранд. Дар подомани кӯҳҳо марказҳои кӯҳнавардӣ мавҷуданд. Сайёҳону кӯҳнавардон аз гӯшаву канори гуногуни ҷаҳон барои баромадан ба қуллаҳои баланд ташриф меоранд. Тибқи иттилои Ризо Раҳматшоев, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ, пас аз таъсиси сохтори алоҳида оид ба рушди сайёҳӣ дар Мурғоб низ чунин бахш таъсис дода шуд, ки он ҷиҳати таҳлили беҳтари иқтидори туризми ноҳия ва пешрафти соҳа мусоидат хоҳад кард.  
Дар  Мурғоб,  ҳамчунин,   якчанд   ҳудуди   махсус  муҳофизатшавандаи Тоҷикистон ҷойгиранд. Боғи миллии Тоҷикистон (21 июни соли 2013 ба феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО ба сифати объекти табиӣ ворид шудааст), мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» ва парваришгоҳи «Қаракӯл» аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Имрӯз Боғи миллӣ ба маркази сайёҳии экологӣ табдил ёфтааст. Олами набототаш ғанист. Боғ макони зисти хирси малла ё қаҳваранг, бабри барфӣ, гӯсфанди Марко Поло, бузҳои кӯҳӣ, ғози ҳиндӣ ва моҳиҳои минтақа ба ҳисоб меравад.
Нафаре барои дидани меъмории қадима меравад, дигаре ҷиҳати тамошои биноҳои замонавии баландтарину осорхонаҳои маъруф, вале сайёҳони мафтуни табиати кӯҳӣ, обҳои мусаффо ва ҳавои форам ҳатман аз Мурғоб дидан мекунанд.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.10.2017    №: 210    Мутолиа карданд: 2508
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед