logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Линн Паско

Нимаи дуюми 22 сентябр Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуда, дар ҳошияи он бо муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Линн Паско мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ доираи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуданд.
«Мо ба фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид дар кишвари худ, ки тавассути даҳ муассисаи махсус амалӣ мегардад, баҳои баланд медиҳем», - гуфт дар оғози сӯҳбат Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ба густариши ҳамкории судманд изҳори боварӣ намуд.
Таваҷҷӯҳӣ асосӣ ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёти Тоҷикистон зоҳир гардид.  «Рушди энергетикаи обӣ дар Тоҷикистон дурнамои хубу судовар дорад, зеро талабот ба барқ дар минтақа рӯз аз рӯз меафзояд ва сармояи ба ин бахш гузошташуда метавонад дар мӯҳлатҳои наздик боз гардад», - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон бори дигар таъкид намуд: «Тоҷикистон ҳамеша манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақаро ба эътибор мегирад ва лоиҳаҳои мо бар хилофи ин манфиатҳо нестанд».
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид иқдомоти навбатии Тоҷикистонро оид ба ташкил ва баргузории Конфронси байналмилалии об, ки бояд соли оянда дар шаҳри Душанбе гузаронда шавад ва эълон кардани  соли 2012 чун Соли байналмилалии дипломатияи об дастгирӣ менамоянд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба ҳамкории сиёсиву амниятӣ сурат гирифт, аз ҷумла аз он, ки соли гузашта бори аввал намояндагони Тоҷикистон ба ҳайати нерӯҳои сулҳофари Созмони Милали Муттаҳид шомил гашта, барои сулҳу амният дар Судон ҳиссагузорӣ намуданд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Мубодилаи афкор ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон ва дурнамои он анҷом дода шуд.
Дар шаҳри Нию-Йорк ҳамчунин мулоқотҳои дуҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ, Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мисри Араб Аҳмад Абоул Гейт, намояндаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон ва Покистон Ричард Ҳолбрук ва роҳбарияти дигар давлатҳою созмонҳои байналмилалӣ дар назар аст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1972
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед