logo

ҳуқуқ

РИШВА ДУ КОРМАНДИ "ИНТЕРПОЛ" - РО БА ҶАВОБГАРӢ КАШОНД

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду масъули Шуъбаи ҷустуҷӯи байналмилалии Бюрои миллии Маркази «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилии кишварро бо ҷурми гирифтани пора дастгир карданд.

Дар ин бора аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Ҷумҳурият» хабар доданд. Бино ба иттилои манбаъ, аз тарафи муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия аз рӯи парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба А. А. Нуриддинов, Э. Р. Носиров ва дигарон бо моддаҳои 105 қисми 2 бандҳои «ж,з», моддаи 30 қисми 3, моддаи 105 қисми 2 бандҳои «а,ж,з» Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои тафтишотӣ гузаронда шуданд. Дар ҷараёни ин амал зарурияти ба сифати шоҳид пурсидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон «А» ва «Б» ба миён омада, кормандони Шуъбаи ҷустуҷӯи байналмилалии Бюрои миллии Маркази «Интерпол»-и Вазорати корҳои  дохилӣ  дар бораи  ба тафтишот ҳозир намудани шахсони зикршуда супориш гирифтанд.
Сардори Шуъбаи ҷустуҷӯи байналмилалии Бюрои миллии Маркази «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилии кишвар подполковники милитсия Алоҳиддин  Камолов бо маслиҳати пешакӣ бо ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими ҳамин шуъба майори милитсия Ҷовид Ваҳобов, бо истифодаи мақоми хизматӣ, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр, 29 августи соли 2017 аз шаҳрванд «А» бо роҳи фиреб, бо баҳонаи он ки ӯро ба парвандаи ҷиноятии мазкур на ба сифати гумонбар, балки ҳамчун шоҳид ҷалб намуданашон 15 000 сомонӣ талаб намуданд.  Онҳо аз ин маблағ дар утоқи кории Ҷовид Ваҳобов 5000 сомониашро гирифта, овардани 10 000 сомонии боқимондаро талаб карданд. Ҳамчунин, Алоҳиддин Камолов аз шаҳрванд «Б» низ 15 000 сомонӣ талаб намудааст. Ҳаммаслаки ҷиноятии ӯ Ҷовид Ваҳобов бо маслиҳати пешакӣ бо А. Камолов 30 августи соли 2017 аз шаҳрванд «Б» дар назди Беморхонаи ёрии таъҷилӣ дар дохили автомашинаи шахсиаш, маблағи 5000 сомониро гирифта, овардани боқимонда 10 000 сомониро талаб кардааст. Шаҳрвандон «А» ва «Б» аз кирдорҳои ҷиноятпешаи Алоҳиддин Камолов ва Ҷовид Ваҳобов огоҳ гашта, бо ариза ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, хоҳиш намудаанд, ки нисбат ба номбурдагон чораҳои қонунӣ андешида шавад.
Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ худи ҳамон рӯз - 30 августи соли 2017 дар назди Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе майори милитсия Ҷовид Ваҳобов бо Алоҳиддин Камолов, зимни аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 10 000 сомонӣ дастгир гардида, далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
Ба иттилои манбаъ, нисбат ба Ваҳобов Ҷовид Неъматович ва Камолов Алоҳиддин бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ирсол шудааст.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2017    №: 211    Мутолиа карданд: 1431
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед