logo

ҳуқуқ

ЗАМИН. БОЗ 176 НАФАР БАРОИ ҚОНУНШИКАНӢ БА ҶАВОБГАРӢ КАШИДА ШУД

Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.
Моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ҳарчанд мақомоти дахлдори кишвар бо андешидани тадбирҳои муассир шиддати қонуншиканиҳоро дар самти истифодаи самараноку оқилонаи замин коҳиш дода бошанд ҳам, дар қаламрави мамлакат то кунун ҳолатҳои риоя нагаштани тартиби тақсими қитъаҳои замини наздиҳавлӣ, даст ба харидуфурӯши қитъаҳои замин задани масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кумитаҳои заминсозӣ дар маҳалҳо ва дигар ниҳодҳои назоратӣ, сари вақт баррасӣ накардани муроҷиатҳои шаҳрвандон ба чашм мерасанд.
Баъзе аз масъулони соҳа ба ҷойи дар доираи қонунгузории замин амал кардан ва ба ҳамин васила бартараф намудани қонуншиканиҳои вобаста ба замин худ аз ваколатҳои мансабӣ берун баромада, бо қабули қарорҳои ғайриқонунӣ ҷиноятҳои коррупсионӣ содир менамоянд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия, дар доираи ваколатҳояш таъмин намудани амнияти иқтисодии давлат, амалисозии мубориза бо коррупсия дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, бонкҳо, корхонаю муассисаҳо ва дигар ташкилотҳоро, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, дар меҳвари фаъолият қарор додааст, дар гирифтани пеши роҳи ин амалҳои ғайриқонунӣ нақши муҳим  мебозад.
Аз ҷониби кормандони ин ниҳод ҷиҳати ошкорсозии ҷиноятҳо, махсусан ҷиноятҳои вобаста ба харидуфурӯши ғайриқонунии замин пайваста кӯшиш ба харҷ дода шуда, дар ин самт якчанд қонуншиканӣ ошкор гардидааст. Аз ҷумла, танҳо дар нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави мамлакат кормандони агентӣ 113 ҷинояти вобаста ба харидуфурӯши ғайриқонунии заминро сабт намуда, нисбат ба 176 нафар чораҳои қонунӣ андешидаанд. Дар ин росто  141 нафар бо моддаи 247 (қаллобӣ), 15 нафар бо моддаҳои 338 ва 3381  (худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он; ғайриқонунӣ додани қитъаи замин), се нафар бо моддаи 340 (сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ), 6 нафар бо моддаи 319 (гирифтани пора),  се нафар бо моддаи 323 (сохтакории хизматӣ),   се нафар бо моддаи 291 (саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ), як нафар бо моддаи 324 (гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ) ва 4 нафар бо моддаи 279 (ришвадиҳии тиҷоратӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст. Дар маҷмӯъ, дар натиҷаи содир намудани ҷиноятҳои зикргардида ба шаҳрвандон ба маблағи 1 миллиону 582 ҳазору 136 сомонӣ, 472 ҳазору 100 доллари ИМА ва 500 ҳазор рубли русӣ зарари молиявӣ расидааст, ки кормандони агентӣ баҳри барқарор намудани ин зарар чораҳои қонунӣ андешидаанд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2017    №: 211    Мутолиа карданд: 1568
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед