logo

президент

Машварати корӣ дар ҳузури Президент

Нимаи дуюми  18  сентябр  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис-тон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сардори давлат, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ ва олимону ходимони намоёни соҳаи илму фарҳанг оид ба омодагӣ ба ҷашни 1310-солагии Имоми Аъзам, иди саиди Фитр ва ба зимистони пешомад машварати корӣ доир намуд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба омодагӣ ба ҷашни 1310-солагии Имоми Аъзам ва симпозиуми байналмилалии бахшида ба ин мавзӯъ  ҳисоботи муовини раиси Кумитаи тадорукоти ҷашн-муовини сарвазири мамлакат Руқия Қурбонова ва роҳбарони вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳои дахлдорро шунида, ба масъулон оид ба омодагии ҷиддӣ ва дар сатҳи баланди илмию ташкилӣ гузарондани ин чорабинии муҳими илмию фарҳангӣ дастуру ҳидоятҳо дод.
Зимни машварат таъкид гардид, ки то имрӯз барои иштирок дар симпозиуми байналмилалии Имоми Аъзам беш аз 500 нафар олиму ходими намоёни илму фарҳанги ҷаҳони ислом қариб аз 50 кишвари дунё номнавис шудааст.
Дар масъалаи омодагӣ ба зимистон таваҷҷӯҳи асосӣ ба сарфаю сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва захира намудани озуқаворӣ ва маводи сӯхт, аз ҷумла гази моеъ ва ангишт зоҳир карда шуд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки имсол бори нахуст қисмате аз пойтахт бо гази табиии худӣ аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ таъмин мегардад.
Дар мавриди гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф таъкид ёфт, ки бо ин кор истеъмоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ 60-70% кам гашта, таъминоти мардум дар фасли зимистон бо барқу гармӣ хеле беҳтар мешавад. Бо назардошти ин бори дигар таъкид гардид, ки фитри рӯза на бо пардохти пул, балки бо хариди лампаҳои каммасраф ва додан ба оилаҳои камбизоат анҷом дода шавад, «зеро ин на кӯмаки яквақта, балки ёрии дарозмуддат ба эҳтиёҷмандон мешавад», изҳор дошт Сардори давлат.
Дар охир Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аҳли ҷамъомадро бори дигар бо арафаи иди саиди Фитр табрику таҳният гуфта, онҳоро ба анҷом додани корҳои хайру савоб ва кӯмаку дастгирии  ятимону бепарасторон, пирони барҷомондаю маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар эҳтиёҷмандон ҳидоят намуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3872
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед