logo

ҳуқуқ

ЧАРО ДАВЛАТМУРОД ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ? АЗ ИШТИБОҲИ СОКИНОН ТО ФИРЕБИ КОРМАНДИ ТАҚАЛЛУБӢ

Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шаҳрванд Давлатмурод Азизов - зодаи ноҳияи Вахши вилояти Хатлонро дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ айбдор намуда, 7 сол равонаи зиндон кард.
Маҳкумшуда 18 январи соли ҷорӣ худашро корманди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Точикистон муаррифӣ намуда, ба бовари  шаҳрванд Тӯйчӣ Тошев даромада, ӯро ба иштибоҳ андохтааст. Ин тақаллубкор бо ваъдаи бардурӯғи гӯё дар Соли ҷавонон эълон шудани «авфи махфӣ», барои озод намудани фарзандаш Тошев Худобахш, ки барои содир намудани ҷиноят бо моддаи 3071 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум шудааст, аз ӯ шаш ҳазор сомонӣ гирифта, ғайб мезанад.
Номбурда, такроран, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр, 20 январи соли равон, худашро корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда, бо ҳамин роҳ аз Мамлакат Исматова низ панҷ ҳазор сомонӣ гирифтааст. Ба ҳамаи ин қонеъ нашуда, судшаванда бо шаҳодатномаи сохта, боз се нафарро ба доми фиребаш даровардааст. Ӯ аз шаҳрвандон Ҷамила Якубова 700 доллари амрикоӣ, Нарзигул Мирзоева 6 ҳазор сомонӣ ва аз Малика Обирова ду адад телефони мобилӣ, ки 1000 сомонӣ арзиш доранд ва 4 ҳазор сомонӣ, боз бо баҳонаи аз зиндон озод кардани фарзандонашон, гирифтааст.
Бо ҳукми суд нисбат ба Давлатмурод Азизов  бар асоси моддаи 247 қисми 3, бандҳои «а, в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати ҳафт сол, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти молию пулӣ алоқаманд ба муҳлати се сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъйин гардид.
Шарифхон САЙДАЛИЗОДА,
судяи суди ноҳияи Шоҳмансур


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2017    №: 212    Мутолиа карданд: 1736
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед