logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВЛАДИМИР ПУТИН

10 октябр дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ дар шаҳри Сочи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд.
Дар оғози вохӯрӣ, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ва якдигарфаҳмӣ сурат гирифт, Президенти Федератсияи Русия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби вафоти бародарашон Нуриддин Раҳмон изҳори тасаллияту ҳамдардӣ баён дошт.
Дар суҳбат сарони ду давлат доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Русия табодули афкор намуданд. Ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ аз самтҳои афзалиятноки ҳамгироии байнидавлатӣ арзёбӣ гардида, аз сатҳу сифати муносибатҳои дуҷониба дар доираи кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҷонибҳо ба масъалаи рушду тавсеаи робитаҳои байниминтақавӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Дар ин робита масъалаи таъмини бозорҳои Русия бо маҳсулоти хушсифати кишоварзии Тоҷикистон ва бартарафсозии монеаҳо дар ин самт таъкид карда шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо аз иштироки ширкатҳои Русия дар азхуднамоии боигариҳои зеризаминии Тоҷикистон истиқбол менамоем ва хостори тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои саноати сабук ва вазнин, кӯҳкорӣ ва кишоварзӣ мебошем.
Ҳар ду ҷониб ҷиҳати тақвияти бештари ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуманитарӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф фикру мулоҳизаҳои судманд баён дошт. Дар ин робита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раванди татбиқи мувофиқаҳои дар ин ҷода бадастомада изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳамияти ба Тоҷикистон расондани 62 ҳазор китоби дарсӣ ба забони русӣ ва ба Тоҷикистон омадани аввалин гурӯҳи омӯзгоронро ҳамчун иқдоми нек таъкид карданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон ба ҷониби Русия барои гузарондани маъракаи авфи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бинобар вайрон кардани қоидаҳои будубош вуруди онҳо ба Русия манъ гардида буд, изҳори миннатдорӣ намуданд.
Боиси зикр аст, ки дар рафти ин маърака, ки моҳи апрели соли равон гузаронда шуд, зиёда аз 100 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон будубоши худро дар қаламрави Федератсияи Русия ба расмият даровард.
Дар мулоқот, ҳамчунин, масоили амниятиву мудофиавӣ, аз ҷумла  вазъи сиёсию низомӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва таъмини амнияту суботи минтақавӣ баррасӣ шуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2017    №: 212    Мутолиа карданд: 2364
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед