logo

ҳуқуқ

СУҒД. ГУСЕЛИ 1800 НАФАР БА ХИЗМАТИ ВАТАН – МОДАР

Тайи солҳои охир дар вилояти Суғд дар сатҳи баланд ва рӯҳияи ватандӯстӣ доир кардани маъракаи гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳукми анъана даромадааст. Инак, чанде пеш бо иштироки васеи аҳли ҷомеа дар амфитеатри ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гусели 1800 нафар ҷавон аз 18 шаҳру ноҳияи вилоят дар фазои  ҳамдиливу ҳамраъйӣ сурат гирифт.

Ҳамчун рамзи ватандорӣ, садоқату арҷу эъзоз ба хидмати гузаштагон, наваскарон дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати нахустини тоҷикон – шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар оғоз кулли даъватшавандагону волидайнашонро шодбош гуфта, иброз дошт:
- Имрӯзҳо  мо метавонем бо бовар гуфт, ки Артиши миллии Тоҷикистон бо неруи бузург ва омодагии ҳамаҷониба марзу буми кишварро аз ҳар гуна амалҳои душманон ҳифз менамояд. Бо ғамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ барои сарбозону афсарон тамоми шароити хизмативу фароғатӣ фароҳам оварда шудаанд. Натиҷаи ҳамин ғамхориҳо буд, ки Артиши миллӣ ба сипари боэътимоди давлат табдил ёфтааст.  
Тавре Назар Назарзода, комиссари ҳарбии вилояти Суғд, зикр кард, аксари ҷавонон бо амри дил барои адои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳозир мешаванд. Ҳамин аст, ки, аллакай, ноҳияҳои Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон нақшаи даъватро сад дарсад иҷро карданд.
- Артиши миллӣ мактаби бузурги мардонагист, - иброз дошт Давлатшо Саидов, падари даъватшаванда Насибулло Саидов аз ноҳияи Мастчоҳ, - аз ин хотир, ҷавонон бояд бо камоли ифтихор ва нангу номуси ватандорӣ омодаи хизмат бошанд. Дарк кунанд, ки ҳимояи марзу буми Ватани азизамон қарзи фарзандӣ ва мояи ифтихори ҳар як ҷавонмард аст.
Далер Охунов, яке аз нафароне, ки баъди хатми мактаби олӣ бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ меравад, чунин мегӯяд:  - Ватанамро дӯст медорам. Ҳанӯз аз айёми донишҷӯӣ азм доштам, ки баъди адои таҳсил ба хизмат равам. Аз ҳамаи ҷавонони Меҳан даъват менамоям, ки хизмат дар сафи Артиши миллиро ба ҷо оранд, зеро пойдории давлат ва рушду равнақи ҳар кишвар бо сулҳу субот ва оромиву оудагии он иртиботи қавӣ дорад.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2017    №: 213    Мутолиа карданд: 1626
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед