logo

ҳуқуқ

ШАҲРИ ИСФАРА. МАҚСАД - ТАЪМИНИ АДОЛАТ

Татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишон дод, ки қабули ин санади меъёрии ҳуқуқӣ воқеан ҳам тақозои ҷомеаи муосири тоҷик аст. Зеро он ба ҳайси аввалин қонуни миллӣ истифодаи сармояҳои фардиву оилавиро на дар роҳи хароҷоти беҳуда, балки ба манифати худи онҳо равона сохт.
Раванди муҳокимаи оммавӣ ва таклифу пешниҳоди сокинони мамлакат оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мавриди назар ин ҳақиқатро бозгӯ намуд, ки ҳар сатри он садои қалбу хостаҳои мардум аст. Сокинони равшанзамири шаҳри Исфара нақши ин санади муҳимро дар рифоҳи зиндагии хеш ба хубӣ дарк намуда, танзими оқилонаи маърака ва ҷашну маросимҳоро дар доираи талаботи он ба роҳ мондаанд. Ба дурустӣ эҳсос шуд, ки қонун на танҳо ба танзими расму оинҳо мусоидат намуд, балки ҳамагонро ба фарҳанги рӯзгордорӣ, ҳифзи арзишҳои милливу суннатҳои мардумӣ ҳидоят намуд.
Вале, бо вуҷуди дастовардҳои қобили мулоҳиза, дар низоми оростани ҷашну маъракаҳо камбудиҳо пурра аз байн нарафтаанд ва ҳолатҳои риоя нагардидани меъёрҳои қонуну зиёдаравии афроди гуногун низ ба чашм мерасанд, ки мо онро дар таҷрибаи судӣ мушоҳида намудем. Баррасии се парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ дар робита ба риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ахиран дар суди шаҳр сурат гирифт, далели ин гуфтаҳост.
Аз ин рӯ, вобаста ба пешгирии ҳар навъ қонуншикании вобаста ба танзим судяҳои суди шаҳри Исфара бо мардум суҳбату вохӯриҳо ташкил намуда, перомуни моҳияти он корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд. Гузашта аз ин, дар маҳалҳои гуногун маҷлисҳои сайёри судӣ ба роҳ монда, дар ҷараёни он, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ва  паёмади риоя накардани талаботи қонунро матраҳ намуданд, ки аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Дар суҳбат бо сокинони касбу кори гуногун таъкид шуд, ки муҳтавои матни қонун аз мушкилу муаммоҳои зиндагии иҷтимоӣ сарчашма гирифта, ҳадафи аслии он ҳифзи ҳамаҷонибаи манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии мардуми кишвар аст.
Бо назардошти он ки қонуни мазкур ҷашну маросим ва суннатҳои диниву мардумиро бар пояи арзишҳои миллӣ танзим намуда, дар ҷомеа ислоҳоти маънавиро асос гузоштааст, бояд ҳамагон дар татбиқи босамари минбаъдаи он низ даст ба кор бошем ва бо иҷрои талаботи қонун барои худу дигарон зиндагии шоистатеро таъмин созем.
Комилҷон ҒАНИЗОДА,
судяи суди шаҳри Исфара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2017    №: 213    Мутолиа карданд: 1671
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед