logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои cарони давлатҳои ИДМ дар ҳайати васеъ, Федератсияи Русия, 11 октябри соли 2017

Муҳтарам Раис!
Ҳамтоёни муҳтарам!
Пеш аз ҳама, мехоҳам ба ҷониби Русия ва ба Президент Владимир Владимирович Путин барои меҳмоннавозии гарм ва ташкили сатҳи баланди ҷаласа изҳори миннатдорӣ намоям.
Рӯзномаи ҷаласаи мо масъалаҳои муҳимро фаро мегирад ва мо қабули қарорҳои дахлдорро барои ҳалли онҳо тасдиқ мекунем.
Барои дастгирии қарор вобаста ба гузариши раёсат дар Иттиҳод ба Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдориамонро изҳор медорам. Аз ҷониби мо Консепсияи раёсати Тоҷикистон ва нақшаи татбиқи он таҳия карда шудааст. Афзалиятҳои раёсати мо ба таъмини муттасилӣ дар Иттиҳод ва таҳкими натиҷаҳои то имрӯз бадастомада равона карда мешаванд.
Дар самти ҳамгироии иқтисодӣ кӯшишҳо ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи марҳилаи сеюми Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2020 равона хоҳанд шуд.
Дар соҳаи энергетика тақвияти кӯшишҳо оид ба ҷонноккунии ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои сарфаи энергия ва барқарорсозии фаъолияти мувозии низоми электроэнергетикии давлатҳои иштирокдори ИДМ ҳадафи афзалиятнок мегардад. Дар баробари ин, мо тасмим дорем, ки ҳамкориро дар азхудкунии манбаъҳои барқароршавандаи энергия рушд диҳем.
Дар соҳаи нақлиёт ба татбиқи Самтҳои афзалиятноки ҳамкории давлатҳои иштирокдори ИДМ дар ин соҳа барои давраи то соли 2020 диққати махсус дода мешавад. Ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкории байни кишварҳоямонро дар соҳаи интиқоли мол, ҳамлу нақли автомобилӣ ва роҳи оҳан зарур мешуморем.
Дар соҳаи кишоварзӣ ба чорабаниҳое, ки ба пешбурди масъалаҳои амнияти озуқаворӣ нигаронда шудаанд, афзалият дода мешавад. Барои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи комплекси агросаноатӣ ба масъалаҳои логистикӣ ва татбиқи лоиҳаҳо оид ба қабули қарорҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои гуногун таваҷҷуҳ зоҳир кардан зарур аст.
Яке аз вазифаҳои муҳим рушди ҳамкорӣ дар соҳаи муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ ва муҳоҷират мебошад. Дар соҳаи гуманитарӣ кӯшишҳо ба самти ҳамоҳангсозии амалҳо дар соҳаи илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва иттилоот равона хоҳанд шуд.
Бо муҳтавои сифатан нав мукаммал сохтани кор бо ҷавонон, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тавсеаи робитаҳои сайёҳиро муҳим мешуморем.
Таваҷҷуҳи зарурӣ ба татбиқи Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионӣ барои давраи то соли ду ҳазору бист равона хоҳад гашт.
Дар соҳаи экология ва ҳифзи муҳити зист кор дар самти таҳияи ҳуҷҷатҳо ва барномаҳои дахлдор, ки ба беҳтар намудани муҳити зист ва  огоҳ намудан аз ҳолатҳои фавқулода равона шудаанд, идома хоҳад ёфт.
Таҳкими минбаъдаи ҳамкориро дар соҳаи рафъи оқибатҳои офатҳои хусусияти табиӣ ва техногенидошта муҳим мешуморем.
Масъалаҳои таъмини амният ва субот дар давраи раёсати Тоҷикистон чун аввалия боқӣ мемонанд.
Мо бо ҳар тарз ба татбиқи амалии қарорҳо ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ доир ба мубориза бо таҳдидҳо ва хатарҳо, ки дар доираи Иттиҳод қабул шудаанд, мусоидат мекунем. Ин, терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар навъҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мебошанд.
Дар самти мукаммал сохтани фаъолияти мақомоти ИДМ кор дар асоси Дастурамали умумӣ дар бораи мақомоти ҳамкории соҳавии ИДМ ва татбиқи Қарори Шӯрои сарони давлатҳо доир ба мутобиқсозии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба воқеиятҳои муосир идома дода мешавад.
Дар самтҳои зикршуда мо ният дорем, ки бо ҳамаи кишварҳои иштирокдор ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ҳамгироии мутақобилаи зич ба роҳ монем.
Изҳори бовар менамоям, ки кӯшишҳои муштараки мо ба таҳкими муносибатҳои бисёрҷонибаи миёни кишварҳоямон дар доираи Иттиҳод мусоидат хоҳанд кард.
Барои таваҷҷуҳатон ташаккур.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2017    №: 213    Мутолиа карданд: 2580
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед