logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳо Ғуфрон Бойматов - узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
ва Мунира Айдармамадова, ҳуқуқшиноси калони Бюрои давлатии ҳуқуқии шаҳри Хоруғи Вилояти
Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд,
метавонанд бо телефони 238 - 54 - 16 ба мо муроҷиат намоянд.
- Байни ману хоҳарам вобаста ба тақсими манзили истиқоматии марҳум модарам баҳс ба миён омада, ман баҳри ҳифзи ҳуқуқҳоям ба суд муроҷиат намудам. Зеро хоҳарам пас аз вафоти модарам бе розигии ман манзилро ба номаш ба расмият даровардааст. Дар рафти баррасии судии парванда ӯ розӣ шуд, ки ҳиссаи маро аз манзили меросӣ ихтиёран ҷудо менамояд.
Ҳамин тариқ, баррасии парванда бинобар аз байн рафтани баҳси мавҷуда дар асоси аризаи ман оид ба даст кашидан аз даъво қатъ карда шуд. Айни замон, дар идораи нотариалӣ барои ба расмият даровардани ҳиссаи ман аз мо ҳалномаи  судӣ талаб карда истодаанд. Дар дасти ман танҳо таъйиноти суд оид ба қатъ кардани парванда мавҷуд асту халос. Бигӯед, ки дар ин ҳолат чӣ тавр ҳиссаи меросиамро ба номам ба расмият дарорам?
 
Абдурасул Турдиев,
сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

- Дар чунин ҳолат барои барасмиятдарории ҳиссаи меросии шумо мавҷуд будани ҳалномаи судӣ зарурият надорад. Зеро аз гуфтаҳои шумо маълум мешавад, ки хоҳаратон манзили истиқоматии меросиро ба номаш ба расмият дароварда, айни замон соҳибмулки манзили зист маҳсуб меёбад. Тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон молик ҳуқуқи озодона соҳибӣ, истифодабарӣ ва ихтиёрдории молу мулкашро дорад.
Хоҳаратон метавонад дар идораи нотариалӣ ҳиссаи меросиатонро дар асоси Шартномаи ҳадя ба расмият дарорад.

* * *
- Оё ворис ҳуқуқ дорад, ки аз мерос даст кашад?
А. Шоҳидарёева,
сокини шаҳри Хоруғ

- Мувофиқи моддаи 1179 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ворис ҳуқуқ дорад дар давоми шаш моҳ, аз рӯзе, ки ӯ дар бораи ба меросгирӣ даъват шуданаш донист ё бояд медонист, аз мерос даст кашад. Ҳангоми мавҷуд будани сабабҳои узрнок ин муҳлатро суд метавонад на бештар аз ду моҳ дароз намояд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2017    №: 214    Мутолиа карданд: 1683
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед