logo

ҳуқуқ

ГУМРОҲӢ. ПАНҶ ҶИНОЯТКОРИ ХАВФНОК ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28 сентябр, таҳти раёсати судяи Суди Олӣ Муҳаммад Ҷалолиддин Кенҷазода парвандаи ҷиноятиро нисбат ба сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа Шарифҷони Зокир, Раҷабҷони Зокир, Равшан Файзиев, Рустамҷон Амирхоҷаев ва сокини шаҳри Душанбе Саъдӣ Саидов мавриди баррасӣ қарор дод.
Маҳкумшуда Шарифҷони Зокир барои он гунаҳгори асосӣ дониста мешавад, ки мунтазам ба сомонаҳои интернетии аъзои иттиҳоди экстремистӣ ва террористии «Давлати исломӣ» кор гирифтааст. Сипас,  дар телефони мобилии худ барномаҳои «Зелло» ва «Телеграмм»-ро сабт намуда, дар онҳо худро бо номи «Умари Хуросонӣ» муаррифӣ кардааст. Баъдан, ӯ бародари ноболиғаш Раҷабҷони Зокир, писарамакаш Рустамҷон Амирхоҷаев ва шаҳрванд Равшан Файзиевро барои иштирок ба ҳайати иттиҳоди ҷиноятии мазкур ва таблиғи он ҷалб намудааст.
Шарифҷони Зокир моҳи сентябри соли 2015 ба воситаи барномаи «Зелло» бо аъзои фаъоли ин гурӯҳи террористӣ бо лақаби «Хаттаб» робита барқарор карда, супориш гирифтааст, ки барои ташвиқи «Давлати исломӣ» парчами онро аз матоъҳои ранги сиёҳ ва сафед ба андозаи 80х50 сантиметр тайёр намояд. Ӯ ин корро бо бародараш Раҷабҷони Зокир дар як муддати кӯтоҳ анҷом медиҳад. Баъд парчами «Давлати исломӣ» - ро бо  Равшан Файзиев ба теппаи «Қӯрғон» ва боғи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа бурда, бо намоиш додани он дар саҳни шаҳр якчанд сурат гирифта, ба «Хаттаб» мефиристад.
Роҳбарони иттиҳоди ҷиноятӣ аз ин амали ӯ қонеъ гашта, ба номбурда супориш медиҳанд, ки дар асоси дарсҳои интернетии гирифтааш, таҷҳизоти таркандаи озмоишӣ омода созад. Моҳи декабри соли гузашта ӯ тибқи дастур  амал карда, таҷҳизоти таркандаи сохтаашро дар ҷои беодам ба кор даровард ва лаҳзаи таркишро ба аъзои фаъоли «Давлати исломӣ» ирсол намуд. Бар ивази ин, роҳбарони ин гурӯҳи ҷиноятӣ ба ӯ ва ҳаммаслаконаш тавассути низоми интиқоли маблағи пулии электронии ҶДММ «Яндекс - денги» 6000 рубли русӣ интиқол додаанд.
Баъди дастрас кардани маблағ Шарифҷони Зокир якчанд амали террористӣ анҷом дод. Пас аз анҷом додани амалҳои террористӣ, пайхас намуд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир ба кирдорҳои зиёда аз 1 - солааш маълумот пайдо кардаанд, ба шаҳри Душанбе омада, ба хоҷагони худ дар ин хусус хабар дод. Аъзои фаъоли созмони террористии «Давлати исломӣ», ки бо ӯ ҳамеша дар тамос буданд, ба Саъдӣ Саидов, узви дигари гурӯҳи ҷиноятӣ супориш медиҳанд, ки барои аз Душанбе баромада рафтанаш мусоидат намояд. Зимни додани пул ҳам Саъдӣ Саидов ва ҳам Шарифҷони Зокир аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуданд.
Мувофиқи ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шарифҷони Зокир ҷазои ниҳоӣ - якумра аз озодӣ маҳрум сохтан, ба Раҷабҷони Зокир ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати панҷ сол, ба Равшан Файзиев ҷазои ниҳоӣ - маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати чордаҳ сол, ба Рустамҷон Амирхоҷаев ҷазои ниҳоӣ - маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати сенздаҳ сол ва ба Саъдӣ Саидов ҷазои ниҳоӣ - маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати понздаҳ  сол таъйин карда шуд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2017    №: 214    Мутолиа карданд: 1629
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед