logo

маориф

РАШТ. БАРОИ РУШДИ МАОРИФ ТАЛОШ МЕВАРЗАНД

Дар ноҳияи Рашт  тайи се соли охир дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ  11 бинои нави таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, сохтмони ду бинои таълимии дигар ва  20 синфонаи иловагӣ идома дорад.
Зумрат Лоиқова, муовини раиси ноҳияи Рашт, изҳор дошт, ки бо мақсади пурра ба таҳсилу тарбия фаро гирифтани кӯдакони синни мактабӣ, аз ҷумла ҷалби духтарон ба таълим баъди хатми синфи 9 ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои омӯзгорону хонандагон дар давоми се соли охир 6 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ба  умумии асосӣ ва 6 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ба миёнаи умумӣ табдил дода шуда, як муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ таъсис ёфт. Дар назди муассисаҳои таълимӣ 27 кабинети фаннии  бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳазгардида амал мекунад.
Ба гуфти З. Лоиқова дар ноҳия ба масъалаи тарбияи томактабӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Ҳоло дар шаҳракҳои Ғарм ва Навобод ду боғчаи бачагона бо фарогирии 103 нафар кӯдакони синни 5 - 6 сола амал мекунад ва дар назди 38 муассисаи таълимӣ марказҳои инкишофи кӯдакон таъсис ёфтаанд. 
Ба таълиму тарбияи кӯдакони имконияташон маҳдуд низ диққати махсус дода мешавад. Ҳоло шумораи кӯдакони маъюб дар ноҳия 64 нафарро ташкил медиҳад. 59 нафари онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 5 нафари дигар дар шароити хона ба таълим фаро гирифта шудаанд.
Дар назди шуъбаи маориф барои кӯдакон ва наврасон маркази таҳсилоти иловагӣ таъсис ёфтааст, ки он дорои 9 маҳфил буда, 386 нафар хонандаро фаро гирифтааст. Барои маркази рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маориф аз ҳисоби биноҳои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ду синфхона ва як дафтари корӣ ҷудо гардид.
Дар ноҳия ба таъмини хонандагон бо сарулибоси мактабӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Корхонаҳои дӯзандагии ноҳия 8938 нафар хонандаро бо сарулибоси мактабии хушсифат ва аз ҳама муҳимаш бо нархи дастрас таъмин намуданд.
Вобаста ба гузариш ба низоми нави роҳбарӣ ва таълими салоҳиятнок 72 нафар директори муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 462 нафар омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, 210 нафар омӯзгори фанни забону адабиёти тоҷик, 200 нафар омӯзгори фанни математика, 83 нафар омӯзгори фанни технология, 2 нафар омӯзгори хонандагони имконияташон маҳдуд аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд.
- Ба масъалаи таъмини омӯзгорони ҷавон бо манзили истиқоматӣ ва қитъаи замини наздиҳавлигӣ авлавият дода мешавад.  Дар арафаи иди касбиашон 216 нафар омӯзгори ҷавон бо ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатию шуъбаи маориф ва туҳфаҳою маблағҳои пулӣ қадр карда шуданд. Умед дорем, ки омӯзгорон низ ба қадри ин ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, ки аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллатамон маншаъ мегирад, мерасанд ва дар тарбияи насли ояндасози ҷомеа софдилона талош меварзанд, - гуфт Зумрат Лоиқова.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2017    №: 214    Мутолиа карданд: 2270
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед