logo

туризм

ТОҶИКИСТОН – САРЗАМИНИ САЙЁҲӢ

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ, аз ҷумла заминаи мусоид барои таъсиси ҷойҳои корӣ, рушди соҳибкорӣ буда, муаррифгари фарҳангу таърихи ғании кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Тоҷикистони азиз бо иқлими созгор, обу кӯлҳо, чашмаҳои мусаффову шифобахш, меваҳои шаҳдбор, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, набототу ҳайвонот ва манзараҳои беназири табиаташ макони беҳтарини сайругашт аст. Захираҳои сайёҳии кишвар барои рушди навъҳои гуногуни туризм, аз қабили экологӣ, фарҳангию таърихӣ, муолиҷавӣ, кӯҳнавардӣ, шикор ва сайругаштӣ имконияти фарохеро фароҳам овардаанд.
Ин матлабро Давлаталӣ Саид, муовини якуми Сарвазири мамлакат, зимни конфронси байналмилалие, ки таҳти унвони «Тоҷикистон – сарзамини сайёҳӣ» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, иброз дошт. Зикр гардид, ки узвияти мамлакат ба Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ аз соли 2007 барои пешрафти соҳа заминаи мусоид фароҳам овард. Дар ин радиф, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои туристии кишвар афзуда, симои Тоҷикистон ҳамчун мамлакати дорои захираи бузурги ин соҳа муаррифӣ гардид.  Дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эълон  шудани Тоҷикистон аз ҷониби оҷонсии иттилоотии ВВС ва ба 10 роҳи зеботарини дунё шомил гардидани шоҳроҳи Помир далели ин гуфтаҳоянд.
Чуноне Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба иқтисод ва молия, гуфт, рӯз ба рӯз шумораи сайёҳони хориҷӣ дар кишвар  меафзояд ва боиси хушнудист, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди онҳо 10 дарсад афзудааст. Бо назардошти захираҳои таърихию  фарҳангии  кишвар ЮНЕСКО ва Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Тоҷикистонро ба Барномаи тарғиби мероси таърихии давлатҳои Шоҳроҳи бузурги абрешим шомил намуд, ки иштирок дар ин барнома барои ҳамчун мавзеи туристӣ муаррифӣ намудани иншооти таърихии кишвар замина мегузорад.
Коршиноси байналмилалӣ оид ба  идоракунии хат- сайрҳо ва  рушди устувори сайёҳии  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Бриан Муллис бар он аст, ки вақте сухан аз рушди бомароми туризм меравад, нақлиёт ва нақши онро барои пешрафти кор зикр кардан бамаврид аст. Яъне, агар нақлиёти дар бозори туризми мамлакат ширкаткунанда шароити мусоиди ҳамлу нақл, қабул ва гусели сайёҳонро дар як муддати муайян ва бо нархи дастрас надошта бошад, эътимод низ коста мегардад. Аз ин рӯ, бо бовари комил метавон гуфт, ки нақлиёт яке аз воситаҳои муҳими ривоҷу равнақи иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, метавонад дар густариши ҳама гуна бахшу соҳаҳо, хусусан соҳаи сайёҳӣ, саҳми бориз гузорад. Агар Тоҷикистон хизматрасонии нақлиётиро дар тамоми манотиқ ба сайёҳон таъмин намояд, нуфузаш дар бозори байналмилалии туризм боло меравад, ки ин барои ҷалби бештари сайёҳон мусоидат хоҳад кард.
Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии экологӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Зеро дар қаламрави кишвар беш аз 900 комплекси табиӣ, 100 осоишгоҳу базаҳои туристӣ ва минтақаҳои истироҳатӣ мавҷуданд, ки аксарияти онҳо дар кӯҳистон, дар назди чашмаҳои гарму маъданӣ ҷойгиранд. Ба ҷуз ин, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ яке аз омилҳои ҷалби сайёҳон ба кишвар аст. Вале имрӯз иқтидори сайёҳии мамлакат ба пуррагӣ омӯхта нашудааст. Зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисони байналмилалӣ тамоми намудҳои туризм омӯхта шаванд. Ташкили хатсайрҳои туристӣ ба минтақаҳо, ҷалби сармоягузорони дохилӣ ҷиҳати ҳифзу нигоҳдории олами набототу ҳайвоноти нодир, гузарондани чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ байни аҳолӣ аз тадбирҳои ҳалталаби пешрафти соҳа мебошанд. Дар баробари ин, омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори туризми байналмилалӣ аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Зеро баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва рушди ҳамаҷонибаи соҳа аз коршиносон вобастагии амиқ дорад.
Яке аз масъалаҳои мубрами дигар дар воситаҳои ахбори омма, бахусус шабакаи интернет, дастрас набудани маълумоти кофӣ дар бораи мавзеъҳои туристии Тоҷикистон мебошад. Бо пешниҳоди иттилооти бештар дар мавриди таъмини бехатарӣ, имкониятҳои техникӣ ва захираҳои табиии кишвар метавонем таваҷҷуҳи сайёҳонро ба мамлакат ҷалб намоем.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, Комрон САФАРОВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2017    №: 214    Мутолиа карданд: 2705
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед