logo

ҳуқуқ

ИМТИҲОНИ ҶАВОНМАРДӢ

Имрӯз ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ  ифтихор бояд дошта бошад, ки дар як ҷаҳони печидаи сиёсатҳои гуногуни давлатҳои абарқудрат  дар фазои сулҳу осоиш таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон зиндагонӣ  менамояд. Албатта, яке аз бахшҳои асосии давлатдорӣ, ки дар пойдор будани сулҳу оромӣ хизмат менамояд, ин артиши  миллист.

 Ҳимояи марзу буми ин кишвари соҳибистиқлол, ҳимояи  нангу номуси модар, хоҳар, фарзанд, ҳамсар ва дар умум, як миллат маҳсуб меёбад. Ҳамаи бузургсолон,  махсусан волидон вазифадоранд, ки оид ба арзиши бебаҳои хизмат ба Ватан ба насли ҷавон насиҳатҳо бикунанду маслиҳатҳо бидиҳанд.
Аммо бархе аз волидайнро   дидам, ки  ба фарзандонашон мегуфтанд: «Агар нахонӣ, ба хизмати ҳарбӣ мефиристамат».
Шояд волидайне, ки чунин мегӯянд, то ҳол дарк накарданд, ки пойдории сулҳ ва  ҳаёти оромии  ҳаррӯзаи онҳо  бар асари ҳамин гуна хизмат аст. Ва ё онҳо ҳеҷ гоҳе дур аз Ватан намондаву ғурбатро начашидаанд.
Замоне ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Аврупо рафта будам. Рӯзе меҳмони як соҳибкори муваффақ дар касбу кори худ шудам. Номаш Ҳасан буд. Хонааш дуошёнаи бисёр замонавии зебо дар лаби баҳр ҷойгир. Ҳамсараш дар беморхона кору фаъолият мекард. Маоши онҳо  қариб, ки ба 5000  доллари амрикоӣ мерасид. Ӯ, ки форсзабон буд,  оид  ба  табиати зебои Тоҷикистон ва  Ҷашни Наврӯз  бо ҳасрат  аз мо мепурсид  ва мо бо як ифтихор ба саволҳояш ҷавоб мегуфтем. «Шумо шахси муваффақ ва хушбахт будаед, ки дорои чунин хонаву ҷои кор шудаед», - гуфтем ба ӯ. Ҳасан дар ҷавоб гуфт: «Ман муваффақ ҳастам, аммо хушбахт не. Агар падару модарамро пазмон шавам, ду рӯз кофист, ки онҳоро аз Ватан ба ин ҷо  биёрам, аммо афсӯс, ки солиёни дароз ватанамро пазмонаму онро ба ин ҷо оварда наметавонам. Ман хонаеро, ки дар он калон шудаам, он кӯчаи хоколудеро, ки  дар  овони кӯдакиам даву тоз мекардам, он ҷӯйборакеро, ки аз назди хонаи мо мегузашт, пеши назар меораму ашк мерезам». Дар ин ҳол чашмони  мо пур аз об шуду дилҳоямон озурда. Мо ҳам  хона ва кӯчаи хоколуди худро пазмон шуда будем.
 Ҳамчун  як фарди Тоҷикистон тамоми ҷавонон ва махсусан онҳоеро, ки дар хизмати ҳарбӣ қарор доранд, гуфтанӣ ҳастам, ки шумо насли шуҷоу далер ва ватандӯстед. Пас, биёед дар татбиқи сиёсати созандаву сулҳҷӯёнаи давлату  Ҳукумати худ пешсаф бошем. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат ба худу модари худ, хизмат ба Ватан аст. 
Саидкарим РАҲИМОВ,
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2017    №: 214    Мутолиа карданд: 1815
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед